Таҷлили Рӯзи байналмиллалии Йога дар Душанбе (АКС)

Сафоратхонаи Ҳиндустон дар Душанбе Рӯзи байналмиллалии Йогаро ҷашн гирифт.

Бҳарат Бишт, консули Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигори TojNews гуфт, ки соли дуюм аст онҳо Рӯзи байналмилалии Йогаро ҷашн мегиранд.

“Соли 2014 дар Ассамблияи генералии СММ бо пешниҳоди сарвазири Ҳиндустон ҷаноби Модӣ Рӯзи ҷаҳонии Йога муқаррар шуд. Аз 177 кишвари ҷаҳон 173 давлат барои ин рӯз 21-уми июнро интихоб намуданд” – гуфт Бҳарат Бишт.

Ба иттилои ӯ аввалин бор Рӯзи ҷахонии Йога 21 июни соли 2015 қайд шудааст. Аммо имсол, азбаски 21 июн дар Тоҷикистон ба рӯзи корӣ рост омадаст, кормандони Сафорат тасмим гирифтанд онро 25 июн ҷашн гиранд.

Сол аз сол дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи мардум ба Йога зиёд шудаистодааст. Дар Сафоратхонаи Ҳиндустон дарси махсуси Йога ройгон гузаронида мешавад, ки дар он зиёда аз 75 нафар иштирок мекунанд.

Назарҳо

милисахо И карат хеч касро назаданд?

Шояд шумо суол ё назаре доред?