Таҳдиди исломбадбинон ба Надия Ҳусейн, мусалмонбонуи маъруфи Бритониё

Бонуи мусалмон Надия Ҳусейн, ғолиби шоубарномаи маъруф дар Бритониёи Кабир “Great British Bake Off” аз сӯи исломбадбинони ин кишвар мавриди таҳдид қарор гирифтааст.

Ӯ гуфтааст, ки баъди ғолибият дар даври ниҳоии шоубарномаи мазкур ба таҳдидҳои исломбадбинон дар ин кишвар рӯ ба рӯ шуд.

Ба гуфтаи Надия, модари се фарзанд баъди таҳдиди исломбадбинҳо кормандони пулис атрофи манзили зисти ӯро муҳофизат мекунанд. Нашрияи The Daily Mail навиштааст, ки нисбат ба ин бону ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ тавҳинҳои нажодпарастона ва таҳдид кардаанд.

“Талош мекардам, ки ба ҳамаи ин таваҷҷуҳ накунам. Аммо шавҳарам ҳамаи он чизеро, ки навиштаанд, хонд”, - нақл кардааст Надия Ҳусейн.

“Хеле тарснок аст, аммо фарзандони ман дар ҳаяҷонанд, “о-о-о полис” гуфта фарёд мекунанд”, - мегӯянд ин бону.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?