Шарҳи расмии садамаи корманди Сафорати Олмон дар Душанбе

Нақлиёти дипломатие, ки дар маркази шаҳри Душанбе ду ҷавондухтари тоҷикро пахш карда буд ба Сафорати Олмон тааллуқ доштааст.

Масъулини Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе бо тасдиқ ин хабар ба TojNews гуфтанд,  “Ланкрузер Прадо” бо рақами 007 DM 028 таҳти идораи шаҳрванди Олмон Рихтер Маркус ҷавондухтаронро пахш кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, яке аз ҷабрдидагон Мижгона Буттаева, сокини 17-солаи ноҳияи Ҷайҳун дар беморхона бистарӣ буда, аҳволи дуюмиро духтарон хуб арзёбӣ кардаанд.

Дар Раёсати БДА дар Душанбе мегӯянд, шаҳрванди Олмон ҳамаи хароҷотҳои табобати Мижгонаро ба уҳда гирифтааст.

Чӣ тавре, ки қаблан хабар дода будем, ҳодисаи пахши ду ҷавондухтар дар назди Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе баъд аз зуҳри дирӯз 16-уми август рух дода буд.

Шоҳидони воқеа гуфта буданд, ин нақлиёти дипломатӣ аз ҷониби Амфитеатр ба ҷониби Кохи Борбад ҳаракат мекард ва дар хати сеюми роҳ ин духтаронро пахш кардааст.

Дар ҳамин ҳол дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ҳодисаи мазкур аз ҷониби КВД “Тоҷдипсервис”-и назди ВКХ таҳқиқ шуда истодааст ва маълумоти бештарро баъдан ба расонаҳо ирсол хоҳанд кард. 

Назарҳо

Немисхо мисли Хукумов нестанд. Онхо инсоф доранд. Хам пурра харочоти табобати мачрухонро ба душ мегиранд ва хам барои зарари чисмониву маънави чуброн хам пардохт мекунанд. Агар зарур шавад, барои табобат хатто ба Олмон хам мефиристанд. Худо аз Хукумовбаринхо панох дихад. На харочоти табобати мачрухонро ба душ гирифту, на ба ахли оилаи аз тарафи фарзандаш кушташуда кумаке кард.
Назди боги хайвонот гузаргохи зеризамини вучуд дорад. Чаро ин духтархо коидаи рохро вайрон карда аз рохи мошингард гузаштаанд?
Охир хамон духтарон намешуд, ки аз рохи зеризамини ё бо рохи светофордор гузаранд. Мумкин бечора духтарон аз маршировка баромадагистанд.
Як чизро намефахмам, барои чи хамеша ронанда гунахкор? Вакте, рохгузар койдаи характи рохро вайрон карадаст. Барои чи Ронанда БОЯД харочоти муоличаи рохгузаро бидихад? Хангоме, ки койда вайронкуни аз рохгузар аст? Агар вай суй касд ба чонаш дошта бошад, ронанда чи гунох дорад! Ба хамин савол чи чавоб биёбам. Мухтарам TojNews тавонед шарх бидихед.
Оё кормандони макомоти давлати нисбати сафирони олмон чорае медида бошанд ?

Шояд шумо суол ё назаре доред?