Супориши навбатии Убайдуллоев барои ба тартиб даровардани нақлиёти мусофирбар

Шаҳрдории Душанбе барои ба тартиб даровардани ҳаракат ва таваққуфи бетартиби нақлиёт дар роҳҳои шаҳр як моҳ муҳлат додааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе 28-уми март дар ҷаласаи дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти фаъолияти муовини соҳавии Раиси шаҳр, Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиёт-хадамотрасон”, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, , Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанберо ғайриқаноатбахш донистааст.

Дар ин ҷаласа гузориши Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳоро баррасӣ кардаанд. Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, баъди гузориш Убайдуллоев аз фаъолияти ғайриқонунии баъзе хатсайрҳо, таваққуфи стихиявии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар назди истгоҳҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии серанбӯҳи аҳолӣ изҳори нигаронӣ карда, фаъолияти масъулинро интиқод кард.

Барои ислоҳи вазъ дар роҳҳои шаҳри Душанбе ба масъулин як моҳ супориш додааст.

Бори нахуст нест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев аз тамбашавии нақлиёт дар роҳҳо, сифати хидматрасонии нақлиёти мусофирбар супориш ва муҳлат медиҳад.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Убайдуллоев 20 со мешавад, ки Душанберо дар ихтиёр дораду ҳанӯз ҳам кучаҳои шаҳр валангор, нақлиёти ҷамъияти намерасад, танзим дар роҳҳо, тавофуқгоҳҳо нест. Намешавад, ки истгоҳҳоро аз гардишҳову назди ҷароғакҳои роҳ дуртар созанд. Ҷои истгоҳҳоро васеътар созанд то ба дигар нақлиёт автобксутролейбусҳо халал нарасонанд. Кай бо калла кор мекарда бошанд? 20 сол гузашт. Айб аст.
Бисёр хуб мешуд шаҳрдорӣ масъалаи Старексҳоро бинад, ки мусофиронро аз меъёр зиёд савор мекунанд ва худсарона теъдоди ҷойҳои нишастро зиёд намудаанд, ки барои мусофирон бениҳоят нороҳат аст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?