Тамбашавии мошинҳо дар чанд минтақаи Душанбе

Манъ шудани ҳаракат дар роҳҳои марказии Душанбе боиси тамбашавии мошинҳо дар чанд нуқтаи пойтахт шудааст.

Ба гуфтаи сокинон, ингуна тамбашавии мошинҳо дар гардиши Сирк ба амал омадааст.

Як ҳамсуҳбати мо мегӯяд, 40 дақиқа аст, ки онҳо мунтазири кушода шудани роҳ мебошанд. “Мегӯянд, роҳҳои марказӣ маҳкам аст ва бояд мунтазири кушода шудани онҳо шавем.”

Қаблан Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон эълон карда буд, ки давоми ду рӯз ҳаракат дар чанд роҳи пойтахт маҳдуд карда мешавад.

Бино ба иттилои БДА,  “санаи 4-5-уми сентябри соли ҷорӣ аз соати 08:00 то соати 10:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз самти Донишгоҳи аграрӣ то муҷассамаи Садриддин Айнӣ, аз самти Қараболо то муҷассамаи И.Сомонӣ ва аз «Боғи Ғалаба» то кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур (меҳмонхонаҳои «Тоҷикистон») манъ карда мешаванд.”

Манбаъ мегӯяд, ин тасмим ба хотири гузаронидани машқу тамринҳои вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо барои роҳпаймоӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гирифта шудааст.

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?