“Шоҳнома”-и 418-солаи Осорхонаи китоби Китобхонаи миллӣ

Китобхонаи миллии Тоҷикистон “Шоҳнома”-еро дар Осорхонаи китоб гузоштааст, ки 418 сол пеш китобат шудааст.

Раҷабалӣ Додхудоев, сардори шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ мегӯяд, асари мазкур соли 1007-и ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1598 мелодӣ аз ҷониби Муҳаммад Боқир ибн Муртазо ал-Ҳусайн ал-Истамбулӣ нусхабардорӣ шуда, мутаасифона, ҷойи китобаташ зикр нашудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки оғози замони «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бо ихтилофоти дохилии хонаводаи Сомониён, ҷанги лашкари Сомониён бо амирони Оли Бўя, ихтилофот бо Дайламиён, ки дар солҳои 980-981 рўх додаанд, мутобиқ омадааст. Фирдавсӣ барои анҷоми ин асари безавол дар таҳрири нахуст 30 сол умри хешро харҷ кардааст. Баъд аз он чандин соли дигар ин асар аз ҷониби худи муаллиф таҳриру такмил ёфтааст.

Мавзўъҳои аслии ин асари безавол дар меҳвари асотир, қаҳрамонию палавонӣ ва маърифати бадеии таърих қарор гирифтаанд. Дар баёни асотири бостонии халқҳои эронинажод, тасвири бошукўҳи далерию шуҷоат, меҳанпарастӣ ва озодӣ, таҷассуми бадеии таърихи подшоҳони эронӣ Фирдавсиро зарурат пеш омад, то садҳо мавзўъҳои фаръии дигарро ба саҳнаи андешаву тасвир ворид сохта, хонандаи асари хешро аз раҳнамоиҳои ҳакимона бархурдор намояд.

Бояд зикр кард, ки «Шоҳнома» асари гаронқадре барои пажўҳиши забоншиносӣ буда, истилоҳоти ҳуқуқӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ, девонӣ, нуҷумӣ, тиббӣ, ҷуғрофӣ, мардумшиносӣ, таърихӣ ва соҳаҳои гуногуни рўзгори инсониро дар бар мегирад.

Манбаъ ҳамчунин бар ин назар аст, ки ин асар аз лиҳози бузургии зоҳирӣ, шаҳомат ва ғунҷоиши маониву мазмун дар саросари ҷаҳон беназир буда, қариб ба тамоми забонҳои дунё тарҷума ва мавриди пажўҳиш қарор гирифтааст.

«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ки дар «Осорхонаи китоб» ба намоиш гузошта шудааст, аз 914 саҳифа иборат буда, дар саҳифаи 474-уми он ду муҳри доирашакли Мулло Сайид Акрам гузошта шудааст.           

Асари мазкур комил буда, дар дохилаш 22 минётур ва оғози ҳар кадом варақи унвон шаш зинату ороиш дорад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?