Се миллион доллар барои маълумот дар бораи Гулмурод Ҳалимов

ИМА барои нафароне, ки дар бораи маҳалли будубоши Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик маълумоти дақиқ медиҳанд 3 млн. доллар мукофот ваъда кардааст.

30-юми август Курт Райс, муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба таҳлилу таҳқиқи таҳдидҳои назди дафтари амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА дар суҳбат ба хабарнигорони тоҷик гуфт, ин кишвар Гулмурод Ҳалимовро яке пешвоёни калидии “Давлати исломӣ” арзёбӣ мекунад.

Ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ, Гулмурод Ҳалимов дар Амрико омӯзиш дида, як ҷанговари бисёр ҳирфаӣ аст  ва аз шеваҳои мубориза бо терористон хуб огоҳӣ дорад.

Курт Райс ҳамчунин гуфт, шахсоне, ки дар бораи маҳалли будубоши Гулмурод Ҳалимов маълумоти аниқ доранд метавонанд онро ба наздиктарин сафорати ИМА ё суроғаи электронии сохторҳои дипломатии ин кишвар фиристанд.

Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё худ “ОМОН”-и ВКД дар миёнаҳои моҳи майи соли гузашта бедарак шуд. Дар охирҳои моҳ, 27-уми май бо пахши як навор аз пайвастанаш ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” хабар дод.

Мақомоти Тоҷикистон ӯро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятӣ: 305 (хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 (иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо) ӯро муттаҳам мекунанд.

Баъдан, дар бораи захмӣ шуданаш хабарҳо пахш шуд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфта буд, ки тибқи маълумоти мақомот ӯ захмӣ шудааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?