Соҳибкоре дар Норак бо 2 млн. сомонӣ мактаб бунёд кардааст

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сафараш ба шаҳри Норак як мактаби навро ифтитоҳ кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, мактаби мазкур бо харҷи 2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳиддин Табаров бунёд гардида, аз ду ошёна ва 14 синфхонаи таълимӣ иборат аст.

Дар ин муассисаи таълимии навбунёд 240  нафар толибилм дар як баст ба таълим фаро гирифта шуда, дорои синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, маркази ҳунаромӯзии духтарон, синфхонаи компютерӣ, толори маҷлисгоҳ ва ошхона мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон аз  соҳибкор  Муҳиддин Табаров  барои саҳмгузории фаъол дар раванди бунёдкорию ободонӣ ситоиш кардааст.

Президент аз хонандагон даъват ба амал овард, ки бо рафтору кирдори намунавӣ таҳсил карда, дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, азхуднамоии технологияҳои компютерӣ ва касбу ҳунаромӯзӣ  фаъол бошанд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?