Сулаймон Давлатзода: Дар 6 сол ягон масҷиди расмӣ баста нашудааст

Кумитаи дини назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, давоми 6 соли ахир дар кишвар фаъолияти яон масҷиди расмиро қатъ накардааст. 

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, он иттиҳодияҳои диние, ки  қатъ гардиданд,  пештар ҷойҳои ҷамъиятӣ буданд ва онҳоро ғайриқонунӣ ба масҷидҳо табдил доданд ва бинобар надоштани иҷозатнома фаъолияти онҳо манъ карда шуд.
 
Тибқи маълумоти ҷаноби Давлатзода дар ним соли аввали соли равон, фаъолияти 29 иттиҳодияи динӣ дар асоси мактуби раисони шаҳру ноҳияҳо бо роҳи худбарҳамдиҳӣ қатъ шудааст.
 
Баҳси баста шудани масҷидҳо дар Тоҷикистон давоми 2 соли ахир яке аз мавзӯъҳои доғ дар кишвар мебошад. Соли равон танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ  фаъолияти 133 масҷид қатъ шуда буд.

Инчунин дар оғози сол Прокуратураи генералииТоҷикистон эълон кард, ки минбаъд танҳо дар маҳаллаҳое ба бунёди масҷидҳои нав иҷозат хоҳанд дод, ки дар наздикии он масҷиди дигар мавҷуд набошад. 

Дар 2 соли ахир 1032 масҷид дар минтақаҳои Тоҷикистон ба марказҳои фарҳангию фароғатӣ ё ба истилоҳ ба ҷойҳои ҷамъиятӣ табдил дода шудааст.

Дар моҳи апрели соли гузашта масъулини мақомоти ҳокимияти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз табдили 50 масҷид ба марказҳои фарҳангӣ хабар дод буданд. Дар вилояти Суғд низ 100 бинои қаблан ба ҳайси масҷид фаъолияткунанда ба чунин марказҳо табдил карда буданд. Дар ин вилоят ҳатто баъзе аз масҷидҳои таърихи зиёда аз 100 сола дошта низ баста шуда буданд, ки ба гуфтаи масъулин ба осорхона табдил ёфтанд.

Бино ба омори расмӣ дар Тоҷикистон 4 ҳазору 89 адад иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 72-тоаш иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ ва як ҷамоаи динии ғайри исломӣ мебошанд.

Назарҳо

Чаноби Давлатзода шумо мегуед, ки он иттиҳодияҳои диние, ки қатъ гардиданд, пештар ҷойҳои ҷамъиятӣ буданд ва онҳоро ғайриқонунӣ ба масҷидҳо табдил доданд. Шумо медонед, ки сохтмони масчид барои мусалмонон гайриконуниги надорад? Яъне барои табдили чои чамъияти ба масчид факат хузури мусалмонони намозгузорон лозим асту халос, давлат бошад бемамонеат бояд хуччати онро тасдик ва тайёр карда дихад, ё он ки ба гуфти шумо Давлатзода Худо хам бояд барои документи масчидхо давно дав кунад то конун риоя шавад? Кадом шахси солимакл чуръати бастани хонаи Худого мекунад? Фикр мекунам ба он кор факат нокисулаклон даст мезананду фатво медиханд. Худованд дар китобаш мефармояд; Ва кист ситамкортар аз он , ки ёд кардани номи Худоро дар масҷидҳои Худо манъ кард ва дар вайронии онҳо кӯшид? Ин гурӯҳро намесазад, ки ҷуз [тарсону] ҳаросон ба масҷидҳо дароянд. Онхоро дар дунё хори ва дар охират азоби бузург аст ( сураи Бакара, ояи 114). Бовари дорам, ки чаноби Давлатзода харосону тарсон ба масочид дохил мешавад...Эхтиёт бошед, ки Худованд яке мезанад (ногахон ва бехотир)
Худованд бахшояндаи мехрубон аст. Хамун намоза дар хона хондан бехтар аст. Кашокашу намоишкорй ба кй даркор? Бехтарин муноччот бо Худо гузоштани намоз дар хона аст, биродаро!
Пас масчид барои чист агар бехтарин ибодат дар кунчи хона бошад а!!???
... Аввалан хонандаи арҷманд як фикр кунед, ки дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон масоҷид ва ё ибодатгоҳро "чойхона" ном меберанд ва аксари ин иншоотҳои ба қавле баста шуда дар асл ҳамон чойхонаҳо мебошад. Баъдан ҳарчанд ин биноҳо ҳамчун масчид баста шудаву ҳамчун ҷои ҷамъиятӣ боқӣ монда бошанд ҳам, ҳеҷ кас намозу тоат карданро дар он ҷойҳо мамнуъ накардааст. Фақат фитри рузаву назрғундорӣ ва дигар амалҳои номатлуби баъзе роҳибон маҳдуд шудааст.
inno lilloh va inno ilayhi rojiun
Шахсан ман худам медонам,ки факат дар нохияи А.Чоми дар соли чори 53-масчидро бастаанд.Дар кишлоки Вахдат дар кисмате,ки точикон зиндаги мекунанд масчидашонро бастаанд,аммо дар кисмати,ки туркзабонхо зиндаги мекунанд кушода аст.Инчунин дар собик колхози Москва чунин руйдодхо чой доранд!
Хамин чор хазор масчида ба чор хазор бехонаи камбагал диханд, ачаб кори савобе мешавад. Чуноне ки дар пойтахт ва баъзе шахру навохии дигар карданд ин корро. Хам хамон бехона розиву хам Худованди азза ва чалла...
Самандр бародар аз номи худат ҳарф бизан.Магар ҷои инсофаст,ки хонаи Худоро ки мардум бо пулу қуввати худ обод намудаанд ба мардуми камбизоат бубахшанд?Пас давлату ҳукумат куҷост?Чаро вазифаи аввалидараҷаи худро ба ҷой намеоранд?
Аввалу дуйӯму сейӯм бояд мактаб созем, баъд масҷид. Фарзандон бояд бо мактаб пурра таъмин гарданд, омӯзгори мактаб дар ҷамъият мақоми баландтаринро соҳиб гардад. Дар қатори давлат аз ҳисоби хайрияю саҳмгузорон мактабҳо сохтан лозим. "Ту бо замона соз, то замона бо ту насозад".

Шояд шумо суол ё назаре доред?