Таъсиси корхонаи махсуси роҳсозӣ дар Бадахшон

Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири таъмири роҳҳо дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ниҳоди махсус таъсис додааст.

Аз дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт ба TojNews гуфтанд, КВД “Бадахшонроҳсоз” бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти №193 аз 30-юми апрели соли равон таъсис дода шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ҳадаф аз ташкили ин корхона “беҳтар намудан ва сари вақти бартараф намудани офатҳои табии, ҳамзамон сохтмон ва таъмири роҳҳои автомбилгард ва иншооти он” мебошад.

КВД “Бадахшонроҳсоз” дар тобеияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон фаъолият карда, самти асосии он иҷрои корҳои роҳсозӣ таҷдиду таъмири роҳҳои автомобилгард ва иншооти он мебошад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?