Тағйироти кадрӣ, дар мақомоти судӣ, антикоррупсия ва ВКД

Бо фармонҳои Президент дар мақомоти судӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мақомоти дохилӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Розиқзода Хуршед раиси суди ноҳияи Рашт, Усмонзода Шоғуфрон муовини якуми раиси суди вилояти Бадахшон, Бурҳониён Маъруфҷон муовини якуми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Садриддинзода Насрулло муовини раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, Олимзода Улфат Розиқ судяи суди вилояти Хатлон, Одинаев Ҳусайн Нуруллоевич судяи суди иқтисодии вилояти Бадахшон, Холиқзода Абдуҳаким Абдуваҳоб судяи суди ноҳияи Рашт ва Бадалзода Маҳмуд Муҳаммадалӣ судяи суди ноҳияи Ҷиргатол таъин гардиданд.

Инчунин, дар мувофиқа бо Президент як зумра тағйироти дигари кадрӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мақомоти прокуратураю корҳои дохилӣ ба амал баромад.

Ба ин тартиб, Асозода Дороб Абдусалом прокурори вилояти Бадахшон Додоҷонов Умедҷон Муидинович сардори раёсати кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Аваззода Шараф Тавар сардори раёсати амнияти дохилии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва таъин гардиданд.

Ҳамчунин сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Зафарободи вилояти Суғд ва Фархори вилояти Хатлон иваз карда шуданд.

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?