Таъсиси аввалин медалҳои журналистӣ дар Тоҷикистон

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон эълон кард, ки барои рушди матбуот ва маҳорати касбии рӯзноманигорон медали ба номи “Акбари Саттор” ва “Овози тоҷик”-ро таъсис додааст.

Дар рӯи медали “Акбари Саттор” акси раҳбари собиқи Иттиҳоди журналистон мунъакис шудааст. Акбари Саттор, рӯзноманигори баноми тоҷик, муассиси иттиҳодияи “Чархи гардун” зарфи ин даҳ соли охир Иттиҳоди журналистони кишварро сарварӣ мекард. Соле пеш дар синни 50-солагӣ оламро тарк кард. 

Медали “Овози тоҷик” ба ифтихори нашрияи машҳури “Овози тоҷик”, ки аз ҷумлаи аввалин нашрияҳои тоҷикии Бухоро ба шумор меравад, таъсис шудааст. Аз Иттифоқи жуналистон гуфтанд, ки ин медал баро маҳорати касбии рӯзноманигорон эъто мешавад.

Бино ба гуфтаи манбаъ қарор аст дар назиктарин фурсат аз таъсиси медали дигаре бо номи “100-солагии матбуот” хабар дода шавад. Ин медал ба онҳое дода хоҳад шуд, ки нашрияҳо таъсис додаанд ва рӯзноманигоронро ҷалб кардааст ва дар таҳияи чопхонаҳо саҳм гирифтаанд.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон то кунун барои ҳавасманд кардани рӯзноманигорон ва қадршиносии онҳо чандин ҷоизаҳо дошт, ки муҳимтарини он ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба шумор меравад. Ҳоло талош бар он доранд, ки ин ҷоиза мақоми давлатӣ гирад, то арзишаш ва маъруфияташ боло равад.

Ҳарчанд таъсиси медалҳо барои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ибтикори тоза аст, дар вазъе амалӣ мешавад, ки матбуоти мустақили тоҷик ҳоли баде дошта, аксари расонаҳо гирифтори буҳронанд.   

Шояд шумо суол ё назаре доред?