Шермуҳаммади Шоҳиён: Мақомот аз уҳдаи ифшои қазияи моҳи сентябр набаромадаанд

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон мегӯяд, ки нақшаи қазияҳои моҳи сентябри соли гузашта панҷ сол пеш тарҳрезӣ шудаанду мақомоти кишвар онро пешгирӣ карда натавонитанд.

18-уми январ Шермуҳаммади Шоҳиён дар ҷамъи хабарнигорон дар бораи парвандаи марбут ба қазияи моҳи сентябри соли гузашта буд, ки парванда махфӣ буда, ҳуқуқи ифшои ҷузъиёти онро надорад. Раиси Суди Олии Тоҷикистон танҳо гуфт, ки нақшаи ин ҳодисаҳо ҳанӯз панҷ сол пеш бо раҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим ва маблағгузории ҲНИТ тарҳрезӣ шудаасту аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар натавонистаанд ин ҳодисаро ошкор ва пешгирӣ кунанд.

Ӯ гуфт, ки ин камбудии мақомот буд, ки аз он пешгирӣ карда тавонистанд. Бори нахуст аст, ки як мақоми баландпояи кишвар мақомоти қудратиро чунин муттаҳам мекунад.

Аз он, ки парвандаи мазкур махфӣ мебошад, Шермуҳаммади Шоҳиён аз ифшои ҷузъиёти он худдорӣ мекард. Раиси Суди Олии Тоҷикистон дар бораи он низ хабар надод, ки то ҳол дар робита ба ин қазияҳо чанд мурофиа гузаштааст. Аммо ӯ гуфт, дар робита ба ин қазия нисбат ба шахсони зиёде парванда боз шудааст, ки шумораашон аз он чи дар матбуот нашр шуд бештар мебошанд.

Баъди ҳодисаҳои моҳи сентябр дар интиҳои моҳ бо аризаи Прокуратураи генералӣ аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ мамнуъ эълон гардида, ба руйхати ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ворид карда шуд. Шермуҳаммади Шоҳиён мегӯяд, ки аризаи Прокуратураи генералӣ ҳануз як-якуним моҳ қабл аз содир шудани ҳалномаи суд ба Суди Олӣ ворид шуда буд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?