Суғд: Озмуни вилоятӣ барои муассисаҳои тиббӣ ва табибон. Ҷоиза то 30 ҳазор сомонӣ

Ҳукумати вилояти Суғд барои муайян кардани беҳтарин муассисаи тиббӣ, табиб ва ҳамшираи шафқат озмуни вилоятӣ эълон кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, озмуни “Муассисаи тиббӣ, табиб ва ҳамшираи шафқати беҳтарин” ба муносибати “Соли 2016-соли фарди солим” эълон гардидан дар вилоят баргузор мешавад.

Масъулини вилоят қасд доранд, ки бо ин роҳ ба нишондиҳандаҳои беҳтарин, инчунин беҳдошти ҳолати хизматрасонии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ноил шаванд.

Ҳадаф аз баргузории озмунро баланд бардоштани нуфузи эътибор, ҳавасмандгардонии мутахассисони соҳаи тиб, тарғиби таҷрибаи муосири соҳа, ихтироот ва дастовардҳои нави илмию техникӣ, ки ба рушди соҳаи тандурустии вилоят мусоидат мекунанд, унвон мекунанд.

Дар озмун ҳар як муассисаи тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят новобаста аз шакли сохторашон, мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббӣ иштирок карда метавонанд. Озмуни мазкур дар ду марҳила  дар сатҳи муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо ва дар сатҳи вилоят гузаронида мешавад.

Маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Муассисаи тиббӣ, табиб ва ҳамшираи шафқати беҳтарин»-и соли 2016 дар ҷамъбасти иҷроиши Барномаи вилоятии «Соли 2016-соли фарди солим» моҳи ноябри соли 2016 сурат мегирад.

Тибқи низомномаи озмун ба Муассисаи маркази вилоятии беҳтарини сол - 30 000 сомонӣ, Беморхонаи марказии ноҳиявии(шаҳрии) беҳтарини сол  30 000 сомонӣ, Беморхонаи минтақавии беҳтарини сол - 10 000 сомонӣ, Маркази саломатии ноҳиявии (шаҳрии) беҳтарини сол  5 000 сомонӣ, Маркази саломатии деҳотии беҳтарини сол  3 000 сомонӣ, Дорухонаи беҳтарини сол  1000 сомонӣ, Беҳтарин табиби соҳаи ҷарроҳии сол  5 000 сомонӣ, Беҳтарин табиби соҳаи амрозии дарунии сол  5 000 сомонӣ, Беҳтарин табиби оилавии сол  5000 сомонӣ, Беҳтарин табиби озмоишгари сол  5 000 сомонӣ ва ба Беҳтарин ҳамшираи шафқати сол 1500 сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим мешавад, - мегӯянд дар ҳукумати вилоят.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?