Шикасти “Истиқлол” дар охирин сабқаташ дар Ҷоми AFC-2016

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар охири сабқаташ дар Ҷоми AFC-2016 (Конфедератсияи футболи Осиё)  аз тими “Триполи”-и Лубнон бо ҳисоби 1:3 шикаст хурд.

Сабқати мазкур шоми 10-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Голҳои меҳмононро Саъд Юсуф, Майкл Кафу Ҳелегбе ва Валид Фаттоҳ ба дарвозаи “Истиқлол” ворид карданд. Ягона шоли футболбозони душанберо Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 69-ум ба дарвозаи меҳмонон зад.

Бозиҳо дар даври шашум ва ё ниҳоии  сабқати гуруҳии Ҷоми AFC-2016 ба анҷом расиданд. Дар гуруҳи “В” дастаҳои “Нафт ал-Васат”-и Ироқ бо 15 ва “Ал-Файсал”-и Урдун бо 11 имтиёз ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Дастаҳои “Триполи”-и Лубнон ва “Истиқлол”-и Душанбе бо 7 ва 1 имтиёзӣ аз идомаи бозӣ маҳрум шуданд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?