Шоҳрух Саидов мурраббӣ ва корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ шуд

Шоҳрух Саидов, президенти клуби “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе соҳиби унвонҳои мураббии шоиста ва корманди шоистаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон гардид.

Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, сухангӯи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бо қарори Комиссияи озмун Шоҳрух Саидов ба унвонҳои “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонда шудааст. 

Дар Кумитаи ҷавонон мегӯянд, Шоҳрух Саидов ва дигар нафарони ғолиб дар “рушду инкишофи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш саҳми арзанда гузошта, соҳиби унвонҳои варзишӣ шудани онҳо барои  боз ҳам рушду инкишофи соҳа дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.”

Ҳамчунин Мубин Эргашев, сармураббии клуби “Истиқлол” ва иҷрокунандаи вазифаи мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ соҳиби унвони  “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” гаштааст.

Ҳамроҳ бо Шоҳрух 6 нафари дигар Муродҷон Умаров, Аслиддин Ҳабибулоев, Рустам Ҳакимов, Фаррух Авезов, Эркин Додоҷонов ва Ширинҷон Валиев соҳиби унвони “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон” шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, соли равон 18 нафар дар кишвар соҳиби унвони устоди варзиши Тоҷикистон гардидаанд.  Азҷумла Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов, Нуриддин Давронов, Никола Стошич, Қурбоналӣ Бабаев, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Петро Ковальчук,  Кастеллс Баллестер, Маҳдӣ Чаҳҷуи, Ромиш Ҷалилов, Умедҷон Шарипов, Парвизҷон Умарбоев, Родригез Бледа, Зиёвуддин Фузайлов, Амирҷон Сафаров, Хуршед Маҳмудов ва Эраҷ Раҷабов.
Дар миёни нафароне, ки соҳиби унвонҳои варзишӣ гардиданд, Шоҳрух Саидов ягон нафаре мебошад, ки якбора соҳиби ду унвони варзишӣ мураббии шоиста ва корманди шоистаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон гардидааст.

Шоҳрух Саидов, президенти клуби “Истиқлол” фарзанди Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон мебошанд. Аз наздикони Рустами Эмомалӣ, писарбузурги Президент Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Ман ҳамчун ҷавон ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дорам, ки Шоҳрух Саидовро дар якҷоягӣ бо ин ду унвони варзишӣ, унвонӣ беҳтарин "ҶАВОН" дар рӯшди варзишӣ кишвар дар соли 2015 сарфароз гардонида шавад.
Ман бо шогирдони худ фахр мекунам ки ба . ватани худ сидкан хизмат мекунанд . .
Карочи сохиби хамаичи гуед тамом!
Товба худо аз ин бад накунад

Шояд шумо суол ё назаре доред?