Субҳони Сайид-овозхони саршиноси мусиқии поп дар синни 56-солагӣ даргузашт

Субҳон Сайиди раҳматӣ

Субҳони Сайид-овозхони саршиноси мусиқии поп дар синни 56-солагӣ, баъди бемории тӯлонӣ дар манзилаш  аз олам даргузашт, дили ҳазорон нафар мухлионашро ғамгин кард.

Фурқати Сайид, овозхони номдори тоҷик ва яке аз шогирдони муваффақи Субҳон Сайид хабари марги бармаҳали устодашро аз аввалинҳо шуда дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод. Бино ба навиштаи ӯ Субҳони Сайид субҳи бармаҳали имрӯз, дар остонаи Иди Фитр ва охирин рӯзи моҳи шарифи Рамазон олами фониро тарк гуфт ва роҳ ба сӯйи олами боқӣ гирифт.

Субҳони Сайид зодаи Ҳисори шодмон буда, сар аз аввали солҳои 1980 ба саҳнаи мусиқии поп ворид шуд ва бо аввалин сурудаҳои дилнишин ва садои марғубаш ба дили ҳазорон шунаванда ва мухлисони тарона ҷо гирифт.

 Дар ибтидо ҳунарманди ансамбли устоди зиндаёд Зафар Нозим - “Ганҷина” буд ва баъдан ба дастаи Кароматуллоҳи Қурбон пайваст ва дар кутоҳмуддат ба яке аз сарояндагони муваффақи мусиқии под дар дастаи ҳунарии “Гулшан” табдил ёфт. Тирамоҳи соли 1992 Кароматуллоҳи Қурбон ва дастаи ҳунарии ӯ шабонгаҳ ҳини бозгашт аз ноҳияи Ёвон аз дасти ғосибон кушта шуд ва баъди ӯ сарварии ансамбли овозадори “Гулшан” ба уҳдаи Субҳони Сайид уфтод.

Аз соли 2000, ки чун беҳтарин сарояндаи эстрада эътироф гардид, муддате бо сабабҳои номаълум аз саҳна дур шуд. Баъдҳои худи ӯ иттилоъ дод, ки нашъманд шуда буд ва табобат гирифт. Гумон меравад ҳамин иртибот бо мухаддирот тадриҷан аввал ӯро аз саҳна дур кард ва баъдан мубталои бемориҳои зиёд шуду дигар ба саҳна барнагашт. Садояш аз родиё ва телевизион низ шунида намешуд, барномаҳои консертии ин солҳо бидуни ширкати овозхони маъруф мегузаштанд. Ин ҳама ӯро ба узлатнишинӣ водошт. Дарду ранҷи танҳоӣ ва дурӣ аз олами санъату ҳампешагон ба дардҳои ӯ илова шуданд. Вале соли 2011 дӯстон ва шогирдонаш як барномаи консертиро бо ширкати Субҳони Сайид роҳандозӣ карданд ва чуноне аз суҳбатҳои ошкораш дар матбуот бохаб шудем, овозхони мумтоз аз ин талошҳо руҳу илҳом гирифт ва азмашро барои бозгаштан ба саҳна қавӣ кард. Вале боз ҳам бемориву муҳтоҷӣ барояш он имконро фароҳам намеовард, ки орзуҳояшро амалӣ созад.

Тадриҷан Субҳони Сайид аз хуруҷи бемориҳои гуногун хонанишин шуд. Борҳо дар суҳбаташ бо хабарнигорон аз он шиква мекард, ки касе ба аёдаташ намеояд, чун ҳунарманд ниҳодҳои фарҳангӣ низ ӯро фаромӯш кардаанд.

Ин дардҳои танҳоӣ ва ин муҳтоҷиву фақр, ки наметавонист ҳатто сурудаҳои навашро сабт кунад, сарояндаи мумтозро бештар ранҷур кард.

Фурқати Сайид дар таъзияи дардомезе навишт: Ду соат кабл дили поки хунарманди нексиришту баландпарвоз Субҳони Саид аз тапидан бозмонд...Ӯ орзуҳои ширинашро бо худ ба домони хок бурд...Таронаҳои носурудааш дар гулӯяш бозмонд...

Эҳ Субҳон, Субҳон...туро борҳо дар зиндагй куштанд, ба садоят гӯш надоданд, равзанаҳоро ба рӯят бастанд, аммо ин нотавонбинон куҷо медонистанд, ки фарёди ту ба дарди мардум хӯрда, пайкараат дар хумдонашон ҷо гирифтааст...
Рузе равам аз дунё дунеи маро ёбед,

Дар хок шавам пинҳон пайдои маро ёбед...

 Яке аз таронаҳои вопасини ҳунарманди андалебоҳангу махмалинсадо Субҳони Сайид буд, ки моро ҳушдор медод, то ба дидорбиниаш равем, зеро дарк карда буд, ки аз умраш рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Акнун туро чун устухони Рӯдакй аз хок мекобем...

Манзили охиратат обод бод, устоди гиромй. Мактаби ҳунариатро мо шогирдон поянда медорем....”

Абдуазими Абдуваҳҳоб дар ҳошияи ин навиштаи Фурқати Сайид илова кард: Чанд рузи охир бештар ба сурудаҳои Субҳон Саидов гӯш медодам... Воқеан, ин мардро дар зиндагиаш кушта буданд...Кабули ин хабар бароям хеле дарднок аст...
Худованд раҳматаш кунад”.

Хуршеди Атовулло, бунёдгузори “Фараж”, ки дар гузашта борҳо талош крадааст садои Субҳони Сайидро ба ҷомеа расонад ва ба ин хотир аз ташаббускорони чанд барномаҳои консертии ӯ низ будааст, дар сӯгаш навишт: “Дар ҳошияи фарёду нолаву ҳасратҳо дар пояи тобути Субҳони Сайид:

Тоҷикони мо зи баски мардуми олитаборанд,

 Мекушандат! Дар мазорат дастагул хам мегузоранд! 

Ҷонатро аз ҳама ранҷу машаққати зиндагӣ ва мардуми хасакӣ халос кардӣ бародарам, акнун осуда бихоб”!

Сайидабдуллоҳ Нуриддинов. Як корбари Фейсбук навишт: Дар рӯзҳои нек, дунёи фониро падруд гуфтанду рафтанд! Охирин эчодиёти эшон, ин шеьр дар бораи муҳочирон буд, шеьри эшонро бо шунидану хонданд, ашкҳо аз мижгонҳо ҷорӣ мешуд! 

Дар вақти хондани ин шеър медидем, ки борони ашк аз дидаҳояшон берун мерехт. Ва гуфтанд: Ҳеч кас аз ҳолам хабар намегирад! Эшон мехостанд, шеьри барои муҳоҷирон тайёр кардаашонро оҳанг банданд, аммо маблағ надоштанд. Руҳашон шоду қабрашон пурнур ва хонаи охираташон обод бошад!

 Барот Қодиров, як корбари дигар Фейсбук низ навишт: “Имрӯз сарояндаи эстрадаи тоҷик Субҳони Сайид зи мо рафтанду ба Ҳақ пайвастанд. Худованд биҳиштӣ гардонад ин санъаткори асили эстрадаи тоҷикро. Чӣ сурудҳову орзуҳои худро ба хок бурд. Бо сабаби моливу беморӣ ду соли охир натавонистанд, то суруду оҳангҳои худро сабт намоянду ба саъми мардум бирасонад. Номи некашон ҷовидони бодо !

Таъзияҳо ҳамоно дар саҳифаҳои иҷтимоӣ мерезанд ва ин гувоҳи маъруфияти беҳадду ҳудуди овозхони маъруф миёни сокинони кишвар аст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?