Суди олӣ ба ду ҳампарвандаи Ҳоҷӣ Ҳалим ҳукми абад дод

Садриддин Неъматов ва Сироҷиддин Одинаев, ду тан аз гумонбарони ҳамдастӣ дар ошӯби 4-уми сентябри соли гузашта дар Душанбе ба ҳукми абад маҳкум шудаанд.

Суди олиии Тоҷикистон нисбати ин ду нафар, ки дар пайи амалиёти мақомот моҳи сентябри гузашта, ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо Назарзода Абдуҳалим Мирзо, муовини собиқи вазири дифоъ боздошт шуда буданд, ҳукми абад дод ва бо ин ҳукм талаби айбдоркунандаи давлатиро қонеъ кард.

Ҳукм нисбати ин ду нафар пештар содир шуда, аммо бинобар муҳри махфӣ доштани парванда, танҳо имрӯз тавассути наздикони маҳкумшудагон расонаӣ шуд.

Амрулло Нуров, яке аз гумонбарони дигари ин парванда низ ба 23 соли ҳабс маҳкум шудааст. Суд ба Нуров дар ҳоле 23 соли зиндонро раво донистааст, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ 15 соли ҳабсро тақозо карда буд.

Бино ба гуфтаи наздикони маҳкумшудагон, 10-уми июли соли ҷорӣ ҳукми додгоҳ нисбати 9 нафар аз ҳампарвандаҳои Абдуҳалим Назарзода эълон шудааст.

Бино ба иттилои Прокуратураи генералӣ, аввали моҳи сентябри соли гузашта, бо супориши Абдуҳалим Назарзода ваколатдори калони оперативии мақомоти корҳои дохилӣ Абдуллоев Зиёриддин Қодирович ҳамроҳ бо 20-25 нафар ба ШКД-и Ваҳдат  ҳамлаи мусаллаҳона кардаанд.

Дар натиҷа, 3 нафар кормандони милитсия, инчунин роҳбар ва аъзои ин гурӯҳи ҷиноятӣ Абдуллоев Зиёриддин Қодирович ва Каримов Сайфулло аз ҷароҳати тири силоҳи оташфишон ба ҳалокат расида, се нафар кормандони милитсия ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтанд.

Ҳамлаи дигари гурӯҳи марбут ба Ҳоҷӣ Ҳалимро, ки дар маҳаллаи гардиши фурудгоҳ сурат гирифтааст, полковник Ҷунайдуллоҳ Умаров раҳбарӣ мекардааст, ки ӯро 25-30 нафар силоҳдорон ҳамроҳӣ мекардаанд. Мақомот мегӯяд, ки “5 нафар кормандони мақомоти милитсия, ки тибқи супориш барои дастгиркунии иштирокчиёни ҳуҷуми мусаллаҳона ба шуъбаи мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат сафарбар шуда буданд, бо истифодаи тири силоҳи оташфишони тамғаи автомати Калашников ба ҳалокат расида, ба 1 нафари онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ расонида шудааст”.

Мақомоти Тоҷикистон аз ҷойҳои ҳодиса, манзилҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳои нишондоди дастгиршудагон зиёда аз 589 мил силоҳи оташфишони гуногунтамға ва 48 ҳазору 943 дона тирҳои қутрашон ҳархела ёфтаанд. Инчунин, 34 адад силоҳи оташфишони гуногунтамға, ки аз ҷониби гурӯҳи ҷинояткорон ғайриқонунӣ бо худ нигоҳ дошта мешуд, дарёфт гардиданд. 

Дар изҳороти Прокуратураи генералӣ, ки баъди ин ҳамла пахш шуд, гуфта мешуд, ки : "ҳодисаи шаби 3-юм ба 4-уми сентябр аз қабл тарҳрезишуда буд, ки он бо маслиҳати пешакии Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим “бо бо сардори Раёсати инспексияи ҳарбии Вазорати мудофиа, полковник Умаров Ҷунайдулло Сатторович, муовини фармондеҳи қушунҳои хушкигарди қувваҳои мусаллаҳ, полковник Сафаров Назармаҳмад Муродович, сардори шуъбаи разведкаи ҳарбии қушунҳои хушкигард, полковник Юнусов Умар Кенҷаевич ва дигар ҳаммаслакони ҷиноятпешаи худ, аз ҳисоби собиқ хизматчиёни ҳарбии баталони 25-и қисми ҳарбии 31001, аз ҷумла Муродов Сарабек Баротович, Абдуллоев Зиёриддин Қодирович ва дигар нафарони айни ҳол шахсияташон барои тафтишот номаълум, ки ҳар яке аз онҳо гурӯҳи муайянеро сардорӣ мекарданд, нақшаи мусаллаҳ гардонидани аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва оғоз намудани ҳамлаи мусаллаҳонаро зидди намояндагони сохторҳои қудратӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат ва Рӯдакиро тарҳрезӣ карданд”.

Дар изҳорот гуфта мешавад, Ҳоҷӣ Ҳалим бо сӯиистифода аз ваколатҳои хизматиаш аз бинои дастгоҳи Вазорати мудофиа “645 мил силоҳи оташфишони гуногунтамға ва 64 ҳазору 445 дона тирҳои қутрашон ҳархеларо тасарруф намуда, дар автомошинаҳои хизматии ҳарбӣ ва шахсиашон барои ба дигар аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ тақсим намудан ба ҳудуди корхонаи хусусии нонпазии ба Назарзода Абдуҳалим Мирзо тааллуқдошта, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Аҳмади Дониш-55 ғайриқонунӣ интиқол доданд”. Ҳамчунин, бо супориши ӯ ба 100 нафар аз аъзои гурӯҳаш сарулибоси ҳарбӣ пӯшонда, мусаллаҳ кардаанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?