Шикояти волидайн аз либосфурӯшии мудири боғчаи №64-и пойтахт

Волидайни кӯдакони боғчаи кӯдаконаи №64-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт шикоят доранд, ки мудири ин боғча онҳоро ба харидани либосҳои "ягона" маҷбур мекунад.

Онҳо мегӯянд, мудири боғчаи мазкур либоси пастсифатро бо нархи 35 сомонӣ ба "фурӯш" баровардааст.

“Рӯзи ҷумъа мурабияҳо ба мо гуфтанд, ки 35 сомонӣ биёрем, либосҳоро харидаррӣ намоем. Вақте, ки пурсидем, ки нағмаи навро кӣ ҷорӣ кардааст, гуфтанд, ки ин фармон аз боло аст. Ва гӯё аз боло, шояд аз Вазорати маориф ва илм бошад, (дақиқ нагуфтанд) супориш шудааст, ки тамоми боғчаҳо бояд либоси ягона дошта бошанд.

Мо низ бовар кардем. Либосҳое, ки инҳо овардаанд, хеле сифати паст доранд, ҳатто ба нархаш мувофиқ нест. Аз бозор метавон дар ин нарх либоси сифаташ хубтарро харидорӣ кард, -мегӯяд яке аз шоҳидони айнӣ, ки фарзандаш дар ин муассисаи томактабӣ тарбият мегирад.

Аммо Ҳамидулло Фақеров, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба «TojNews» гуфт: - Чунин дастур ба ягон боғча дода нашудааст ва ин ҳолатро месанҷад, дар ҳоли тасдиқ шудани қазия, ваъда дод, ки мудири боғчаро аз вазифа барканор кунад.

-Аз волидон хоҳиш карда мешавад, ки нотарсида ба мо муроҷиат кунанд. Агар ҳамин хабар асос дошта бошад, мудир аз вазифааш озод карда мешавад”, -гуфт Фақеров.

Мудири боғчаи №64-и шаҳри Душанбе - Ҳусноро Лақаева асоси воқеӣ доштани ин иддаои волидайнро рад мекунад. Вай дар шарҳи ин хабар ба TojNews гуфт, ба нафаре аз волидайн либос надодааст ва ин иттилоъ бардурӯғ аст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?