Таъхир дар нишасти хабарии Вазорати корҳои хориҷӣ

Нишасти хабарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бинобар сабаби дар сафари корӣ қарор доштани Сироҷиддин Аслов мавқуф гузошта шудааст.

Тибқи нақшаи тасдиқкардаи Дастгоҳи иҷроияи Президент мебоист, пагоҳ 2-юми август нишасти хабарии Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор мешуд. Аммо дар дафтари матбуоти Вазорат мегӯянд, бинобар сабаби дар сафари корӣ қарор доштани Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ ин нишаст мавқуф гузошта шудааст. Масъулини Вазорат ваъда доданд, ки аз таърихи нави нишаст рӯзноманигоронро огоҳ мекунанд.

 2-уми август нишастҳои хабарии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ШСХК “Барқи тоҷик” гузаронида мешавад. 

Нишасти хабарии Вазорати рушди  иқтисод ва савдо дар толори ин ниҳод баргузор мегардад. Дар ин нишаст худи Вазир иштирок надорад.

Оғоз: соати 09:00.

Масъулини ШСХК “Барқи тоҷик” низ дар толори худ ба суолҳои хабарнигорон посух медиҳад.

Оғоз: соати 15:00.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?