Таъхир дар мурофиаи судии наҳзатиҳои боздоштшуда

Мурофиаи судии 13 тан аз масъулони ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ ба вақти номуайян ба таъхир гузошта шудааст.

Наздикони аъзоёни ҲНИТ дар сӯҳбат ба TojNews гуфтанд, бояд рӯзи сешанбе, 29-уми март мурофиаи судӣ баргузор мешуд, аммо масъулини суд гуфтаанд, ки мурофиа ба вақти дигар гузаронда шудааст.

“Мо назди суд рафтем, аммо гуфтанд, ки имрӯз мурофиа намешавад, сабабашро низ нагуфтанд. Ҳоло маълум нест, ки мурофиаи навбатӣ кай баргузор мегардад,”-мегӯянд наздикони маҳкумшудагон.

Мурофиаи мазкур дар ҳоле ба таъхир гузошта мешавад, ки қонуни нав дар бораи адвокатҳо аз 29-уми март ба амал даромад. Тибқи қонуни нав адвокатҳо баъди супурдани имтиҳон аз ҷониби вазорати адлия мақоми адвокатӣ хоҳанд гирифт. Ҳоло дар кишвар танҳо 312 нафар ҳуқуқи фаъолияти адвокатиро доранд. Гуфта мешавад, таъхири мурофиа ба амал даромадани қонуни мазкур вобастаӣ дорад.

Баррасии судии  масъулони ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ 9-уми феврали соли равон дар Суди олии Тоҷикистон пушти дарҳои баста шурӯъ шуда буд.

Дар мурофиаи мазкур иттиҳомот алайҳи муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, инчунин аъзоёни Раёсати ҳизб Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов баррасӣ мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон ҲНИТ-ро дар ташкил ва амалӣ гардонидани ҳодисаҳои моҳи сентябр дар кишвар муттаҳам мекунанд. Дар пайи он Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти наҳзатро дар Тоҷикистон мамнуъ ва онро ба феҳрести ҳизбҳои террористӣ шомил кард.

Қаблан Анҷумани "Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ" аз Иттиҳодияи Аврупо, ИМА, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ хостааст то аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб намоянд, ки муҳокимаи аъзоёни ҲНИТ мунсифона ва дар мурофиаи боз баргузор шавад. Ҳамчунин Дэвид Кэй, гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар нишасти хабариаш гуфт, мақомот ба ӯ иҷозаи вохӯрӣ ба боздошшудаҳои ҲНИТ-ро надоданд.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

jumhurii islomii eron ay putin khost ki azoi nahzata sud nakunan mumkin ast ki nahzatiho sud nashavan va ba maidoni siyosat bargardan shoyad bo nomu nishoni digar .... shoyad ba hami xotir inora sud nakesan dar ghayri i kima kai gowsud meshidan
леки ҳами гапа мам шунида бдм ки эрон ҳимоят карданиай наҳзатиёра
dar rasonahi eronu dar axbori rassiya megan masalan shefchenki hamitari gapo ham dora ki nahzatiyo mumkin khalos shavan
Э Парваардигоро ту худ шохид хасти ки инхо бегуноханд. Илохо хвр Чи зудтар рахояшон кун. Худовандо дар дмлипешвои миллат рахму шафкат нисбати ин маэлумини нахзати АТО кун!!!!! Худоё хамаи ун нафароне ки ба президент шаходати дуруг нисбати ин бародарони нахзати додаанд унхоро ба ин чабру зулм гирифтор намо ба хаки номи КОДИРИЮ ЧАББОРИЯТ ва ба хурмати Мухаммаду оли Мухаммад дури мани нолоикро Кабул намо омин омин омин.

Шояд шумо суол ё назаре доред?