Таъсири манфии Агентии беҳдошти замин ба “Барқи тоҷик”

Кам пардохт кардани маблағи нерӯи барқ аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ба вазъи молии ширкати “Барқи тоҷик” бетаъсир намондааст.

Ба гуфтаи Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик”, соли гузашта корхонаҳои Агентии беҳдошти замин ба маблағи 29,5 миллион сомонӣ барқ истифода намуда, танҳо 2,3 миллион сомонӣ (7,8 %)-и онро пардохт карданд.

Дар “Барқи тоҷик” мегӯянд, “новобаста аз дастгириҳои соҳаи хоҷагии оби ҷумҳурӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки маблағи қарзии Агентии мазкур ба маблағи 242,9 миллион соомнӣ ҳисоббаробаркунӣ шуда, аз соли 2010 то инҷониб нисбати онҳо тарифи имтиёзнок татбиқ шуда истодааст, вале ҳоло ҳам сатҳи пардохти маблағ аз ҷониби ин ниҳод хеле паст аст.”

Ба гуфтаи раиси ширкати “Барқи тоҷик”, “пардохт нашудани маблағ аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ба вазъи молиявии ширкат таъсири манфӣ расондааст.”

Кам пардохт шудани маблағ аз ҷониби Агентии беҳдошти замин дар ҳоле боис ба бад шудани вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” шудааст, ки ин Агентӣ дар рӯйхати калонтарин қарздорони андоз низ яке аз пешсафҳо аст. Корхонаҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз андоз 28 миллион сомонӣ қарздор мебошанд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?