Синни ҳазрати Оиша (р) ҳангоми издивоҷ на 7 ё 9, балки 19 буд

Яке аз масоиле, ки дар забонҳо бисёр ҷорист ва барои иддае ғаразварз низ баҳонае шуда, то бар ислом ва вуҷуди нозанини ҳазрати Паёмбар (с) битозанд, синни Уммулмуъминин ҳазрати Оиша (р) ҳангоми издивоҷ бо он ҷаноб (с) аст. Пештар (ба назарам, 2 сол қабл) дар посух ба пурсише, пиромуни ин мавзӯъ навишта будам, вале чун имрӯзҳо низ ин масъала барангехта мешавад, лозим дидам, ҳамон баҳсро муҷададан матраҳ кунам.

Тавзеҳ: бо вуҷуди ин ки дар порае аз ривоятҳо синни ҳазрати Оиша (р) ҳангоми издивоҷ 9 сол зикр шудааст, вале таҳқиқ ва пажӯҳиши дақиқ дар ин мавзӯъ (бо диққат дар ҳамаи ривоятҳо ва ахбори ворида дар ин замина) нишон медиҳад, ҳақиқат чизе дигар будааст.

Ҳол, ба нукоти зайл таваҷҷӯҳ бифармоед:

1. Имом Бухорӣ, дар бораи торихи издивоҷи Расули Худо (с) бо ҳазрати Оиша, аз забони худи Уммулмуъминин Оиша (р) нақл мекунад, ки Расули Худо 3 сол баъд аз ҳазрати Хадиҷа (р) бо ӯ издивоҷ кардааст:

حَدَّثَنَا قُتَيْبَةُ بْنُ سَعِيدٍ حَدَّثَنَا حُمَيْدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ عَنْ هِشَامِ بْنِ عُرْوَةَ عَنْ أَبِيهِ عَنْ عَائِشَةَ — رضى الله عنها — قَالَتْ مَا غِرْتُ عَلَى امْرَأَةٍ مَا غِرْتُ عَلَى خَدِيجَةَ مِنْ كَثْرَةِ ذِكْرِ رَسُولِ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — إِيَّاهَا. قَالَتْ وَتَزَوَّجَنِى بَعْدَهَا بِثَلاَثِ سِنِينَ وَأَمَرَهُ رَبُّهُ عَزَّ وَجَلَّ أَوْ جِبْرِيلُ — عَلَيْهِ السَّلاَمُ — أَنْ يُبَشِّرَهَا بِبَيْتٍ فِى الْجَنَّةِ مِنْ قَصَبٍ

Дар ин ривоят ҳазрати Оиша (р) мегӯяд, ки ба ҳеч зане ба андозае, ки ба Хадиҷа рашк кардаам; зеро Расули Худо (с) аз ӯ зиёд ёд мекард. Сипас мегӯяд: «Расули Худо (с) 3 сол баъд аз Хадиҷа бо ман издивоҷ кард. Худованд ба Расули Худо (с) ва ё Ҷабраил (а) дастур дод, ки ба Хадиҷа салом расонда ва ӯро ба хонае дар биҳишт башорат диҳад, ки аз най сохта шудааст.» (Саҳеҳ Бухорӣ, 13/131, Ашомила)

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳазрати Хадиҷа (р) дар соли 10-уми паёмбарӣ аз дунё рафтаанд, пас замони издивоҷи Расули Худо (с) бо ҳазрати Оиша (р) дар соли 13-уми паёмбарӣ будааст.

Абуҳафс Умар ибни Алии Ансорӣ баъд аз нақли ривояти Имом Бухорӣ мегӯяд:

وبنى بها بالمدينة في شوال في السنة الثانية

«Расули Худо (с) дар соли дуввуми ҳиҷрӣ ҳазрати Оишаро ба хонаи худ овард.» (Ғоятус саул фи хасоисир Расул (с), 1/56, Ашшомила)

Тибқи ин нақл, Расули Худо (с) дар соли 13-уми паёмбарӣ ҳазрати Оишаро ба ақди худ дароварда ва дар соли дуввуми ҳиҷрӣ расман бо ӯ арӯсӣ кардаанд.

Аз нақли бархе дигар аз торихнигорон ба ин натиҷа мерасем, ки издивоҷи Расули Худо (с) бо ҳазрати Оиша дар соли 4-уми ҳиҷрӣ будааст. Билозарӣ дар “Ансобул-ашроф” дар шарҳи ҳоли Савда, ҳамсари дигари Расули Худо (с), менависад:

فكانت أول امرأة وطئها بالمدينة

«Расули Худо (с) баъд аз Хадиҷа, чанд моҳ қабл аз ҳиҷрат бо Савда бинти Зумъа издивоҷ кард ва ӯ нахустин ҳамсаре буд, ки Расули Худо (с) дар Мадина бо ӯ ҳамбистар шуд.» (Ансобул-ашроф, 1-407, Ашшомила)

Аз тарафи дигар, Заҳабӣ мегӯяд, Савда 4 сол танҳо ҳамсари Расули Худо (с) будааст:

وتوفيت في آخر خلافة عمر، وقد انفردت بصحبة النبي صلى الله عليه وسلم أربع سنين لا تشاركها فيه امرأة ولا سرية، ثم بنى بعائشة بعد

«Савда дар соли охири хилофати ҳазрати Умар (р) аз дунё рафт, ӯ 4 сол танҳо ҳамсари Расули Худо (с) буд, ҳеч зане дар он 4 сол бо Савда дар ин амр (амри издивоҷ) шарик набуд, сипас Расули Худо (с) бо ҳазрати Оиша издивоҷ кард.» (Торихул-исломи Заҳабӣ, 3/288, Ашшомила)

Бо ин ҳисоб, ҳазрати Оиша (р) дар соли 4-уми ҳиҷрат, 4 сол баъд аз издивоҷи Расули Худо (с) бо Савда, бо он ҳазрат (с) издивоҷ кардааст.

Феълан он чиро овардем, дар зеҳн дошта бошед.

2. Акнун, бо муроҷеа ба мадорик ва асноди торихӣ, синни ҳазрати Оиша (р)-ро дар ҳангоми издивоҷ баррасӣ хоҳем кард:

Муқоисаи синни ҳазрати Оиша бо синни хоҳараш Асмо бинти Абӯбакр:

Яке аз масоиле, ки синни дақиқи ҳазрати Оишаро дар ҳангоми издивоҷ бо Расули Худо (с) ба исбот мерасонад, муқоисаи синни ӯ бо синни хоҳараш Асмо бинти Абӯбакр аст. Тибқи нақли торихнигорон, Асмо 10 сол аз ҳазрати Оиша бузургтар буда ва дар соли аввали ҳиҷрӣ 27 сол доштааст. Ҳамчунин дар соли 73 аз дунё рафта, дар ҳоле ки 100 сола будааст.

Абӯнаъими Исфаҳонӣ дар “Маърифатус-саҳоба” менависад:

أَسْمَاءُ بِنْتُ أَبِي بَكْرٍ الصِّدِّيقِ… كَانَتْ أُخْتَ عَائِشَةَ لِأَبِيهَا، وَكَانَتْ أَسَنَّ مِنْ عَائِشَةَ، وُلِدَتْ قَبْلَ التَّأْرِيخِ بِسَبْعٍ وَعِشْرِينَ سَنَةً

«Асмо духтари Абӯбакри Сиддиқ, аз ҷониби падар хоҳари ҳазрати Оиша ва аз ӯ бузургтар буд. Асмо 27 сол қабл аз торих (ҳиҷрат) ба дунё омад.» (Маърифатус-саҳоба, 6/3253, Ашшомила)

Табаронӣ менависад:

ماتت أسماء بنت أبي بكر الصديق سنة ثلاث وسبعين بعد ابنها عبد الله بن الزبير… وكان لأسماء يوم ماتت مائة سنة ولدت قبل التاريخ بسبع وعشرين سنة

«Асмо духтари Абӯбакр дар соли 73 ва баъд аз писараш Абдуллоҳ ибни Зубайр аз дунё рафт. Асмо дар ҳангоми вафот 100 сол дошт, 27 сол қабл аз торих (ҳиҷрат) ба дунё омада буд.» (Алмуъҷамул-кабир, 24/77, Ашшомила)

Ибни Асокир низ менависад:

كانت أخت عائشة لأبيها وكانت أسن من عائشة ولدت قبل التاريخ بسبع وعشرين سنة

«Асмо аз ҷониби падар хоҳари ҳазрати Оиша ва бузургтар аз вай буд, Асмо 27 сол қабл аз торих (ҳиҷрат) ба дунё омада буд.» (Торихи Димишқ, 69/9, Ашшомила)

Байҳақӣ нақл мекунад, ки Асмо 10 сол аз ҳазрати Оиша бузургтар будааст:

أَسْمَاءَ بِنْتَ أَبِى بَكْرٍ كَانَتْ أَكْبَرُ مِنْ عَائِشَةَ بِعَشْرِ سِنِينَ

«Аз Ибни Абизинод нақл шудааст, ки Асмо духтари Абӯбакр 10 сол аз ҳазрати Оиша бузургтар будааст.» (Сунанул-Байҳақӣ, 2/85, Ашшомила)

Ҳоло диққат бифармоед:

Асмо дар соли аввали паёмбарӣ 14 сола ва 10 сол аз ҳазрати Оиша бузургтар будааст. Пас, ҳазрати Оиша (р) дар соли аввали паёмбарӣ, 4-сола ва дар соли 13 паёмбарӣ (соли ақд бо Расули Худо (с)) 17-сола ва дар шавволи соли дуввуми ҳиҷрат (соли издивоҷи расмӣ бо Паёмбар (с)) 19-сола будааст.

Аз тарафи дигар: Асмо дар соли 73 садсола буда. 100 минҳои 73 баробар аст бо 27. Пас дар соли аввали ҳиҷрат, 27 сол доштааст.

Асмо аз ҳазрати Оиша 10 сол бузургтар буда. 27 минҳои 10 баробар аст бо 17.

Пас, ҳазрати Оиша (р) дар соли аввали ҳиҷрат 17 сол син доштааст. Пеш аз ин собит кардем, ки Паёмбар (с) дар шавволи соли дуввуми ҳиҷрӣ расман бо ҳазрати Оиша (р) издивоҷ кардааст, яъне ҳазрати Оиша дар ҳангоми издивоҷ бо Расули Худо (с), 19 сол доштааст.

Ва аммо ривоятҳое, ки мегӯяд, ҳазрати Оиша дар 9-солагӣ ё камтар ё бештар издивоҷ карда ва ин син муносиб барои издивоҷ нест, аз дурӯғҳое аст, ки бо воқеиятҳои торихӣ (чунон ки овардем) созгорӣ надорад, ҳарчанд дар бархе манобеи ривоӣ ва ҳадисӣ ва торихӣ ба он тасреҳ шуда бошад; зеро мо ба ҷуз Қуръони Карим ҳеч манбаъе, ки аз таҳриф ҷон ба саломат бурда бошад, надорем.

 

 

Сайидюнуси Истаравшанӣ

 

Назарҳо

Шейх Махмуд Ахмад аз-Зейн отвечает на следующий вопрос: Женился ли Пророк (да благословит его Аллах и приветствует) на Аише, когда ей исполнилось 9 лет? Ответ: Это известный факт, так как об этом свидетельствует хадис Муслима. И если даже существует другая версия этого хадиса, в котором говорится, что он женился на Аише, когда она была возрасте 18 лет. Этот хадис противоречит хадису Муслима. Неприемлемо для обладателей знаний, принижать достоверный хадис, приводимый Муслимом из-за натиска критиков Ислама и их сторонников, находящихся среди нас. Этим людям не понять особенность физиологии арабов, характерной для самого центра местности Аль-Джазира, благодаря которой девушки достигают зрелости и готовы к замужеству в 9 лет. Они считают природу женщин, находящихся в странах с холодным климатом мерилом для женщин всего мира. Это является невежеством и упрямством. Даже если бы Пророк (да благословит его Аллах и приветствует) женился на Аише (да будет доволен ею Аллах), когда ей было 15-17 лет, они бы сказали: «Она девочка…». Так как девушки считаются зрелыми на Западе в восемнадцать лет. Некоторые из европейцев считают, что девушка, и в 18 лет является ребёнком, из-за психологических и физических факторов, но это речь невежественных людей. С точки зрения физиологии, признак зрелости у Аиши был очевиден. Она отличалась среди остальных жён своей выносливостью. И это проявлялось в их игровых состязаниях. При разделении на команды, она возглавляла наиболее сильную команду, несмотря на то, что все они были старше неё годами. Все эти случаи указывают на её полную зрелость. Как это очевидно из истории с клеветой на неё (впоследствии сам Всевышний оправдал Аишу в священном Коране). Возраст Аиши не превосходил в это время 15 лет. Но если судить западными мерками, она являлась ребёнком. Поскольку она была рядом со своим отцом, она видела события, связанные с ниспосланием Корана, события, связанные пророчеством, а также то, что проистекало из этого. Она наблюдала за процессом конфликта с многобожниками. Все эти обстоятельства влияли на её взросление. Подобно тому, как мы видим сегодня, смелых палестинских детей в пределах десяти лет, бросающихся с камнями на танки. Обстоятельство, что госпожа Аиша (да будет доволен ею Аллах) жила при этих событиях, делают её социально зрелой, потому что противостояние убеждений и социальное противостояние оказывают огромное влияние на человека. Одним из таких факторов, оказавших влияние на неё, это помолвка с другим человеком. Она расторгнута из-за того, что он был многобожником. Эта помолвка доказывает, что женитьба на молодых девушках, является обычаем в арабском социуме. Поэтому женитьба Пророка (да благословит его Аллах и приветствует) не была из ряда вон выходящим событием, противоречащим природе человека и его психологии. Пророк (да благословит его Аллах и приветствует) женился на госпоже Сафия дочери Хайя, когда ей исполнилось семнадцать лет. Она была замужем и её муж умер. Возраст 17 лет для европейцев является детским возрастом, вместе с тем, что Сафия была ранее замужем и потеряла мужа. Проблема европейцев в том, что они делают свою реальность мерилом для всех людей и всех наций, и всех мест, не обращая внимание на различие народов и времен. Сторонники европейских взглядов, не задумываясь, принимают от них всё. Трудность тех, кто отвечает на религиозные и культурные нападки в том, что они принимают за основу эти сомнения и это неправильно. После этого их попытки отвергнуть агрессию европейцев выглядят уклонением от ответа и подобны признанию их мнения. Признавшие возраст Аиши (9 лет) детским возрастом, делают это из-за неспособности дать ответ с научной точки зрения. Но истина, как было сказано ранее, в том, что возраст девять лет на Аравийском полуострове, особенно в то время, не является детским возрастом, это возраст зрелости, как становится известным из изучения арабской натуры. источник:шариат.рф
Окои Истаравшани, акнун дар мавриди тавчехи бисерзании расули худо хам маколае нависед. Хохиш мекунам. Точневс расон хохиш.
ТОТ человек который на верху вел текст на русском...Ты не прав !!! .....Саидюнус он прав в этом статье .
Салом бародари азиз Муслим! Аз шумо эҳтиромонона хоҳиш мекунам, ки ҳамин матнро бо забони тоҷикӣ нависед. Ҳадди ақал мазмуни асосиашро нависед то хонандагон бифаҳманд, ки шумо чӣ навистаед. Зеро ҳама бо забони рӯсӣ ошно нест. Дар охир аз даргоҳи Аллоҳи меҳрубон барои шумо илми бо амал ва саодати дунёву охиратро таманно дорам. Тоҷнюс илтимос чоп кунед!
...Огои номухтарам... хохиш мекардам дар мазхаби худат кор мекарди....
-Чуноне, ки маълум аст духтарон дар кишварҳои гарм зуд ба балоғат мерасанд. Аз назари тиб гоҳо духтарони кишварҳои гарм дар синни 8 ё 9 солагӣ ба балоғат мерасанд. Бубинед як табиби машҳури амрикоӣ, ки номаш Дошни аст, чи мегӯяд: "Духтарони сафедпуст дар Амрико дар синни 7 ва 8 солагӣ ба балоғат мерасанад. Аммо духтароне, ки аслашон аз кишварҳои гарми африкоӣ аст, дар синни камтар аз ин яъне 6 солагӣ ба балоғат мерасанд. Аз назари тиббӣ низ исбот шудааст, ки аввалин ҳайзе, ки духтар мебинад ва онро дар тиб «menarche» мегӯянд дар синни 9 то 15 солагӣ шурӯъ мешавад. -Издивоҷи Паёмбар бо духтари аз худаш хеле ҷавон дар он замона як чизи ғариб ва нав набуд. Ин навъ издивоҷ дар он замон як чизи оддӣ буд. Агар чунин издивоҷ дар он замон роиҷ намебуд, Қурайш, ки сарсахттарин душманони Паёмбар буданд ба ӯ инро хурдагирӣ мекарданд ва ӯро масхара мекарданд. Мушрикони Қурайш, ки сарсахттарин душманони Паёмбар буданд ва барои нобудии дини вай аз ҳеч туҳмате даст намекашиданд ва Паёмбарро шоир ва девона мегуфтанд, боре аз онҳо чунин туҳмате, ки Ӯ бо духтари хурдсол издивоҷ кардааст, сар назад. Чунки чунин издивоҷ дар он замон хусусан дар сарзамини Ҳиҷоз як амри оддӣ буд. Инчунин Абдулмуталлиб бо Ҳавла духтари аммаи Омина дар ҳоле издивоҷ кард, ки фарқ умри онҳо бештар аз 60 сол буд. - Агар Паёмбари Худо (алайҳиссалом) шаҳватпараст ва занбоз мешуд, чаро дар синни ҷавонӣ, ки марҳалаи дар ҳоли талотум будани дарёи шаҳвати ҷавонон аст, бо зани аз худаш 15 сол бузург ва он ҳам бевазан издивоҷ намекард. Бале азизон, Паёмбари Худо дар синни 25 солагӣ буд, ки бо Хадиҷа, ки 40 сола буд издивоҷ кард.
-Агар Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ҳавасрони зану шаҳват мешуд, ҳамаи занҳои гирифтааш бева ва калонсол набуданд, ғайр аз Оиша. Танҳо Оишаи Сиддиқа занест, ки Паёмбари Худо онро духтар гирифта буданд. -Душманони сарсахти ислом чи насрониву чи яҳудӣ бар Паёмбари Худо туҳмат мезананд, ки бо духтаре издивоҷ кардааст, ки аз худаш 50 сол хурд буд. Магар Марями муқаддас- ба қавли худашон- дар 12 солагӣ ба номзадии Юсуфуи Наҷҷор даромада буд, ки умри ӯ дар 90 буд. Яъне Юсуф аз Марям 78 сол бузургтар буд. Чаро дар ин бора чизе намегӯянд? (Энциклопедияи католикӣ). - Оё магар Оҳоз «Akhaz» (паёмбари мазъуми яҳудӣ), ки дар китобҳои худашон омадааст дар синни 10 солагӣ издивоҷ накард ва дар 11 солагӣ соҳиби фарзанд нашуд? Пас агар вай дар 10 солагӣ издивоҷ карда бошад аз ин фаҳмида мешавад, ки ҳамсараш ё 9 сола ва ё ҳамсоли худаш будааст. Чаро ин ҳодисаи таърихиро аз чашми мардум мепӯшанд ва ба муқаддасот ислом санг мезанад? Ба назари ман, сабаби ҳамаи ин бадбахтиҳо худи моем, ки дода шуда ба воситаҳои ахбори онҳо ҳастем. Аз таъриху адабиёти худамон, ки саршор аз илму маърифт аст, бегонаем. Бале дӯстони азиз, Паёмбари Худо (алайҳиссалом) шахси шаҳвонӣ ва занҳавас набуданд. Агар чунин мебуданд аз издивоҷ бо як хонум аз худаш 15 сол бузург ва дар навбати худ бева издивоҷ намекарданд. Агар чунин мебуданд, дар замоне, ки сарзаминаш гушау атрофи нимҷазираи арабро фаро гирифта буд, фақат бо духтарони ҷавон ва бикр издивоҷ мекарданд. Чуноне, ки қаблан ёдовар шудем, ҳамаи ҳамсарони Паёмбар ба ҷуз Оишаи Сиддиқа бевазан буданд. Паёмбари Худо на ба ҳадафи ҷинсӣ балки бо ҳадафҳи иҷтимоӣ ва ҳадафи нафъу фоида барои умматаш издивоҷ мекарданд. Аз ин ҷост, ки Оишаи Сиддиқа дар оғуши Паёмбар фақиҳтарин ва олимтарин зани ислом тарбия ёфт. Бубинед як олими бузурги ислом имом Зуҳрӣ дар васфи модари муъминон Оиша чи гуфтааст: "Агар илми Оишаро дар як паҳлуи тарозу гузошта шавад ва илми дигар занҳои Паёмбар ва ҳамаи занонро дар паҳлуи дигари тарозу гузошта шавад, албатта илми Оиша сангинтар ва беҳтар аст." Оиша олимтарин ва фақеҳтарин зан буд. Ва охиру даъвоно анил-ҳамду лиллоҳи раббил-оламин

Шояд шумо суол ё назаре доред?