Шикояти муштариёни “Сомон Эйр” аз нописандии ширкат

Муштариёни “Сомон Эйр” аз нописандии ин ширкати ҳавопаймоӣ шикоят карда, мегӯянд, шоми дирӯз ба иллати бемасъулияти масъулини он натавонистаанд аз Хуҷанд ба Душанбе парвоз кунанд.

Беҳрӯз Зеваров, продюсери тоҷик мегӯяд, аз рӯи чиптаи гирифтааш бояд соати 18:00-и бегоҳии 18-уми сентябр тариқи ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Хуҷанд ба Душанбе парвоз мекард, аммо ин ширкат аз интиқоли онҳо ба Душанбе худдорӣ кард.

Ҷаноби Зеваров мегӯяд, намояндаи “Сомон Эйр” ҳатто назди онҳо ҳозир нашудаанд, то барои сарсониҳо аз онҳо пӯзиш хоҳанд.

-На касе пайдо шуд ва на ба зангу паёмҳои мо ҷавоб дод. Танҳо дар маркази хизматрасонии ширкат гуфтанд, ки пулатонро омада аз Душанбе гиред. Мо як шаби дигар дар Хуҷанд мондем ва танҳо субҳи 19-уми август тариқи ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” ба Душанбе парвоз кардем, -мегӯяд Зеваров.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, бо айби ширкати “Сомон Эйр” аз як чорабинӣ дар Душанбе дер кард.

Масъулини ширкати “Сомон Эйр” дар шарҳи ин хабар мегӯянд, бо сабаби нарасидани ҳавопаймо маҷбур буданд, хатсайри Хуҷанд-Душанберо бекор кунанд.

Тимур Бандишоев, сухангӯи “Сомон Эйр”  дар суҳбат ба TojNews гуфт, “14-уми сентябри соли 2016, соати 00:33 ба вақти маҳаллӣ, ҳавопаймои Боинг- 737-800, ки хатсайри №203-ро ба самти Душанбе Санкт-Петербург иҷро мекард, баргардонида шуд. Сабаби баргардонидани ҳавопаймо ба Душанбе мушкили индикатсия дар кабинаи ҳавонавардон буд. Ба иллати техникӣ, яке аз чархҳои ҳавопаймо ҷамъ намешуд...”

-Вақти умумии парвози ҳавопаймо 3 соату 26 дақиқаро дар бар гирифт. Ҳодисаи мазкур маҷбур сохт, ки ҳавопаймо муддате истифода нашавад ва ин амал дар навбати худ ба ҷадвали иҷрои парвозҳои ширкати ҳавопаймоӣ таъсир расонд. Баъзе хатсайрҳои минбаъда бо таъхир иҷро гардиданд, баъзеи дигар умуман бекор шуданд. Ҳамаи мусофирон оиди батаъхиргузорӣ ва бекор кардани хатсайрҳо сари вақт огоҳ карда шуданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба мусофирон аз рўйи рақамҳои телефони дар хазинаи чиптафурўшӣ гузоштаашон имконияти занг задан набуд.

Ин масъули ширкати “Сомон Эйр” мегӯяд, ба мусофироне, ки хатсайрҳояшон бекор шуда буданд ва хоҳиши супоридани чиптаҳои авиатсиониро доштанд, маблағи чипта аз маконе, ки онро харидорӣ намуда буданд, пурра баргардонида шудааст.

Ин нахустин ҳолати ба мушкил гирифтор шудани ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” дар ҳафтаи равон нест.

Қаблан ин ширкат дар хатсайрҳои Санкт-Петербург-Душанбе ва Красноярс-Душанбе ба мушкилот дучор омада буд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар пайи зиёд шудани хабарҳо оиди нуқс пайдо шудан дар ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба таҳқиқи сабабҳои он шуруъ кард.

 

 

Назарҳо

What the f*ck SomonAir? Im not gonna use your stupid service again.You failed.
Шармандагӣ сомонэйр

Шояд шумо суол ё назаре доред?