Сергей Шойгу: Русия Сурияро аз зарбаи 624 мушаки болдори НАТО наҷот дод

Сергей Шойгу, вазири мудовиаи Русия гуфт, ки кишвараш Сурияро аз аз зарбаи 634 мушаки болдори НАТО наҷот додааст. 

Ҳоло вазъ дар Сурия тағйир ёфтааст. Ва шумо аз худ мепурсед, ки чӣ мешуд агар президенти мо муваффақ ба он намешуд, ки зарурати татбиқи амалии ғояи супурдан ва нобуд кардани силоҳи кимиёвиро бовар намекунонд.  Ин замоне буд, ки танҳо мушакҳои болдори омода ба зарбаи НАТО ба теъдоди 624 адад буд. Ва ҳамаи инҳо қаламрави Сурияро дар як вақт бояд мавриди ҳамла қарор медоданд. 

Шойгу ҳамчунин гуфт, ки агар ин гуна зарбаҳои бузург зада мешуданд, барқарорсозии сохтори давлатии Сурия имрӯз мушкил буд. 

Сергей Шойгу ҳамзамон хабар дод, ки ИМА ва Русия қариб аст, ки барои роҳандозии муборизаи муштарак зидди ДОИШ дар Алепо забон ёбанд.

Ишораи болоии Шойгу ба замоне рост меояд, ки давлатҳои Аврупо ва ИМА мехостанд Сурияро барои силоҳҳои кимиёвиаш мавриди ҳамлаҳои шадид қарор диҳанд.

Соли 2013 дар гуфтушуниди Женев Русия ИМА-ро бовар кунонд, ки қадами аввал барои ҳалли одилонаву мусолиматомези буҳрони Сурия ин берун бурдан ва нобуд сохтани силоҳҳои кимиёвии ин кишвар аст. Ин дар ҳолест, ки Амрико ва муттаҳидонаш қасд доштанд дар кутоҳтарин фурсат амалиёти ҳарбии нобудсозии силоҳҳои кимиёвиро оғоз кунанд.  

Шояд шумо суол ё назаре доред?