Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар самти мубориза бо терорризм

Миёни Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, 15-уми апрел Рамазон Раҳимзода ва ҳамтои қирғизаш Мелис Турганбаев тавофуқномаҳои нави ҳамкориро ба имзо расониданд, ки фарогири чандин масъалаҳо аст. 

Тавофуқномаҳои мазкур масъалаҳои ҳамкории мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ, терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, тақвият бахшидани ҳамкориҳо, ташкил ва баргузории мусобиқаҳои варзишӣ байни кормандони милитсияи Тоҷикистону Қирғизистон, мусоидат намудан дар самти дастгиркунии ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарор доштаро дарбар мегирад.

Ҳамчунин ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки дар оянда соле як маротиба ҷаласаи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон гузаронида мешавад.

Copyright © 2016 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?