Таҷлили Рӯзи артиши миллӣ дар Бадахшон

Ҳукумати Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилоят, ба муносибати Рӯзи артиши миллӣ дар қисми низомии 01123-и Вазорати мудофиаи ҶТ дар маркази ВМКБ-шаҳри Хоруғ бо ширкати раиси вилоят Шодихон Ҷамшед чорабинии тантанавӣ баргузор шудааст.

Дар ин ҳамоиш бархе аз хизматчиёни ҳарбии гарнизони Хоруғ бо “Ифтихорнома”-и раиси вилоят қадрдонӣ карда шудаанд.

Дар фарчом аз ҷониби сарбозони қисми ҳарбии 01123-и Вазорати мудофиа усулҳои ҷанги тан ба тан манзури ҳозирон гардонда шуд, - мегӯянд дар ҳукумати вилоят.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?