Талаби Бузургмеҳр Ёров аз суд: Ҷабрдидаҳо, хату садошинос ва исломшиносро ба суд биёред

Мурофиаи судии Бузургмеҳр Ёров, адвокати маъруф ва Нуриддин Маҳкамов - ҳампарвандаи ӯ, ки соати 11:30 дар суди ноҳияи Фирдавсӣ, таҳти раисии Судяи Суди шаҳри Душанбе Асомиддин Бобохонзода шуруъ шуд, то соати 14:00 ба таъхир афтод. 

Бино ба иттилои хабарнигори TojNews, ки дар толори суд ҳузур дошт, сабаби ба таърих афтодани мурофиа эроду талабҳои адвокат Бузургмеҳр Ёров шудааст.  

Бузургмеҳр Ёров аз судя Бобохонзода талаб кардааст, ки барои баррасии одилонаи парвандааш бояд тамоми 18 нафар аз ҷабрдидагонро ба толор ҳозир кунанд. Ҳамчунин, судшаванда аз судя талаб кардааст, ки ба мурофиа экспертҳои хатшинос, ташхисгарони садо ва исломшиносон таъмин гарданд.   

Хабарнигорон, намояндагони созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Магус Солнсон, муовини раҳбари миссияи Иттиҳоди Аврупо, намоянда аз Сафорати Олмон ва наздикони адвокат, ки имрӯз аз соати 10:00 назди бинои суд интизор буданд, ба мурофиа ворид шуда буданд. 

Мурофиаи Бузургмеҳр Ёров, ки вакили дифоъи 13 тан аз боздоштшудагони ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъшудаи наҳзати исломӣ буд, кушод эълон шудааст. 

Дар мурофиаи ахир 11-уми май баъди чанд эроди адвокат дар мавриди нақзи қонун дар он мурофиа, суд баррасии парвандаро ба 13-уми май вогузор карда буд. 

Бузургмеҳр Ёров, ки ба 18 ҳолати қаллобӣ муттаҳам мешавад, худро бегуноҳ ва парвандаро сиёсӣ медонад. Вай зимни баррасии парванда, ба камсалоҳиятии судя рӯирост ишора карда, бо либоси рамзии адвокатӣ ширкат мекунад. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?