Ширкати Apple даромади семоҳаи худро баршумурд: 49,6 миллиард доллар

Даромади ширкати  амрикоии Apple дар семоҳаи сеюми соли молиявӣ 33 дарсад афзуда, ба 49,6 миллиард доллар расидааст.

Масъулини Apple гуфтаанд, ки даромади соф аз 7,7 миллиард ба 10,7 миллиард доллар зиёд шуд. Ширкат афзоиши ҳаҷми даромади худро ба фурӯши бесобиқаи  iPhone ва Mac дар семоҳаи сеюми молиявӣ унвон кардааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки истеҳсоли Apple Watch  низ дар комёбии ба дастомада нақши муҳим дошт. 

“Ин семоҳа хеле натиҷаи ғайриинтизор дошт ва фурӯши iPhone дар қиёс ба соли гузашта 59 дарсад афзоиш пайдо кард. Ҳамзамон бо ин Мас низ хеле бо боварӣ воридӣ бозор шуд ва аз ҷониби муштариён ба хушӣ пазируфта шуд. Гӯмагӯҳо атрофи   Apple Music боварнакаданӣ буд ва ин тирамоҳ мо интизории тавлиди  iOS 9, OS X El Capitan ва watchOS 2-ро барои корбарони худ дорем”,- омадааст дар варақаи матбуотӣ суханони сарвари ширкат Тим Кук.

Маврид ба ёдоварист, ки ширкати мазкур миёнаҳои солҳои 1970 дар штати Калифорнияи ИМА аз ҷониби Стив Ҷобс ва Стив Возняк асос гузошта шуда буд. Apple аз бузургтарин ширкати ҷаҳонии тавлиди техникаи муосир буда, бо сифат, навъи маҳсулот, теъдоди муштариён ва даромад аз аз ширкатҳои рақобатпазирӣ ҷаҳонӣ дониста мешавад.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?