Соҳиби пешини чойхонаи “Роҳат” дар ИМА тарабхона кушод

Зодаи Тоҷикистон, соҳиби пешини чойхонаи “Раҳат” Солеҳҷон Насимов дар шаҳри Роквилли ИМА тарабхонаи шахсии худро бо номи “Самовор” ифтитоҳ крадааст. Дар ин бора машҳуртарин нашрияи чопи ИМА The Washington Post иттилоъ додааст.

Дар мақолаи сомонаи ин нашрия, ки бо номи “Дар Самовор” беҳтарин анъанаҳои чойхонаи тоҷикӣ эҳё мешавад” чоп шудааст, аз ҷумла омадааст, ки солҳои 1990 хонаводаи Насимовҳо дар маркази шаҳри Душанбе соҳиби чойхонаи хеле машҳури “Роҳат” буд.

Дар он солҳо ин чойхона рӯзе то ба 2 ҳазор нафар хизмат мерасонд ва сарошпази он борҳо ба дарёфти ҷоизаҳои гуногун мушарраф шудааст. Зимнан ошпазӣ барои ин хонавода кори аҷдодист. “Чойхона кори тиҷоратии чандин насли ин авлод будааст.

Солеҳҷон онро аз падараш Турдихон Ашур-Охунов охири солҳои 1970 гирифт. Миёни меҳмонони ин чойхона маҳшуртарину маъруфтарин адибону ҳунармандон ва сиёсатмадорон буданд”,- гуфтааст Солеҳҷон дар сҳубаташ бо нашрия.

Солҳои ҷанг Солеҳҷонро ҳам маҷбур карданд, ки чойхонаро, ки дар он баъзан шаҳрвандонро аз ҳамлаи афрод паноҳ ҳам медод, гузорад ва равад. Соли 1993 вай ба Ӯзбакистон рафт ва як сол баъд ба ИМА ҳиҷрат кард. Ҳамон сол вай аввалин ресторони худро дар шаҳри Ню-Йорк боз кард. Соли 1999 ба Душанбе боргашт, то чойхонаашро фурӯшад ва барои тамоми умр ба Амрико равад.

Таомномаи ин тарабхона аз таомҳои Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Русия ва Гурҷистон ва баъзан аз хӯрокҳои уйғурҳои Чин фароҳам шудааст. «Ин ба манзалаи як Иттиҳоди Шӯравии кӯчак аст”, гуфтааст набераи Солеҳҷон Таҳмина Насимова. Соҳиби “Роҳат” тарабхонаи худро дар Роквилли Иёлоти Мэриленд, ки соли 2005 бо хонаводааш ба ин ҷо кӯчида буд боз кард.

Роквиллӣ ба масофаи ҳамагӣ 30 километр аз пойтахти ИМА ҷойгир аст. Ба Солеҳҷон Насимов расо баъди 25 соли аз даст додани чойхонаи машҳураш муяссар шудааст, ки ба орзуяш расад. Дар “Самовор” метавон таомҳое аз қабили тушбера, лағмони уйғурӣ ва албатта палаву лӯлакабоби тоҷикие, ки замоне дар “Роҳат” маъмул буд, тановул кард.

Маврид ба ёдовраист, ки чойхонаи машҳури “Роҳат” соли 1957 бунёд шудаву аз маъруфтарин сохтмонҳои пойтахти Тоҷикистон аст. Ин чойхона бо нақшу нигори суннатиаш ва ороишҳои миллаш аз ҳама биноҳои Душанбе фарқ мекунад.

Охири соли гузашта дар мавриди хароб кардани он ва ба ҷояш сохтани бинои бисёрошёна овозаҳо пайдо шуданд. Аммо баъдтар мақомот гуфтанд, ки биноҳои атрофаш, аз ҷумла театрҳои ба номи Лоҳутӣ ва Маяковский хароб карда мешавад, вале “Роҳат” боқӣ мемонад.Манфиатбардори кунунии он Мухташев ном шахс аст, ки аз одамони наздик ба мири шаҳр Убайдуллоев маҳсуб ёфта, дар бозори сохтмонии пойтахт низ манфиат доранд.

Назарҳо

Э канд зан ана ира корчалон мегуяд халолат бод бародар.

Шояд шумо суол ё назаре доред?