Созиши Ҳукумат бо чиниҳо барои фаъол кардани корхонаи Фирташ

Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи сармоягузорӣ ба корхонаи “Тоҷик Азот”-и шаҳри Сарбанд бо ширкатҳои чинӣ мувофиқа кардааст.

Дафтари матбуоти Президент хабар дод, ки 22-юми август Ҳукумат  лоиҳаи  Созишномаи  сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ “Хенан Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ”-и Чинро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол кардааст.

Қаблан сармоягузорони чинӣ гуфта буданд, дар ҳолати бо Тоҷикистон ба мувофиқа расидан корхонаи нуриҳои азотии Вахш – “Тоҷик Азот”-ро дар як сол эҳё хоҳанд кард. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон низ қаблан гуфта буд, барои ба кор даровардани “Тоҷиказот” корхона ба технологияи нав ниёз дорад, пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби ширкат ворид карда шавад.

Корхонаи мазкур, ки саҳмияҳояш (75%) ба соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ, давлати Тоҷикистон (20%) ва Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов (5%) марбут буд, дар пайи қазияи сиёсии ахирӣ ва ба 26 соли зиндон маҳкум шудани раҳбари Ҳизби сабтиноманашудаи “Тоҷикистони нав”, бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон тобистони соли 2014, пурра ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира шуд.

Оғози соли гузашта Шавкат Бобозода, вазири саноат ва техологияи нави Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш гуфта буд, ки Ҳукумати Тоҷикстон барои эҳёи ин корхона аз Чин дархост гирифтааст.

Ӯ гуфта буд, ки "Тоҷиказот" дар ҳоли ҳозир бинобар набудани ашёи хом, ба таври пурра фаъолият намекунад. Имрӯз бидуни технология ба ҷое намерасем. Чиниҳо чунин технология пешниҳод кардаанд. Дар баробари чиниҳо, дигар ширкатҳои аврупоӣ низ чунин пешниҳод кардаанд."

Ин корхонаи нодир ва муҳимтарини Тоҷикистон, ки имкони таъмини тамоми соҳаи кишоварзии мамлакатро бо нуриҳои минералӣ дорад, бинобар қатъ шудани интиқоли газ аз ҷониби Ӯзбакистон аз кор бозмонда буд. 

Корхонаи нуриҳои азотии Вахш воқеъ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон соли 1964 ба фаъолият шуруъ кардааст. Корхона барои соҳаи кишоварзии Тоҷикистон карбамид истеҳсол мекард. Воқеаҳои ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар боис ба он шуд, ки солҳои 1992 то 1995 корхона аз фаъолият боз монд. Тоҳирхон Ғозиев, раҳбари пешини ин корхона ба расонаҳо гуфта буд, ки баъдан, боз ба кор дароваранд, ки ба мушкилӣ кор пеш мерафт. Соли 2001 саҳмияҳои ин корхонаро миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ мехарад, то замони қатъи гази табиӣ аз Ӯзбакистон корхона фаъолият дошт. Аз солҳои 2008-09 инҷониб корхона фаъолият намекунад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?