Сел дар ноҳияи Рӯдакӣ 1 ҳазору 146 хонаро хароб кард

Шабонарӯзи гузашта соати 3:40 дақиқа дар натиҷаи боришоти зиёд аз сел 1 ҳазору 146 хонаҳои истиқоматии деҳаҳои ноҳияи Рӯдакӣ зарар дидаанд.

Тавре ба “TojNews” Ориф Нозимов, сардори хадамоти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, дар натиҷаи боронҳои пуршидат сатҳи оби дарёи Элок баланд гардида, дар ҷамоати деҳоти Зайнабобод деҳаҳои Адолат, Файзоба, Садоқат, Комсомол -1 ва Комсомол -2, сел омадааст.

“Барои бартараф кардани ҳолати баамаломада ва кӯмак ба оилаҳои зарардида, дастаҳои наҷотдиҳӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии Кумита, Ситод оид баҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе, ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии қушунҳои мудофиаи граждании Кумита дар гарнизони Душанбе, дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд.

Хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”-гуфт Ориф Нозимов. Қобили зикр аст, ки дастаҳои наҷотдиҳии Кумита беш аз 1500 нафар аҳолии деҳаҳои осебпазирро ба минтақаҳои бехавф кучониданд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?