Таҳдиди то шаш моҳи ҳабс барои буридани ду дарахт

Ба як ҷангалбон дар ноҳияи Ҳисор барои ғайриқонунӣ буридани ду дарахт то шаш моҳи ҳабс таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Бобокалонов А.К. бо суиистифода аз мақоми хизматӣ худсарона ду адад дарахти дар сабзиш қарордоштаи навъи Акатсияро ғайриқонунӣ буридааст.

Манбаъ мегӯяд, бо ин амалаш ҷангалбон ба  хоҷагии ҷангали ноҳияи Ҳисор як ҳазору 560 сомонӣ зарар расонидааст.

Нисбати Бобокалонов А. К. бо моддаи 234 қисми 2 (Ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шудааст.

Бино бар хулосаи тафтишоти пешакӣ, ба ин ҷангалбон ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё ҳабс ба мўҳлати аз ду то шаш моҳ таҳдид мекунад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?