Шарҳи Эшони Маҳмудҷон дар бораи муомилаи саррофӣ

Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода бо нархи арзон харид кардани пули хориҷӣ ва онро қиммат фурӯхтанро шарҳ додааст.

Ба гуфтаи Эшони Маҳмудҷон: “Харидори кардани рубл ё доллар бо сеъри арзон ва онро бо сеъри қимат фурӯхтан, ҷоиз аст. Зеро ҷинсҳо гуногун мебошанд.

Ҳукми ҷоиз будани он ом аст, шарт нест, шумо сарроф (обмений валюта) бошед. Аммо агар дар қимат ё арзон шудани сеъри долар ё рублу сомони ин амали шумо таъсир бирасонад ва ба мардум зарар орад, ҷоиз нест.

Зеро ҳукми Иҳтикорро мегирад. Вале гумон надорам тоҷирҳои тоҷик дар боло ё поин рафтани нархи рубл ё доллар таъсир расон бошанд”.

Ӯ ин шарҳро дар посух ба суоли як корбари сомонаи тураҷонзодаҳо додааст.

Copyright © 2014 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?