Табиб Фарида Буронова: Сабаби марги Умаралӣ аз сирояти вирус нест, балки ...

Дар бораи марги тифлаки номуроди панҷмоҳаи тоҷик, ки дар шаҳри Санк-Петербурги Русия аз дасти пулис, хадамоти муҳоҷират ва пизишкони ин кишвар риштаи ҳаёташро бармаҳал барканд, шояд даҳҳову садҳо хабару мақола ва мусоҳибаҳо интишор ёфтанд.

Бозтоби ин марг дар матбуоти Русияву Тоҷикистон хеле доманадору густурда буд. Ҳадсу гумонҳо замоне боло гирифтанд, ки натиҷаи ташхиси судиву тиббӣ расонаӣ шуд. Бале, маҳз расонаӣ шуд, чун онро ба волидони кӯдак ва вакилони мудофеаи ӯ надоданд. Танҳо аз тариқи воситаҳои ахбор эълон карданд, ки ин тифл бар асари чандин беморӣ фавтидааст, на аз бемуҳаббативу бемуруватӣ ва нақзи қонунҳои ҷории Русия.

Касоне, ки натиҷаи ташхисро зери суол бурданд, асосан ба мантиқ такя доштанд. Аммо таҳлили илмиву асосноки онро докторанти Маркази илмии момодоягӣ, гинекологӣ ва перинатологии ба номи Кулакови Вазорати тандурустии Русия Фарида Буранова пешниҳод кард. Навиштаи ӯ дар саҳифаҳои иҷтимоӣ даҳҳо маротиба аз ҷониби корбарони интернет бознашр шуд, дар нашрияҳо ва сомонаҳои гуногун интишор ёфт ва метавон онро ҳам таҳлили мантиқӣ шумурд ва ҳам тиббӣ.

Бо назардошти он ки барои доираи хонандагони тоҷик матни гузориши ӯ зиёд ошно набуд,  талош кардем каме мухтасартар онро тарҷума ва ба таваҷҷуҳи хонандагон расонем:

Он чӣ 13-уми октябр бо саранҷоми фоҷеавӣ дар Петербург гузашт, дар ҷомеа вокунишҳои зиёдеро ба бор овард ва то ҳол баҳсу баррасиҳо атрофи он хомӯш намешаванд.

Мавқеи шаҳрвандӣ, инсонӣ ва пизишкиам иҷоза намедиҳад, ки аз каноре тамошогари он бошам, ки дар атрофи ҳодиса чӣ иттифоқоте пеш меояд.

Инак, сабаби марги кӯдак чӣ буд? Ӯро  бетафовутӣ, сангдилӣ, беқонунӣ, бетаваҷҷуҳӣ аз ҷониби персонали тиббӣ кушт?

Гузаштаро муфассал ривоят намекунам, зеро бар ин назарам, ки онро ҳама медонанд ва ҳар касе агар аз асли қазия огоҳ набошад, метавонад аз маводҳои интишорёфта дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо кунад. Ман танҳо ба ҷанбаҳои тиббии он мепардозам, чун бино ба хулосаи ташхиси тиббиву судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ он дар марги тифлаки ширхор нақши асосӣ бозидааст. Ба ҳар ҳол хулосаи ташхисгарони судиву тиббӣ, ки ҷисми беҷони писарбачаро муддати се ҳафта аз назар гузарониданд, ба ин таъкид мекунад. 

Дар хулоса гуфта мешавад, айнан меорам: “Сабаби марги Назаров Умаралӣ (4 моҳу 23 рӯза)  уфунати ситомегаловируси умумӣ будааст. Вай боиси рушди бемориҳои қалбӣ шудааст”.

Бино бо таҳқиқоти гистологӣ вирус на танҳо ба системаи нафаскашӣ ва дилу раг таъсир намуд. Ташхиси илтиҳоби шуш, дистрофия (вайрон шудани  кори ғизогирии бофтаҳо ва узвҳои бадан) ва ғадуди зери меъда, иллати меъда, тағйир дар ғадудҳои болои меъда, илтиҳоби куҳнашудаи рӯдаи тунук (энтерит), варами парда ва бофтаи мағзи сар, варами ҳароммағз гузаронида шуданд” (айнан нусхабардорӣ шуд).

Дар як калом як дастаи комили бемориҳо...!!!

 Дар назари аввал ҳамаи ин тибқи маълумотҳои сарчашмаҳои тиббӣ, айнан ва бидуни хато навишта шудааст. Вале ин танҳо чунин ба назар мерасад, дар асл ин тавр нест. Пизишки таҷрибадор, ки ҳамарӯза занони ҳомилаи сироятшуда ба TORCH (СМВ ба таркиби TORCH дохил мешавад)-ро вомехӯрад, бо чашмони оддӣ ҳам ва бидуни ташхису таҳлил нопайвандӣ миёни ҳолати пешинаи кӯдак, ки то дами маргаш назорат шудааст ва хулосаи ташхисгарони тиббиву судиро мебинад. 

Аз маълумоти парванда: “13-уми октябр, соати 14-00 тифл ба Маркази Симбалина оварда шуд ва аввалин муоинаи ӯ гузашт”. Хулосаи муассисаи тиббӣ он аст, ки кӯдак “амалан саломат аст”. “Дар шуъбаи қабули Маркази Симбалина кӯдакро муовини сардухтур Шишкина аз назар гузаронид. Ҳолати саломатии ӯро қаноатбахш донистанд.  Ба писарбача ғизои омехта бо шир таъин карданд ва ӯро ба назорати духтури навбатдори кӯдакон ва ҳамшираи тиббӣ супурданд. Ҳамчуноне аз корти бемористон бармеояд, Умаралиро ҳар соат як маротиба ғизо медоданд. Аз соати 16-00 то 23:00 духтурон ин гуна хулоса менависанд: “ҳолаташ муътадил, ду маротиба ғизо хӯрд”.  Аммо дар соати 23:55 дақиқа ҳамшираи тиббӣ ӯро дар ҳолате пайдо кард, ки нафас намекашид, “тифл дар ҳоле зоҳир шуд, ки нафас намекашид, лабонаш кабуд шуда буданд”.

Аммо кӣ метавонад ин маълумоти табибони машҳури ташхиси тиббӣ, духтурони атфолро, ки муддати се ҳафта ҷисми тифлакро омӯхтаанд, рад кунад. Таъкид мекунам, на як ҳафтаву даҳ рӯз, балки се ҳафта...Ин як муддатест, ки ҳамаи таҳқиқотҳои гистологии бофтаҳое, ки аз организм мегиранд, анбошта мешаванд.  Дар асоси таҳлилҳо ташхиси баъдимаргии равандҳои потологие, ки сабаби марг шуданд, гузаронида мешаванд. Зимнан бояд таъкид кард, ки барои тасдиқи СМВ дар биоптат на бештар аз 3-5 шабонарӯз лозим аст.

Маро ин суол ором намегузорад: далели то се ҳафта кашол ёфтани ин ташхис чӣ буд? Оё ким-кадом шубҳае дар миён буд ва ё фишоре аз берун? Онҳо ба манфиати кӣ кор мекарданд: ба манфиати пулис, духтурон ва ё барои хешовандони писарбачаи фавтида? Танҳо ҳоло он монда, ки ба наҷобати касоне умед баст, ки ба ин рӯйдод алоқае доранд. Шояд замоне виҷдонашон онҳоро азоб диҳад.

Ҳодисаи гузашта ба ҳеч ваҷҳе дар чорчӯбаи мантиқ намеғунҷад, чун аз ҳад зиёд печидаву мураккаб аст. Бо ҷуръат метавонам бигӯям, ки ин кор барқасдона сурат гирифтааст, зеро бисёре аз ваҷҳҳои овардашуда ба воқеъият дуруст намеоянд. Як марди соддаву нодонро метавон фиребид, вале ин корро наметавон бо пизишк кард. Ба тақозои касб маро зиёд иттифоқ уфтода, ки  ҳаводиси зиёди маргу мирро таҳлил кунам, дар конфронсҳои паталогоанатомӣ ба сифати таҳлилгар суханронӣ дошта бошам. Таҷриба дорам. Ва маводҳои ироашудаи рӯйдоди мазкурро ҳам хеле бо таваҷҷуҳ омӯхтам ва зарур донистам, ки як тафтиши мустақили тиббӣ гузаронам, зеро мантиқи ман бисёр ҳолатҳои ин фоҷеаро рад мекунад. 

Дар оғоз хеле кутоҳ дар бораи инфексияи ситомегаловирусӣ (СМВ). Маълум аст, ки СМВ ҳангоми ҳомиладорӣ метавонад ба ҷанин ва навзод таъсири манфӣ расонад. Уфунат аз модар дар ҳафтаи аввали ҳомиладорӣ метавонад сабаби сақти ҷанин шавад. Сироятҳои баъдӣ ба иллатнок шудани системаи марказии асаб, ҷигар, шуш, рӯдаҳо, ғадуди зери меъда, гурдаҳо ва дигар узвҳои ҷанин сабаб гардад. Имкон дорад кӯдак қабл аз муҳлат таваллуд шавад ва ё мурда ба дунё ояд.

Дар мубориза бо СМВ худи организми инсон дар ибтидо антителаи lgM ва баъдтар антителаи  lgG тавлид мекунад. Сатҳи баланди антителаи lgM  дар хуноба наметавонад амиқан муайян кунад, ки дар зани ҳомила сирояти аввалияи ин вирус ошкор шудааст.  Аз ин рӯ барои боварии комил ба он ки зан гирифтори ин вирус шудааст, ба lgG-и мусбат ниёз ҳаст. Агар ҳангоми ҳомиладорӣ миқдори ками антители lgG мушоҳида шуда бошад, пас ин ба он маъност, ки ҷанин дар батни модар сироят нашудааст.

Бояд қайд кард, ки дар ҳоли беҳтар будани системаи сироятпазирӣ худи организм метавонад бо ин вирус мубориза барад. Барои касоне, ки намедонанд, ба ин нукта таъкид мекунем, ки агар дар хун танҳо антителаи G ошкор шуда бошад, пас ин ба маънои он аст, ки бармаҳал сироят шудааст ва организм ба ин барангезанда сироятпазир аст ва дар айни замон касалӣ барои  модар ва ҷанин хатарнок нест. 

Таҳқиқоти ахир нишон додааст, ки аз 50 то 90 дарсади занони қобили бороварӣ ва зоиш ба СМВ сироят шудаанд, вале танҳо дар 2,5 дарсади навзодон ин вирус мушоҳида шудааст. Ин ба он маъност, ки ҷанин ва навзод замоне аз ин вирус иллат пайдо мекунанд, ки модар ҳангоми ҳомиладорӣ бори аввал ба он сироят шуда бошад. Яъне, агар зан хеле барвақт ба ин вирус гирифтор бошад, гузаштани он ба ҷанин ва навзод баъид аст.

Дар ҳоли сироят аз рӯйи ин нишонаҳо метавон СМВ-ро мушоҳида кард: андозаи хурд ё калони сар, камхунӣ, зардпарвин, калон шудани ҷигар. Лоғарӣ, аз рушд бозмондан ва хеле баъдтар дар синни 5-7 солагӣ кариву ақибмондагии зеҳнӣ.

Савол:

Оё ҳамаи он чизе ки номбар кардем, дар Умаралӣ мушоҳида шудааст? Такрор мекунам: дар қабулгоҳи Маркази Симбалин кӯдакро ҷонишини сардухтур Шишкина муоина кардааст. Саломатии ӯро қаноатбахш арзёбӣ кардаанд. Ва чӣ гуна дар як тифли солим зарфи 12 соати ҳузур дар бемористон тағйироти дистрофӣ дар узвҳои бадани ҳаётан муҳими вай (тибқи иттилои ташхиси судиву тиббӣ) рушд мекардааст?   Маълум мешавад, ки ин ҳама бо суръати кайҳонӣ тавсеъа ёфтааст? Оре...Вале агар ҳамаи ин тағйирот дар узвҳои муҳими бадан дар ҳоли зинда будан ҷой доштанд, пас чаро инҳо қаблан ошкор нашуда буданд?

Аммо вазъи саломатии Умаралӣ қаноатбахш арзёбӣ шудааст ва бино ба навиштаи духтурон ӯро ҳар соат пас ғизо медоданд. Ва агар ба ташхис бовар кунем, пас ҳолати Умаралӣ “хеле сангин” ё ҳаддиақал миёна арзёбӣ мешуд, вале ин қайд дар дафтари бемории Марказ вуҷуд надорад, пас метавон гуфт, ки дар ҳақиқат ҳолати тифл чуноне буд, ки навишта буданд. Чун қоида ҳангоми ба бемористон уфтодани инсон ва билхусус навзод роҳҳои нафаскашии вай таҳқиқ мешаванд ва дар ҳоли кашфи илтиҳоби шуш духтуре, ки муоина кардааст, ҳатман хирроси гулӯи ӯро мешунид ва ҳолати саломатии ӯро дигаргуна зикр мекард. Ман боварии пурра дорам, ки агар ин ҳама дар замони зинда будани навзод ошкор мешуд, духтурон ҳатман онро зикр мекарданд, наметавонист дигаргуна бошад. Ва бидуни шак табибон шеваи бархӯрди дигар бо беморро пеш мегирифтанд, назорат, додани ғизо бо шеваи дигар сурат мегирифт, на ки ҳар соат ӯро хӯронанд...

Ва ҳамаи инро ба ҷуз ҳарза наметавон дигаргуна ифода кард!!!

Ин спектакл барои кӣ созмон дода шуда буд? Барои роботҳо, барои гӯсфандони аблаҳ, осиёиёне, ки чуркаҳо меноманд? Бахусус, бояд барои пизишкон шармовар бошад, ки барои ҳифзи манфиатҳои хеш ба ташхисгарони судӣ кӯмак карданд хулосаеро тартиб диҳанд, ки пояи онро маводи дурӯғин ташкил медиҳад. 

Ин дар ҳолест, ки Умаралӣ дар Русия ба дунё омада буд ва модараш Зарина Юнусова маҳз дар ҳамин кишвар аз безурётӣ табобат гирифтаву ҳомиладор шуда буд ва баъдан маҳз дар зоишгоҳҳои Русия зери назорати пизишкон буд. Дар шаҳрҳои Русия, бахусус Маскав ва Санк-Петербург ва умуман шаҳрҳои дигар ташхисгоҳҳои муҷаҳҳаз барои TORCH вуҷуд доранд, ки гузаштан аз он ҳатмист. Он 2-3 моҳ пештар аз ҳомиладории барномарезишуда гузаронида мешавад ва он бахше аз тарҳи ҳомилагӣ аст. Ин таҳқиқот ҳамчунин ду маротиба – нимаи аввал ва дуюми давраи ҳомиладорӣ ба таври ҳатмӣ гузаронида мешавад. Ин ташхис имкон медиҳад, ки чор бемории дохили ҷанинӣ ошкор шавад: токсоплазмоз, сурхча, ситомегаловирус ва герпес. 

Ва агар дар Зарина ин бемориҳо то ё вақти ҳомиладорӣ ошкор мешуданд, ба ин боварам, ки пизишкон рус бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намекарданд. Гумон мекунам вай ин замон назди пизишки худ равуо дошт. Маҳз аз ҳомиладорӣ ва баъдан ширхорагии тифлаш вай натавонист сари вақт аз Русия хориҷ шавад ва дар натиҷа низоми муҳоҷиратро вайрон кард.

Бояд қайд кунам, ки дар Русия, чун дар ҳамаи кишварҳои мутамаддин хадамоти иҷтимоӣ аз ҷумла тиббӣ ба ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз ҷинс, миллат ва забон расонда мешавад. Ва баъд: атфоле, ки бо шонси сироят ба СМВ таваллуд мешаванд, махсус сабти ном карда мешаванд.

Илова мекунам, кӯдак (Умаралӣ) ҳамаи баррасиҳои лозими тиббиро дар дармонгоҳ гузашта буд, вай корти тиббии Русияро дошт ва бидуни зикри номи беморие.   

Ба ҳар ҳол, чӣ сабаби марги ногаҳонии кӯдак шуда буд?

Посух медиҳам: Танҳо вазъи ногаҳонӣ, ки ба беэҳтиётӣ, бетаваҷҷуҳӣ, ваҳшоният, муносибати ғайриинсонӣ алоқаманд аст, метавонист сабаби ин фоҷеа шавад. Шуруъ аз зӯран аз дасти модар гирифтани тифл, то беназоратӣ дар бемористон. Сабаби ин марг на дар вирус, ки нишонаҳояшро гуфтем, балки комилан дар чизи дигар нуҳуфта аст. Ва вирус ҳам агар бошад, танҳо ба болои ин ҳама метавонад ранҷу дардро пурзӯр кунад, ҳолати тифлро тағйир диҳад ва ба марг оварда расонад. 

Хулосаҳо:   

1. Ҳадс мезанам, ки марги тифлак бар асари аспиратсия ё худ гирифт кардани роҳҳои нафас бар асари нодуруст ғизо хӯронидан пеш омадааст. Садама дидани тифл ҳам истино нест, ҳарчанд эҳтимолияти он камтар аст; 
2. Метавонистанд ҳангоми интиқол аз ҷойе ба ҷойи дигар, аз шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ба шуъбаи пулис ё дигар сармо занонда бошанд. Чуноне аз сураташ дида мешавад, вай паратрофик, яъне аз ҷумлаи атфоле буд, ки ба сармохӯрӣ моиланд, зуд ба касалиҳо сироят мешаванд. Боз ин ки навзодон зуд аз роҳҳои нафас уфунатро қабул мекунанд; 

3. Навзодро аз модараш ҷудо карда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хатои нобахшиданӣ роҳ доданд, ҳаракати онҳо дар ин маврид шабеҳи амалҳои фашистон буд. Ҳамзамон бо ин ҳамзистии модару кӯдакро вайрон карданд. Ва тифлони ширхор инро зуд эҳсос менамоянд ва хеле ба мушкил онро пушти сар мекунанд. 
4. Эҳтимол дорад дергоҳ ғизо надоданд, чун ба мо маълум нест, ки модараш ба ӯ кай ғизо дода буд ва шишаи ширеро, ки модаркалонаш оварда буд, дар канори тирезаи шуъбаи пулис монд ва ин танҳо ба Худо маълум аст, ки чӣ гузашт. Зеро дар протоколи таҳқиқот метавон як чи навишт, аммо амал дигар бошад. Коғаз ин ҳамаро таҳаммул мекунад....

5. Инро ҳам истисно намекунам, ки гуруснагӣ як сабаби дигар бошад...

Хулоса:

Касе ҳақ надорад нақзи қонуни муҳоҷират аз ҷониби модари кӯдакро ба чолиш кашад, ин воқеъият дошт. Вале боз ҳам наметавон аз зулму ситам, бадгумонӣ, беномусӣ, сангдилиии берун аз шарафи инсонӣ чашм пӯшид. 

Ҳамчунин дар ин рӯйдод тақаллуби натиҷаи таҳқиқоти патологоанатомӣ, ҳодисаи таҷдид ва дуборанависии ҳамаи зинаҳоеро, ки навзод гузашта буд, истисно намекунам.

Аммо ҳодисаи ғайриқонунӣ аз модар гирифтани тифл чун худсарии пулис боқӣ мемонад. Агар ин худсарӣ намебуд, ин МАРГи тифлаки бегуноҳ ҳам набуд...

Дӯстон, ҳаргиз бетафовут набошед, ҳеч гоҳ бетараф намонед!!!

Дар ин олам наметавон бетараф буд, охир мо мехоҳем дар давлати ҳуқуқбунёд зиндагонӣ кунем.

Меҳрубонтар, башардӯсттар, воқеъбинтар мемонем ва хаёлан худро дар ҷойи ин афроде, ки навзоди бегуноҳи худро бо гуноҳи касоне, ки шарики ин амаланд, аз даст доданд,тасаввур намоем.

Бале, маҳз касоне, ки ба ин амал шариканд!!!

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Офарин, бону Фарида! Аз фарзонагониву сарбаландонӣ! Забони сурхат сурхтар боду сари сабзат сабзтар бодо!
ба баргардонанда хам сипос!
Русия Украинаро давлати фашисти мехонаду худаш нисбат ба дигар миллату кавмиятхо амалхоеро анчом медихад,ки хуш аз саратон мепарад.Чанд соли охир Русия факат точиконро зачру азоб дода, ё зиндон мекунад ё мекушад.Дар мавриди ин тифлаки маъсум Русия бояд сад бор ба зону нишаста, аз модари точик узр пурсад.Тасаввур кунед,Умар точик нею рус мебуд,ана Русия очаи зорамонро нишон медод.
Як сабаби ин ва дигар фоҷаҳои ба ин монанди ба сари тоҷикони мусофир меомада бетафовутии Ҳукумати ҶТ нисбат ба шаҳрвандони ҶТ, худхоҳӣ, танҳо манфиатҳои хешро дидану парвои халқу миллат надоштани онҳост.

Шояд шумо суол ё назаре доред?