Шарҳи Эшони Маҳмудҷон дар бораи табрики соли нав

Эшони Маҳмудҷон, рӯҳонии маъруфи Тоҷикистон табрик кардан дар соли навро аз нигоҳи ислом шарҳ додааст.

Абдурраҳмон, яке аз корбарони сомонаи хонаводагии Тӯраҷонзодаҳо аз Эшони Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, рӯҳонии шинохтаи кишвар пурсидааст:  Дар Русия кор мекунем, дар идҳоямон русҳо моро табрик мекунанд, мо худ соли навро ҷашн намегирем, оё метавонем русҳоро табрик кунем?

Эшони Маҳмудҷон ба ин корбар чунин посух додааст: Бародари исломи! Мусалмоне, ки дар давлати ғайри мусалмоннишин зидагонӣ мекунад ва бо ғайри мусалмонҳо ҳамсоя ва кору фаъолият дорад, дар ҷавози табрику таҳният гуфтани онҳо ба муносибати иди динияшон олимони ислом ихтилофи назар доранд. Ҷумҳури олимон табрик гуфтани масиҳиро ба муносибати соли нав ҷоиз намедонанд, зеро табрик гуфтан як навъ ташбиҳ башумор меравад ва иқрору ташвиқ ба амали гуноҳ маҳсуб мешавад.

Аммо идае дигар аз олимони Ислом муосир (мисли иттиҳоди олами Ислом) гуфтанд: барои мусалмон, ки дар диёри куфр зиндаги мекунад, ҷоиз аст ҳамсоя ё ҳамкорашро (аз аҳли китоб) ба муносибати иди соли навашон табрик бигуяд. Аммо иштирок кардан бо онҳо дар ин ҷашни соли нави қатъан ҷоиз нест. Ин рухсат дарбаргирандаи мусалмоне, ки дар сарзаминҳои мусалмоннишин зиндагонӣ мекунад, нест”.

Ин масъала нав нест, ҳамасола дар оғози соли нави мелодӣ ба миён меояд. 

Copyright © 2014 TojNews

Назарҳо

.... Дар вакташ Соли навро кайд мекардеду.... Ё фаромуш кардед?!
Риши бобоят резад чаро тухмат мезани? дар кучо соли навро кайд кардаанд эшонхо? шумо гараз ба дини ислом доред аз кинаву адоват ба ислом ин суханхоро мегуед
Хамин эшонхо худ саводи якранг надоранд Дудила мебошанд, барои хамин сари мардума гаранг карда, пул чамъ карда, шикамбахояшонро сер карда мегарданд. Солшумории мелодиро,ки макбул донисти соли навашро кайд мекуни. Чихеле ки мусулмон хастиву Иди фитр ва Курбонро кайд мекуни. ягон чойи муболига нест. Хар ид чойи худашро дорад. Дар дилат чирку бадгумони набошад хама вакт ид аст.
Хамин эшонхо худ саводи якранг надоранд Дудила мебошанд, барои хамин сари мардума гаранг карда, пул чамъ карда, шикамбахояшонро сер карда мегарданд. Солшумории мелодиро,ки макбул донисти соли навашро кайд мекуни. Чихеле ки мусулмон хастиву Иди фитр ва Курбонро кайд мекуни. ягон чойи муболига нест. Хар ид чойи худашро дорад. Дар дилат чирку бадгумони набошад хама вакт ид аст.
МУСАЛМОН ЧУН ФАХМИД КИ КОРЕАШ ТИБКИ ДИНУ ИМОНАШ НОДУРУСТ АСТ- ОН КОРРО ТАРК МЕКУНАД ВА БА ГУЗАШТА САЛАВОТ!
Хазрати Исо пайгамбари ислом аст. Чаро тавлиди уро чашн гирифтан гунох аст?
Авалаш тавалуди Исо(а)ро фаҳ мед ки дар замисто тавалуд шудас ё дар тобистон намедони чи ҷашнаш мегири
Русхоро бо соли нав табрик кардан гунох аст, аммо хазорхо мусулмонро интихори ва чиход карда куштан гунох нест. Кучост адолати парвардигор ва акли солими инсонхо кучо шудааст?
Эй мардум гапотонро фикр карда гап занед ки дар назди Аллоҳ чи ҷавоб хоҳед гуфт. Адолати Парвардигор ҳаст аммо шумо ва мисли шумо барин инсонҳо ҳамаро нодуруст кардед як қиссаи ҳазрати Умарро бихон баъд бифаҳм адолати Парвардигоратро боз дигаре мегуяд Исо (а) Пайғамбар таваллудаш ҳаст чаро ҷашн нагирем. Ай инсон тура Аллоҳ ақл додааст як назар кун аввалан Пайғамбари Аллоҳ Муҳаммад (с) гуфтанд мусалмонҳо 2 ид доранд. Қурбон ва Рамазон халос дигар боз чи Шумо пайрави шайтон шудед чаро онҳо идҳову ва дигар маданияти Исломро қабул надоранду шумо аз онҳоро қабул мекунед. Шумора душманҳои Ислом фиребу найранг карда гаштиян шумо бошед як тасаввур намекунед ки чи гап ҳаст мусалмон бояд андеша кунад аҳкоми динша кобаду ёбад назр кунад баъд гапи худро бизанад...
Эй мардум. Аз кай ислам дини торикиву бефарханги шудааст. Ором шавед. Камтар аз номи ислом сухан кунед. Аз пушти шумо радикалхои пастфитрат номи дини поки ислом паст мешавад. Дар чое ки ба чахониён пахлухои хуби динамонро муаррифи кунем баръакс хурофоти пастамонро муаррифи мекунем. Аз кай хурсанду шод намудани фарзандонамон дар ислом мумкин набудааст. Шумо баъзе нимчамуллохо аз серзаниатон ба ягон кудакатон намерасед. Мумкин номи кудакотона надонед аз рузи таваллудашон харф намезанам. Баъд харчи бахона карда сару калобахои мардумро гаранг мекунед. Монед мардум бо фарзандонашон шодиву хурсанди кунанд!!!!
мухтарам админи точнюс. Дируз чавоб гуфтам ба гуфтахои ин мулло. Барои чи ЧОП намекунед. Боз рузномахои давлатиро дуруггу ва як тарафа бахо медодаги менависед!!! Худатон чи?

Шояд шумо суол ё назаре доред?