Шоира Раҳимҷон: Ба рӯйхати сиёҳи ТВ-ҳои давлатӣ афтидам

TojNews:  -Барои чӣ Шуморо дар ТВ кам мебинем, пештар ку дар Шабакаи аввал бештар баромад мекардед... не?

Шоира:Дуруд ба Шумо! Телевизион воқеан минбари беҳтарин барои тарғиби фаъолият ва чеҳра аст.Дар замони роҳбарии Асадулло Раҳмон мушкили он ки ҳунармандону шахсони эҷодкор монеъа дошта бошанд камтар буд.Бо омадани роҳбарияти нав рӯйхати сиёҳ якбора авҷ гирифту бештари овозхонони маҳбуби дили мардум фарогири он рӯйхат гаштанд.Аз ҷумла ман ҳам эҳсос кардам, ки агар пештар аз мусоҳибаҳо дар телевизион ҳатто мегурехтам, аммо дигар даъватам намекарданд.

TojNews: - Аз он ки ба руйхати сиёҳи Кумитаи радио ва ТВ афтиданатон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ишора кардед... Сабаб ба фикратон воқеан дар як чеҳраи расонаӣ буданатон аст?

Шоира:-Фикр мекардам, ин ки дигар чун пешин маро пайваста барои мусоҳиба ва иштирок дар барномаҳои телевизионӣ даъват намекунанд, шояд аз "муд" баромада бошем. Аммо рузе як журналисти шабакаи аввал аз ман хоҳиш кард, ки каҳрамони барномааш бошам. Рад накардам. Рӯзи сабт бо омодагӣ ба сӯи телевизион мерафтам, ки он ҷавон занг зад ва гуфт узр шуморо роҳбарият иҷозат надоданд.

Пурсидам: Сабаб чист? Гуфт, ки худаш ҳам намедонад, вале гуфтанд, ки дар “черный список” ҳастед. Бисёр нороҳат шудам. Баъдан кор то ҳадде расид, ки вақте сурудҳои ватании эҷодкардаамро ба таври клип омода мекарданд номамро дар зераш чун муаллиф наменавиштанд. Вақте мепурсидам мегуфтанд ин духтар зиёд расонаӣ ҳаст. Дар борааш зиёд менависанд. Ин ки расонаҳо дар бораи зиндагиву кори ман менависанд айби ман нест охир. Дар ду соли охир нав мусоҳиба мекунам бо шумо. Вале фикр намекунам, ки расонаӣ будани ман гуноҳ бошад. Ин ҳарфро худи яке аз роҳбарияти телевизион ба ман гуфта буд, ки шумо расонаӣ ҳастед. Вақте пурсидам манзури ҳарфи шумо чист? Гуфт дар “Фейсбук” ҳар рӯз дар бораатон менависанд. Мисол овард, ки мана чанде пеш хондем, ки шуморо ба прократура даъват кардаанд. Ҳайрон шудам. Ин мардум фақат сарлавҳаро мехонанд магар? Дар дохили ҳамон матлаб омадааст, ки ман ва чанд ҳунармандони дигарро ба ҳайси шоҳид дар қазияи гаҳворабандони Фарзонаи Хуршед даъват кардаанд. 

Аммо ман мисли дигарон хомӯш намеистам. Барои ҳимояи худам арзамро то Ҷаноби Олӣ мерасонам. ба ин мақсад мактуби махсус омода кардаам ба унвонии Президенти кишвар, ки дар камтарин фурсат дар ин бора ҳам хоҳед шунид. 

TojNews:  -Тибқи иттилои расонаҳо мебоист ба шумо вазифаи давлатии сармуҳарририи радиои Садои Душанберо бовар мекарданд, чи ба ин монеа шуд? Гуфта метавонед?

Шоира: То ҳанӯз ин муаммо сарбаста аст барои ман. Ҳарчанд аз Худованд шукргузорам, ки ҳамин гуна шуд. Чунки барои эҷодкор меъёри корӣ марг аст. Марги андеша ва назора ба эҷодаш. Дар озмуни эълоннамудаи Кумитаи телевизион ва радио иштирок кардам. Маро ҳатто таҳният гуфтанд, ки шумо сармуҳаррири радиои Садои Душанбе интихоб шудед. Дар давоми озмун то ҷамъбасти он ман қариб тими эҷодии навро ҷамъ кардам ва ҳатто тарҳрезии пурраи ин шабака омода буд, ки тибқи он радиои Садои Душанбе бояд пешсафтарин радио ва дар ҷои аввал мебуд. Шабе дар фикри он будам, ки чи гуна бо як зарбаи солим нишон бидиҳем, ки радио чист. Бо ин фикр хобам бурдааст. Дар хобам равоншод Сайф Раҳимзоди Афардиро дидам, ки гӯё бо ман дар фикри радиост ва ба ман мегӯяд: “Аввал, ки ту бояд шоир боши ин кор барои ту нест. Аммо ҳоло, ки сари тасмим омадаи, ёд дори оғози кори ин шабакаро?”Аз хоб бедор шудаму ёдам омад, ки Сайф шурӯи кори шабакаро бо марафон оғоз карда буд. Ва мо омодагӣ мегирифтем барои марафон. Дар сомонаи “Озодагон” инчунин дар “Фейсбук”  якбора хабари бармаҳалро хонда ҳайрон шудам. Ҳол он ки хоҳиш намуда будам аз кормандони "Озодагон", ки то фармони корӣ хабар асос надорад.Фақат рузи баромадани фармон ва муаррифӣ якбора хабар омад, ки каси дигар ба ин вазифа сазовор дониста шуд. Замони ҳамон" сазоворҳост", ки кореро ҳанузам ба анҷом нарасонидаанд, ки далел аз буда фуру рафтани кори радиои мазкур аст

TojNews:  -Дар бораи ситораҳои эстрада бештар аз шумо ба гумонаст, ки касе донад. Чаро бисёри сарояндаҳо аз руйхати сиёҳ шикоят доранд? Ин руйхат киҳоро насиб мегардад ва чаро? Мегӯянд, ки як сабабаш маблағ аст, дуруст аст?

Шоира:Сабабҳо гуногунанд. Аксари хунармандони овозодор харчанд аз руйхати сиёх берун шуда бошанд ҳам дигар хоҳиши ширкат дар телевозионро надоранд. Аммо нафарони ниёздошта ба телевизион сад дарро мекубанд, восита меҷуянд, ки баргарданд. Сабаб маблағ нест. Сабабҳо гуногунанд, ки бигзор худи санъаткорон ба ин савол ҷавоб бигуянд. Аксаран то ҳол чун ман савол доранд, ки чаро, барои кадом гуноҳ? Бечора санъаткорон тамоми масрафоти омодаи таронаҳояшонро худашон ба уҳда доранд. Ҳиҷ гуна гонорар барои онхо ҷудо намешавад боз болои ин руйхати сиёҳ...Дар олам ин гуна корҳо нест. Фақат ин моем ки ба ивази ройгон пур кардани эфири ҳалоли телевизион боз русиёҳмон мекунанд.

TojNews:  -Бештар бо кадоми аз ситораҳои тоҷик ҳамкорӣ доред?

Шоира: Шумо беҳтараш бипурсед, ки бо киҳо ҳамкорӣ надорам. Анқариб ҳамаи ҳунармандони овозадору навкор аз эҷоди ман сурудаанд, ки шукронаи Аллоҳ таронаҳо ба дилҳо ёфтаанд ва пазируфтаанд. Эътирофи мардум болотар аз ҳузури ман дар шабакаи телевизионист.

TojNews:  -Барои як ҷавони ҳунарманд, соҳибистеъдод дар ин роҳ- манзур роҳи санъат чӣ монеаҳо ҳаст, ки бояд сипарӣ кунад?

Шоира: Аввалан норасоии маблағ ва сарпараст.Ин мушкили аввал аст. Чунки имрӯз мутаасифона ҳунарпешаро лозим аст тамоми масрафоти як таронаро худаш ба уҳда гирад. Баъдан бо вуҷуди аз уҳдаи ин ҳам баромадан радио ва телевизион камтарин ҳолат аст, ки сурудҳоро бепардохти маблағ пахш бикунанд.Хулоса дар ҳар зина набудани маблағ монеъа мешавад. Барои фаъолияти эҷодии як ҷавони соҳибистеъдод.

TojNews:  -Як таронаи махсус барои Гугуш фиристода будед, тақдири хамон чи шуд? Ягон паёме гирифтед?

Шоира: Тарона дар ҳоли омодагист. Ман худам бесаброна мунтазири шунидани он таронаам аз ҷониби ягона овозхони мақбули дилам ҳастам, ки армоншиканам хоҳад буд.Муждаи нахустинро ба Шумо хоҳам расонид.

 

Назарҳо

О боже упаси, ин кадар реклому ин кадар таблиг. ТВ-и давлати дигар кор надорад, ки барои хар киву хар кас руихат тахия кунад. Выдумки, выдумки!
Шоирачон аввалан,ки ҷуғрофият туғри нест ва дуввум духтари ҳақгуи ва севвум,ки маддоҳи надори,ин аст айбҳои ту,агар дар васфи ҷанобон шеър нависи мебини,ки тоҷи сари сабад мегарди,аммо харгиз худро иваз макун,дар дили аҳли хунар ҷойи намоён дори ҳамин бас аст!
Бо ин зан замоне ба хориыа сафар доштем, на одоб дорад на дониш. Ба масоили ахлоқӣ бе ин ду намешавад дахл карда албатта. Ин куҷову телевизион куҷо...
афта бинан рафтора бинан, ман ин одамро хуб мешиносам кирои таргибу таклиду аз у чеҳра сохтан намекунадкасе ба руйхати сиёх дароварда, хуш кардааст
Ман ба навишти баъзе журналиистони Точнюс дар таачубам. Як вазифаи майдахаке ки кирои вазифа гуфтан нест вохима карда вазифаи давлатии сармухаррири Садои Душанбе мегуянд. Охир сармуаррири як идора дар телевизион ва радио вазифаи давлати ба хисоб намеравад. Сармухаррири идора будан як масъулияти кори асту халос. Сармухаррир танхо матнхои мухбиронро тахрир мекунаду аз назар мегузаронад, Обед накарда факат медавад барои эфир шиками гурусна хона меравад бо машруткаю Магар хамин вазифаи давлати шуд. Вазифаи давлатиро Чаноби Оли таъин мекунад. Дар Телевизиону радио вазифаи директор хам давлати нест пас сармухаррир аз кучо. Барои хамин вакте менависед камтар саводатонро санчед е ин ки аз худатон калонтар пурсед. Майлаш хабарнигорони точнюс?
Баъд Шумо мухбирони Точнюс аз як нафаре ки хеч кас намешиносад бо як суруд е шеъре ки дар ким кадом туй хондааст ситора насозед. Санъат, сарояндаги, овозхони, оангсози ва шоири сабку услуб ва мазмуну мундаричаи худро дорад. Шахсан ман ягон суруди хамин духтара на тамошо кардагиям на гуш кардагиям хамин одам дар кучо суруд хондагияй ки дар телевизион чой диханд. Кани як сурудша номаша навиисен ман фахмам баъд рафта тамошо кунам. Акалан як мисраи шеъраша нависед баъд ман бахо медихам ки ин одами зур аст е не. ман фикр мекунам ин духтар он кадар саводи хуб надорад. телевизионхоро танкид кардед аку каппат дуд мекунад. дигар номтта намешунави майли овозат. худо хофиз
проблема дар инай, ки аз ин ҳам фачтароша нишон метан. Ирам мега, ки ма чӣ камӣ дорум. Фаҳмиден?
Аз барои Худо аз чаро ситора метарошед, на шоир асту журналист,
Бахшишу неки хами каментарияхои нохуба ай рашка кадом шоираи дига навистестай ба фикрм.Итари душманора медонем.Чи хел Шоира бесавод бдай?Ика сурудош чахони бдиян ика шабои эчоди сатхи баландтарин мегзаронаву бесавод бдац.Бмбрен ай бахилира.Озоди чоп кн мардаквори
Хелле назархои хуб гуфтаед маьлум кардаед дар кадом сатхи фахмиш ва саводдори карор доред . Сатхи аклнокиви донишу одоби идеалии Шоираи Рахимчонро одамоне мисли шумо бахо харгиз дода наметавонад , чун ба сатхи у харгиз нарасидеду намерасед ! инро Худо на ба хар кас медихад шарм кунед , бо Худододагон ситеза чаро?! Баьдан дар хусуси назаре, ки Шоираро ки мешиносад аслан бояд гуфт ки намешиносад?! Гайри ихлосмандони шеьраш боз мухлисони сурудхош дар он он хаддест , ки шумо итминон дорам хуб медонед . Сурудхое, ки ба калами у навишта шудаанд машхуртаринанд. Мушкили шумост, ки сурудро садоро мешунаведу он кадр шууре надоред фикр кунед муалифаш ки бошад. Мехостам инчо номхои маьруфтарин сурудхои Шоираро биерам , ки вокеан дар эстрада "ХИТ" шудаанд . Аммо бовари дорам ун нафаре, ки ин назархоро навиштааст шоираро бо тамоми зовияву маьруфияташ хуб балад аст ва ин танхо аз руи хасаду нокисбинист ,ки тоби дидани пешравии якеро надоред. Шарм кунед!!!
Шоираро намешиносанд?Дар хакикат бахилии беандоза. Шоираро хатто дар хорич мешиносанду...Тобае.Пурхонандатарин маводи ин хафта шудааст хамин мусохиба.Ин яьне Шоираро намешиносанд?Шоирабону гавгои сагон кам накунад ризки гадоро.Эьтирофшудаи.Чои шак нест!
Шоираро намешиносанд?Дар хакикат бахилии беандоза. Шоираро хатто дар хорич мешиносанду...Тобае.Пурхонандатарин маводи ин хафта шудааст хамин мусохиба.Ин яьне Шоираро намешиносанд?Шоирабону гавгои сагон кам накунад ризки гадоро.Эьтирофшудаи.Чои шак нест!

Шояд шумо суол ё назаре доред?