Шаҳнозаро шавҳараш ба қатл расонда, ҷасадашро пора-пора кардааст

Прокуратураи генералии Тоҷикистон мегӯяд, шахсияти ду ҷасади ба қисмҳои ҷудошуда дар шаҳри Душанберо дақиқ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷасадҳои пайдошуда ба Шаҳнозаи Р-и 28-сола ва Фотима Б-и 23-сола тааллуқ доранд. Шаҳноза аз тарафи шавҳараш дар заминаи рашк кушта шуда, Фотима аз тарафи се ҷавон ба қатл расонида шудааст.

Бахтиёр А., шавҳари Шаҳноза бо мақсади пинҳон кардани изҳои ҷиноят ҷасади ҳамсарашро ба қисмҳо ҷудо ва ба дарё партофтааст. “Гумонбаршуда  Бахтиёр А. ба гуноҳаш иқрор  буда, ҳамзамон ҳангоми азназаргузаронӣ дар манзили зисти онҳо паи хун дар девор ва либосҳои ҷабрдида  муайян карда  шуданд. Ҳолати ҷой доштани муноқишаҳои доимиро байни зану шавҳар  мода рва дугонаи ҷабрдида тасдиқ мекунанд.”

Бахтиёр А., дастгир карда шуда, бо парвандаи ҷиноятӣ омалҳои зарурии фаврию тафтишотӣ бурда гузаронида шуда истодаанд.

Дар Прокуратура мегӯянд, бо иттиҳоми қатли ҷасади Фотима Б-и 23-сола се ҷавон: Дарвеш А.,  Нуриддин А., ва Исматулло М.,  дастгир шудаанд. Мақтул “таклифи онҳоро  оиди ҳамхобагӣ қабул ва ҳамроҳашон ба манзили истиқоматии онҳо омадааст. Дар ин ҷо байни онҳо муноқиша сар зада, дар рафти он шахсони номбурда Фотимаро тавассути буғӣ кардан  ба ҳалокат расонида, рӯзи дигар  ҷасади ӯро ба қисмҳо ҷудо ва ба дарёи Душанбе партофтаанд. “ 

Масъулини Прокуратураи генералӣ мегӯянд, рафти тафтиши пешакии ин парвандаҳои ҷиноятӣ зери назорати қатъии ин ниҳод қарор дорад.  

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?