Соатҳои дастӣ бо “номҳои Аллоҳ” аз ширкати Qnet ®

Ширкати Qnet ба олами ислом маҷмуи нави соатҳои дастии Bernhard H. Mayer®-ро пешкаш кард. Ороиши соатҳои дастӣ руҳи исломӣ дорад. Соатҳои сифати аврупоӣ, ки дар онҳо номи Аллоҳ ҳаккокӣ шудааст, ҳангомаи ҳақиқиро дар Ховари Наздик ба вуҷуд оварданд.

Дизайни нав ин моли дунявиро дар кишваре, ки пур аз наҳйи динӣ аст, ба тавсиявӣ табдил дод. Боварии мардуми ин ҷо, ки ба даст омад, бешак, тавсияи муътамаде хоҳад буд, барои мусалмонони тамоми дунё.

Дар бораи ин ҳодиса нашрияи арабии «Аз-зовяат» чунин менависад: “Ширкати Qnet ҳамеша ба арзишҳо ва урфу одати минтақа бо эҳтироми хоса муносибат мекунад. Тиҷорат мекунад ва муносибатҳои шарикиро тақвият мебахшад. Яке аз принсипҳои асосии ширкат дар ҳамин аст ва он дар ҳамаи минтақаҳо риоя мешавад. Зиёда аз он, роҳбарияти ширкати Qnet бовар дорад, ки моли ширкат бояд ба мардуми маҳаллӣ дар зиндагӣ аз рӯи арзишҳову суннатҳо кӯмак кунад. Дар кишварҳои Ховари Наздик ва Африқои Шимолӣ, ки ислом тамоми паҳлуҳои ҳаёти мардумонро фаро гирифтааст, рамзи нишонҳое, ки дар онҳо номи Худо, амру наҳйи Ӯ (ҷ) ва марбут ба суннати Паёмбар (с) дарҷ аст, аҳамияти махсус доранд. Зикри номи Парвардигор дар ҳаёти арабҳо мавқеи хос дорад. Танҳо гирифтани номи Аллоҳ ва сифоти Ӯ кори хайр ва ибодат маҳсуб мешавад дар ин ҷо.

Сокинони Шарқ аз қадимулайём дар чизҳое, ки барояшон қиммату аҳамияти хос доранд, номи Аллоҳ ва оятҳои Каломуллоҳро сабт мекунанд. Ва, албатта, соатҳои дастӣ бо номи Аллоҳ барои онҳо на танҳо як чизи қимат, балки арзишмандтару манфиатовар хоҳад буд. Дар соатҳое, ки ҳар кадом дастӣ сохта шудаанд, тамоми 99 номи Аллоҳ дарҷ шудаанд. Навиштаҷот дар соатҳо аз ҷониби ҳаккокону рассомони беҳтарине, ки ба ҳаккокии арабӣ машғуланд, иҷро шуда, соатро бо се ҳалқаи зебо оро додаанд. Дар ҳамоҳангӣ бо се ақрабак ба он ҳусни ғайриоддӣ зам мекунанд.

Соатҳо дар ду шакл пешниҳод мешаванд, бо асоси нуқрагин ва дастаи оҳанин, ки занг намезанад ва асоси сиёҳ ва дастаи резинӣ. Рӯйшиша аз ёқут ва механизми швейтсариягии квартсии Ronda аз афзалиятҳои он маҳсуб мешаванд.

Шуруъи фурӯши соатҳои махсусро Холид Диаб, директори генералии ширкати Qnet дар минтақаи Ховари Наздик ва Африқои Шимолӣ эълон кард. Вай таъкид кард, ки: “Маҷмуаи соатҳои нави дастисохт анъанаҳо ва эътиқоди моро ба фарҳангу арзишҳои минтақа бо талаботи махсус ба тасвирҳо идома хоҳад дод. Мо тақозои зиёдро аз ҷониби муъминон, онҳое, ки ба ҳар чизе, ки Худо офаридааст, эҳтиром доранд, интизор будем”.

Маҷмуаи мазкурро ба фурӯш гузошта, мо мехостем миннатдории хоси худро ба мизоҷон ва шариконамон дар Ховари Наздик ва Африқои Шимолӣ баён дорем.

Имрӯз ин Ховари Наздик ва Африқои Шимолӣ минтақаҳое маҳсуб мешаванд, ки фурӯши моли Qnet дар ҳоли рушди бештар аст. Ширкат ба ин манотиқ аҳамияти хос медиҳад ва ситоди он дар Дубай (АМА) ба паҳнкунандагони худ беш аз 2 милион соатҳои маҷмуаи нави “Номҳои Аллоҳ” - ро пешниҳод мекунад.

Агар Шумо низ ба соатҳои ширкати Qnet таваҷҷуҳ доред, метавонед онҳоро тариқи намояндагии ширкат дар Тоҷикистон ба даст оред.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Аз кучо дастрас кунем ? Ва нархаш чанд сум?
SUPER
Аз намояндагони мустакими ширкат...
Эй мардуми точик! касе ки дар барат намоз хонду садака кард, зуд бовараш карда молу мулкатаро барояш такдим накун. Камтар хушёр шавед. Барои тичорат шуда, номи Аллохро хам истифода мекунанд
Ман хам 2- сол пеш аз компанияи QNET як соат харидам. Дар хакикат соати хуб аст. Ва маслихат метиямки харед.
Барои ман макул шуд. Хуб аст бпродарони ман.
Бехтарин соат барои хама тавсия медихам!
Бародароно мусалмон ин фиреб аст. КЮНЕТ ин финансовый пирамида аст. Бе фоида Орзу Исоевро барои кушода кардани фиребу найрангхои ин ширкат начикиданд. Холо ин ширкат бо максади баркарор кардани чонибдоронаш аз дини мову шумо истифода мебарад. БА ИН АМАЛ ДОДА НАШАВЕД. Ин ширкат 99% не балки 100 % фиреб мекунад мардумро ва горат мекунад. ХАМРОХ НАШАВЕД ЭЙ МУСАЛМОНХО, балки хадди имкон тонед дигаронро аз ин гумрохи эмин доред.
Хамин аломате, ки дар сарлавха хасту ман дар клавиатура наёфтамаш маънии рекламадро доштааст. Офарин ба сомона, ки реклама будани ин маколая кайд кардаги
Беҳтаринай ҳамаш
Ак да центр я сутума мусумоно заде мере да рӯзи туйтон да уҷа қулфу калид мезане бахтотона ки ин кор кори яҳудиҳо ҳаст ва ширк аст итари коро тиҷорато ҳичи нею и бечораи компания я соате бровардай ки 99 номҳои Аллоҳ бе камбуди навистагияй и фиребу роҳи пул коркуни неки у корои бутпараститон ҳичи не қати магазини I'm different

Шояд шумо суол ё назаре доред?