Сухангӯи Академияи илмҳо дар бораи ҲНИТ, табаддулоти Туркия ва мантиқ

Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар як мақолааш ҷонибдорони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломии Тоҷикистонро аз Раҷаб Тайип Эрдуғон, дар робита ба табаддулоти низомии 16-уми июл бемантиқ хондааст. Вай гуфтааст, амали масъулини ҲНИТ дар ҳоле, ки худи онҳо дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта кӯшиши табаддулоти давлатӣ карда буданд, мантиқ надорад.

Дар зер мақолаи Шервони Умриддин, хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2014), ки ҳудуди як сол мешавад дар вазифаи сухангӯи Академияи илмҳои Тоҷикистон кору фаъолият дорад, пешкаши хонанда карда мешавад, ки назари субъективии муаллиф мебошад.

Амали масъулини ҲНИТ дар Туркия мантиқ надорад  

16 – уми июли соли ҷорӣ як қисми низомиёни Туркия кӯшиш карданд, ки бо роҳи табаддулоти ҳарбӣ ҳокимиятро ба даст оранд, вале ноком шуданд. Албатта ин кори дохилии Туркия аст ва таърих нишон хоҳад дод, ки амалҳои Урдуғон ва ё мухолифони ӯ то куҷо дуруст буданд. Коршиносон ин амали низомиён ва ҳукуматдорони Туркияро таҳлил намуда, хулосаи дақиқи худро манзури ҷаҳониён хоҳанд кард.

Вале як тӯда пайравони ташкилоти мамнуъ ва террористии ҲНИТ (тибқи қарори Суди олии Тоҷикистон), ки баъди содир кардани ҷиноятҳо аз ватани худ фирор карда, имрӯзҳо дар Туркия панаҳ мебаранд, бо истифода аз ин фурсат бори дигар фурухташуда ва ғуломи хоҷагони хориҷӣ будани худро нишон доданд. Ин гуруҳ аз ғалабаи ҳукумати Туркия бар болои табаддулотчиён хушнудӣ карда, бо хушомадгӯию тамаллуқкорӣ Урдуғонро васф намуданд ва дар расонаҳои хабарию шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори назар баён доштанд, ки гӯё аксари мардуми ин кишвар он шаб ба майдонҳо барои ҳифзи лидери худ баромадаанд.

Ин амали нангин ва пасти масъулону ҷонибдорони ҲНИТ бемантиқ ва тааҷубовар аст. Зеро онҳо дар моҳи сентябри соли гузашта худашон дар Тоҷикистон кӯшиш карда буданд, ки бо роҳи табаддулот ҳокимиятро ғасб созанду сохти конститутсиониро барҳам диҳанд. Аммо баъди мағлубу саркуб шудан ба Туркия фирор карда буданд. Ҳоло бошад, мухолифи чунин табаддулот баромада, онро маҳкум месозанду, ҳукумати як кишвари бегонаро (Туркия) дастгирӣ менамоянд. Аз ин бармеояд, ки пайравони ҲНИТ вобаста, дастнигар ва муҳтоҷи чор тангаи ҳукуматдорони он кишвар ҳастанд. Дар акси ҳол ягон зарурат барои даст задан ба як амали нангин, яъне васф кардани роҳбарони як миллату давлати бегона набуд. Бори дигар собит мегардад, ки ҲНИТ ҳамеша як фишанги дасти неруҳои бегона буд ва мақсаду манфиатҳои онҳоро амалӣ менамуд.

Масъулону аъзоёни ҲНИТ намефаҳманд ё фаҳмидан намехоҳанд, ки шаби кӯшиши табаддулот як қисми мардуми Туркия на ба хотири мазҳабӣ будану ҳамфикри инҳо (ҲНИТ) будан ба кӯчаҳо баромада буданд, балки мехостанд пеши роҳи хунрезию харобкориро бигиранд.

Аммо бояд масъулону пайравони ҲНИТ, ки дар Туркия ва кишварҳои дигар қарор доранд, бояд дуруст дарк созанд, ки ғуломи зархариди хоҷагони хориҷӣ будан, бозичаи дасти неруҳои бегона будану ҳадафҳои онҳоро бар хилофи манфиатҳои ватану миллати худ хиёнаткорона ба ҷо овардан оқибати бадтарин дорад. Ин тоифа бо анҷом додани амалҳои нангину нопоки мазкур ҳамчун як гуруҳаки манфуру хиёнатпеша дар назди ҳамватанон ва ҳам хориҷиён шинохта мегарданд. Ҳатто худи ҳамон хоҷагонашон ҳам ба инҳо эътимод нахоҳанд дошт.

Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки масъулини ташкилоти терористии ҲНИТ аз ҳар гуна амали душманона нисбати ватану миллати худ даст кашида, пайравонашонро низ ба чунин рафтор ҳидоят намоянд.

Шервони УМРИДДИН

Назарҳо

тыра чиву да бораи ХНИТ гап занит чи??
Ин худаш намедонад чӣ гуфтааст
Ки намедонад худаш чи гуфта истодааст?
Фарход Рахими на махалгаро ва на хамшархгаро аст. 11 сол Илолов Мамадшо президенти Академияи улум буд тамоми пулхои чудошудаи хукумату хоричихоро хурду дар сари Академияи илмхо об рехт. Дар Академия ягон ободи накардааст. Дар замоне, ки Илолов рохбари дошт Академияро дар Якадемия ягон ободи накарда буд. Нав Академия обод шуда истодааст. То холо дар Академия мафия Бадахшон хаст. Агар як Бадахшони аз кор сур кунанд Бадахшонихо шуриш мебардоранд. Илолов буд, ки дар хобгоххои Академияи илмхо хамшарихояро чой дода буд, то хол аз хобгох набаромадаанд. Бадахшонихое, ки дар хобгоххои АИ ЧТ хоб мекунанд на дар Академияи илмхо кор мекунанд бал, дар дигар корхонахои давлати кор мекунанд. Баъди Фарход Рахими академия биёр ободихо шуд ба бисёр навигарихо руй овард.
Академик Фарход Рахими барои ҳамшаҳриҳо ё хешу табораш дар Академияи илмхо дарро боз накардааст! Баъакс дар Академия мардуми Самарканд, Бухоро, Ванч, Дарвоз, Хоруг, Рушон, Восеъ, Кулоб, Дангара, Фархор, Истарафшан, Хучанд, Айни бисёр кор мекунанд. Хатто дар Академияи илмхо ягон фарзанди ака ё хохари Рахими кор намекунад. Барои Академияи илмхои ЧТ кадри хуб даркор аст. Лекин на хамшарию на хушу табор лозим аст!
Шервони Умриддин, молодец. Фикру андешаашро гуфтаст. Бародаро, хохед бо ин фикр рози шавед, хохед на. Лекин бахс дар борат махал накунед, махалгарои моро ба бадбахти дучор мекунад.
Шохи чахон ту як бесаводи, диверсанти
Tojnews чиба гапои мора чоп намекнедягаллагапои беманию бемантика чоп мекнеду гапои мора не

Шояд шумо суол ё назаре доред?