Шикасти “Истиқлол” аз “Нафит ал-Васат” дар Душанбе

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо шикаст аз дастаи “Нафит ал-Васат” шонси роҳ берун шудан аз бозиҳои гуруҳии Ҷоми КФО-2016-ро аз даст дод.

Шоми 12-уми апрел шогирдони Мубин Эргашев, бозигарони дастаи “Истиқлол” дар варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳисоби 0:1 аз дастаи меҳмон бохтанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, ки бо ҳамин дастаи “Истиқлол” имкони ба даври баъдии бозиҳо аз даст додааст.

Ин бозӣ дар доираи даври чоруми бозиҳои гуруҳии Ҷоми Конфедератсияи Осиё-2016 баргузор шуд. Голи ягона дар ин бозиро дар дақиқаи иловагии 90+2 Ҷасим Муҳаммад, бозигари дастаи Ироқ вориди дарвозаи мизбонҳо кардааст.

“Истиқлол” дар мусобиқоти мазкур дар гуруҳи “В” "Нафит ал-Васат"-и Ироқ, "Ал-Файсал"-и Урдун ва "Триполи"-и Лубнон бозӣ мекунад. Қаблан, дар Теҳрон аз ҳамин даста бо ҳисоби 2:0 шикаст хурда буд. Сарфи назар аз натиҷаи бозиҳои баъдии гуруҳӣ “Истиқлол” ба аз гуруҳаш берун нахоҳад.

Ҳоло “Нафт ал-Васат” бо 9 имтиёз ва "Ал-Файсал" 8 имтиёз сардрниши ҷадвали гуруҳашон буда, "Триполи" 4 имтиёз дорад. “Истиқлол” бо як имтиёз дар зинаи охир қарор гирифтааст.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе аз дастаи “Триполи”  шоми 8-уми март дар варзишгоши шаҳри Триполи Лубнон аз ин даста бо ҳисоби 2:1 бохта буд.

“Истиқлол” танҳо бозии нахустини гуруҳиашро дар Душанбе бо дастаи “Ал-Файсал”- Урдун мусовӣ анҷом дода, соҳиби як хол гардидааст. 

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе чаҳор бор Қаҳрамони Тоҷикистон, 6 бор ғолиби Ҷоми олии кишвар ва панҷ маротиба барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудааст. Соли 2015 ба даври ниҳоии мусобиқоти Ҷоми КФО-2015 роҳ ёфта буд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?