Таъини раисони нав дар 2 бозори калонтарини пойтахт

Шаҳрдори Душанбе дар 2 бозори калонтарини пойтахт раисони нав таъин кард.

Тибқи қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, Саймаҳмуд Муминов, директори “Бозори Шоҳмансур ва Зиёвуддин Наҷмиддинов, директори “Бозори Деҳқон” таъин шуданд.

Бахтиёр Лақаев, собиқ директори “Бозори Шоҳмансур” 11-уми июли соли равон дар пайи камбудии сабзӣ дар ин бозор аз мақомаш барканор шуда буд.

Ҳамчунин тибқи қарорҳои дигари шаҳрдорӣ,  Хуршед Кабиров – мудири шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия таъин шуда, Шералӣ Хушзода аз вазифаи сардори Муассисаи давлатии “Раёсати обёрӣ” озод шуд. Ба ҷои Хушзода ба ин вазифа Нурулло Алиев таъин гардид.

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?