Саймиддин Дӯстов: Ҳукуматдорон меоянду мераванд, вале давлатдории миллӣ боқист

Суҳбати ихтисосии бунёдгузори “Нигоҳ” бо хабарнигори "Озодагон" Иршод Сулаймонӣ

Матбуот. Расонаҳо. Аз инҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон шинохти гуногун вуҷуд дорад. Баъзеҳо оппозитсиюни ҳукуматашон меноманд, баъзеҳо ёвари он. Ҳақиқати ҳол чист? Вазъи имрӯзаи расонаҳои Тоҷикистон чӣ гуна аст? Барои баррасӣ ва посух ба ин суолот барои як баҳси бештар ба дафтари “Озодагон” яке аз таҳлилгарони варзидаи Тоҷикистон ва соҳибрасонаи тоҷик Саймиддин Дӯстовро даъват кардем.

Институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ҳифз шаванд

- Нахуст Шумо, кормандони расонаҳоятон ва ҳамаи онҳоеро, ки аз нони журналистӣ зиндагӣ мекунанд, ба солгарди Иди матбуот табрик мекунем. Муборак бошад!

-Ташаккур, ба шумо ҳам муборак бошад.

-Шумо як сол қабл эълон кардед, ки аз фаъолияти журналистӣ ва коршиносӣ канор меравед. Сабаб чӣ буд ва чаро чунин як изҳорот додед?

-Дақиқан 20-уми марти соли гузашта буд, як рӯз пеш аз Наврӯз. Чунин таҷриба дорам, ки ҳар сол дар арафаи Наврӯз аз фаъолиятҳои худ натиҷагирӣ мекунам ва сар мехалонам ба як санади муҳими худ-“Истротежики биографӣ. Ҳисоб мекунам, ки дар ин сол чӣ дастовардҳое доштем, тақрибан чӣ қадар пеш рафтем ва ё бараъкс. Соли гузашта ҳам чунин як тасмим гирифтам ва нигоштае ҳам дар Фейсбук коридам. Сабаб ин буд, ки ман сари як мавзӯи илмӣ бояд тадқиқот мебурдам ва хушбахтона бо ҳамин кор машғул ҳастам. Рӯйи ин мавзӯъ, ки барои ман бениҳоят муҳим аст кор мебарам ва гипотезае, ки дар ин мавзӯъ пешниҳод кардаам, бароям хеле арзиш дорад. Вале тақрибан дар моҳи октябри соли гузашта, баъд аз қазияи 4-уми сентябр ба назарам чунин расид, ки хеле аз журналистон, коршиносон, сиёсатшиносон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷикро як гуна маъюсӣ фаро гирифтааст ва зарур донистам, ҳадди ақал ба 10-12 нафари онҳо занг бизанам, нома бинависам. Ба он дӯстон гуфтам, чаро чунин шуда, ки як маъюсиву ноумедӣ ҳамаро фаро гирифта? Набояд чунин бошад. Чун агар қазияи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода талоши табаддулоти давлатист, пас мо ҳодисаи марбут ба Ғаффор Седойро дар соли 2003 хуб дар ёд дорем, ки низ кӯшиши табаддулоти давлатӣ баҳогузории расмӣ мешуд. Вале баъд аз он  ҳодиса “Миллат”, “Фараж” ва “Нигоҳ рӯ заданд, ташаббус дар ҷомеа зинда буд ва нафароне ёфт шуданд, ки барои беҳбуди ҷомеа фаъолият мекарданд. Ҳатто ба чанд институти ҷомеаи шаҳрвандӣ асос гузошта шуд.  Он рӯзҳо зарур донистам, ки он хомӯширо бишканам ва чанд нигоштаҳое доштам, ки ин ҷомеа, ҷомеаи мост. Ин миллат миллати мост. Ин давлатдории миллии мо-тоҷикон аст. Ҳукуматҳо, қудратталабон, фурсатталабон, имтиёзталабон чӣ ҷойгоҳу нақше дар таърих надошта бошанд, чӣ бузургманишиҳое, ки аз онҳо рӯ назанад ва чӣ арзишҳоеро, ки шиор накунанд, меоянду мераванд. Вале миллати тоҷику манфиатҳои миллияш бояд ҳифз шаванд. Ман бар онам ки институтҳои ҷомаеи шаҳрвандӣ, ки аслан институтҳои миллат ҳастанд, бояд ҳифз шаванд. Дар баробари ин, рӯи ду стартап ё тарҳи нав ҳам кор мекардам, ки яке аз онҳо “Шаҳри боз” ном дошт. Ин тарҳ барои беҳтар шудани фаъолияти мақомҳои иҷроия дар шаҳри Душанбе ва беҳтар кардани хизматрасониҳои давлатӣ ва маишӣ ба мардум равона шуда буд. Чунин як тарҳро ман омода ва унвонии шаҳрдори Душанбе равон кардам.Аммо шаҳрдорӣ ба он ҳатто ҷавоб надод. Тарҳи дигар ҳам Бюрои стратегия ва барномаҳои миллӣ буд, ки бинобар нокифоя будани сармоя мавқуф гузошта шуд.

- Ин тарҳҳо фармоишӣ буд ё ташаббуси худи Шумо?

- На, ин ташаббусҳои банда ба ҳайси як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нафаре буд, ки тахассусашидораи давлатӣ ва шаҳрдорӣ” аст. 

- Гуфтед, замоне ки канор рафтед ба фаъолияти илмӣ иштиғол варзидед. Мешавад бигӯйед, ки ин тадқиқи Шумо марбути чӣ буд, сиёсат ё расонаҳо?

-Мавзӯъ аслан сиёсӣ аст ва ном дорад “Нақш ва вижагиҳои омма дар ҷомеаҳои дар ҳоли гузор”. Гипотезаи рисола ҳамин аст, ки дар ҷомеаҳои дар ҳоли гузариш тақрибан ҳеч чизе аз омма вобаста нест, балки нақши ҳалкунандаро нухбагони идорӣ, тиҷорӣ ва ақлонӣ ё интелектуалҳо мебозанд. Масъули рушд  ё ақибмонии миллат ҳам нухбагонанд, на омм”. Умедворам замоне онро барои хонандаи тоҷик пешниҳод мекунам.

Соли 2012 ба қуллаи эътирофи журнализми тоҷик расидем

-Бисёр хуб аст, умедворем, ки дар ин таҳқиқи худ муваффақ мешавед. Ҳоло баргардем ба мавзӯе, ки мехоҳем атрофаш баҳс кунем. Тақрибан аз соли 2006 дар бозор ва фазои расонаии Тоҷикистон ворид ҳастед, ибтидо ҳафтаномаи Нигоҳ-ро роҳандозӣ кардед ва баъди чанд соле ҳам хабаргузории “Тоҷнюс”-ро таъсис додед. Мешавад ба ҳамин даҳсолае, ки дар ин бозор ҳузури фаъол доштед, ба вазъи озодии баён назари гузаро дошта бошед?

-Бале, мешавад. Вале пеш аз ҳама инро бигӯям, ки чаро ман як нафаре, ки тахассусам журнализм нест, ба ин кор даст задам. Соли 2006 ба ин нукта расидам, ки 80-85 дарсади тирожи нашрияҳои ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон ба забони ғайридавлатӣ-русӣ аст. Мо, ки худро аз  насли Истиқлол медонем, аз худ пурсидем, ки чиро чунин шуда? Чӣ гуна мешавад, ки дар 15 соли Истиқлол мо расонаҳои миллӣ бо забони тоҷикӣ надошта бошем?  Дар ҳоле ки забони 99 дарсади ин мардум тоҷикист. Ҳамин андешаҳо  таҳрик доданду ба фаъолияти “Нигоҳ бунёд гузоштем. Тақрибан баъди панҷ сол вазъ куллан дигар шуд. Ҳоло 90 дарсади ин гуна расонаҳо бо забони давлатӣ нашр мешаванд. Дар ин кор,  нақши 5-6 расона хеле муҳим аст, ки мо онҳоро ба сифати расонаҳои мустақил мешиносем ва аз нигоҳи ман ва хеле аз мутахассисон расонаҳои афкорсоз маҳсуб мешаванд. 

Баҳо ба 10 соли гузашта? Аз нигоҳи ман дар ин 10 сол мешавад рушд ва ё вазъи озодии баёнро ба се давра ҷудо кардДавраи аввал солҳои 2005-2009-ро дар бар мегирад, ки ин марҳилаи пайдошавӣ ва шаклгирии расонаҳои миллии тоҷикӣ буд. Соли 2005 нашрияи “Миллат” пайдо шуд, ки як гоми қаҳрамонона буд аз ҷониби асосгузоронаш ва дар моҳи декабри соли 2006 “Нигоҳ ва баъди як ҳафта “Фараж” ва баъдан нашрияҳои “СССР”-у “Озодагон” пайдо шуданд. Баъди инҳо ҳеч расонаи қавие дар муҳити расонаии Тоҷикистон пайдо нашуд, ки сабабҳои худро дорад. Давраи дувум, солҳои 2009-2012-ро фаро мегирад. Ин марҳилае буд, ки ҳокимияти иҷроия расонаҳоро ҳамчун институтҳои миллии рушд эътироф карда, дар муносибат ба онҳо таҷдиди назар кард.
Фаҳмиданд, ки инҳо институтҳои миллие ҳастанд, ки ҳадди ақал аксарияташон аз неруҳои сиёсӣ дуранд ва ба ҳайси воситаҳои ахбори омма дар инъикоси ҳаёти маданӣ дар кишвар нақши муҳим доранд.  Ҳамин чиз боис шуд, соли 2012 дар ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик мо ба қуллаи эътирофи журнализми тоҷик аз ҷониби ҳукумати феълӣ расидем. Аз моҳи декабри соли 2012 давраи сеюм сар шуд, ки онро фикр мекунам бояд марҳилаи буҳронӣ номид.

Вазъи буҳронӣ замоне шакл гирифт, ки муносибати ҳукумат ба ҲНИТ ва ба мухолифин ҷиддан бознигарӣ шуд. Замоне буд, ки бори аввал дар хориҷи кишвар нерӯе чун “Гуруҳи 24 пайдо шуд ва дар назди мақомоти гуногуни ҳукумат вазифаҳои мушаххасе пайдо шуданд. Хушбахтона ё мутаассифона ин давра ҳам вижагиҳои худро дорад, ки мешавад гуфт, замоне буд аслро аз ҷаъл ҷудо кард. Бо пайдо шуданиФабрикаи ҷавоб”, зери фишорҳои равониву лафзӣ қарор додани як идда аз журналистони тоҷик, фаъолони ҷомеаи маданӣ тавассути чопи мақолаҳо дар расонаҳои давлатӣ ва як силсила корҳои дигар маълум карданд, ки кӣ дар ин муҳит кист! Ин марҳила расонаҳоро ба ду гуруҳ ҷудо кард. Яке расонаҳои воқеан мустақил, ки истиқлоли онҳо чанд вижагӣ дорад ва расонаҳои қуллай барои ҳукумат ё расонаҳои созишкор. Ин созишкорӣ, албатта як созишкорие на дар доираи қонун ва ахлоқи журналистӣ, балки берун аз он буд.

-Яъне, як созиши муомилаӣ?

-Бале, як созиши муомилаӣ. Буданд расонаҳое, ки ин корро ба хотири пул созмон доданд, расонаҳое буданд, ки аз наздик будан бо ин ё он ниҳоди қудратӣ хостанд имтиёз бигиранд. Аммо расонаҳое, ки принсипи дурӣ аз аҳзоби сиёсӣ, аз ниҳодҳои ҳукуматӣ, аз ҳокимияти иҷроия, аз ҳокимияти қонунгузор ва судӣ, аз тиҷорати калон, аз рекломдиҳандагон, аз гуруҳҳои моливу саноатӣ риоя карданд,  истиқлоли худро ҳифз намуданд. “Нигоҳ” аз ҷумлаи онҳо буд.

 

 

 

ОНҲОЕ, КИ ДАР ИН МУҲИТ КОР МЕКУНАНД, ВОҚЕАН ҚАҲРАМОНАНД

-Аммо тавре Шумо баррасӣ кардед, марҳилаи сеюм бисёр вазъи хубе нест, балки бештар ба унвони вазъи буҳронӣ ёд мешавад. Ҳам дар заминаи буҳрони иқтисодӣ ва ҳам дар заминаи буҳрони фазоие, ки ба вуҷуд омадааст, расонаҳои мо бисёр ҳоли ногувор доранд...

- Марҳилаи аввалро шаклгирӣ ва устувор шудан гуфтем, марҳилаи дувумро эътирофи миллӣ марҳилаи ахирро буҳронӣ номидем.

-Вале дар ҳамин марҳилаи ниҳоӣ, мисле ки мушоҳида мешавад таъсири ҳамин институтҳои милливу иҷтимоӣ ба тасмимгириҳои ҳукумати иҷроия бисёр маҳдуд аст ва таъсири худи расонаҳо ҳам ба фазо ва ҷомеаи мо хеле камранг мебошад. Аз назари Шумо ба ин вазъ мудирияти нодурусту менеҷменти нокофии худи соҳибрасонаҳо ва истротежии нодуруст боис шуда ё ҳамин фазое, ки мову Шумо сараш баҳс мекунем?

 -Дар муҳити сиёсии Тоҷикистон ҳоло вазъи буҳронист. Ин вазъи буҳронӣ наметавонад ба қишрҳои гуногуни ҷомеа таъсир нарасонад. Вале агар посух бихоҳем, ки ин фазосозиро сабаб чист, албатта сабаби асосӣ сиёсист ва он ҳам бармеояд аз рафтори ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ҳукумати феълӣ. Ҳукумати феълӣ вазифаи аввалиндараҷаи худ ҳифзи ҳукумати шахсиро медонад. Кулли барномарезиҳо, шурӯъ аз пахши як гузориш дар барномаиАхбор” то баргузории референдум ҳама ба ҳамин мақсаданд. Яъне, тасмимро худи ҳукумат мегирад. Аммо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки хеле заъифанд, минҷумла расонаҳо, дар баробари ин рисолати худро бояд иҷро кунанд. Рисолати онҳо инъикоси ҳамин воқеиятҳои рӯз аст. Албатта баъзе аз онҳо, ки расонаҳои иҷтимоиву сиёсианд, дар баробари ин равандҳо мавзеъгириҳои сиёсӣ доранд. Мавзеъгирии сиёсии гуруҳи расонаҳои “ИНДЕМ” ҳамин гуна аст, ки арзишҳои давлатдории миллӣ набояд тобеи хостаҳои шахсӣ ва гуруҳӣ шаванд. Ҳатто агар онҳо хеле ҳам муҳимм ба назар бирасанд. Ҳамин буд, ки дар матлаби “Тугмаи якум” ва ҳамчунин дар матлаби дигаре дар бораи референдум мавзеъгирии “Нигоҳ-ро мо маълум кардем.
Ба муҳити расонаӣ маҷмуи омилҳо таъсир мерасонанд. Дар қадами аввал фикр мекунам, ки сабабҳои сиёсӣ нестанд. Пеш аз ҳама худи сохтори расонаӣ дар Тоҷикистон, ки дар асоси принсипҳои рақобатнокӣ сохта нашудааст ва аз нигоҳи илми иқтисод хусусияти олигополӣ (инҳисори чандҷониба ва ё тавлиди коло тавассути афрод ва ширкатҳои маъдуд - “Озодагон”) дорад. Ин ҳамчунин посух ба суоле ҳаст, ки чаро дар Тоҷикистон расонаҳои нави боқувват пайдо нашуданд. 

Ман дар ин бора матлабҳое ҳам навишта будам, дар суханрониҳоям изҳор кардам ва боз ҳам мегӯям, ки Конгресси Амрико барои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ 1 миллиону 600 ҳазор доллар ҳар сол ихтисос медиҳад, дар ҳоле ки гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” барои бахши иттилоотӣ дар ихтиёр тақрибан буҷаи 160-180 ҳазор долларӣ доранд. Аввалӣ ягон моли иттилоотии пулакӣ ба мардум пешниҳод намекунад. Чаро? Чун мақсад доранд. Дар ин ҳол баровардани моли иттилоотӣ дар бозор ғайриимкон аст. Яъне, шумо ҳар қадар моли хуб ҳам истеҳсол накунед, дар ин бозор харидор пайдо карда наметавонед. Ҳатто агар менеҷменти хуб ҳам ба роҳ монда бошед. Ҳамин аст, ки “Тоҷнюс”, “Озодагон”, “Авесто” ё “Ховар” наметавонанд дар баробари инҳо рақобат кунанд. Аз ҷониби дигар худи ҳукумат ҳам тақрибан барои “Ховар” беш аз 1,5 миллион сомонӣ ихтисос медиҳад. Молҳояш боз ҳам бепул. Дар ин ҳолат ворид шудан ба бозори ожонсиҳо дар ҳоли ҳозир сармояи 120-140 ҳазор долларро кор дорад. Яъне, як нафар агар бихоҳад, ки расонаи иттилоотӣ бисозад,  бояд дар як сол 120 ҳазор доллар ва дар се сол ҳудуди 400 ҳазор доллар масраф кунад, то ҳадди ақал 70-80 дарсади аудиторияи “Тоҷнюс”-у “Озодагон”-у “Ховар”-у “Озодӣ-ро ба даст биоварад. Ҳамчунин сармоягузори девона бо ин қадар рискҳои сиёсӣ аз тоҷикон ёфт мешавад? Албатта, не. Бинобар ин онҳое, ки дар ин муҳит кор мекунанд, воқеан қаҳрамонанд.

Сабаби дувум гуфтем, ки сиёсист. Фишор болои ин фаъолияти касбӣ зиёд аст, рискҳои сиёсии он меафзоянду нафарони хубу варзида ва донишманд аз кишвари мо ҳар сол берун мераванд. Мушоҳида кардаед, ки ҳар сол 4-5 нафар аз дӯстони гумо тарки кишвар мекунанд? Фирори мағзҳо яке аз тамоюлҳои баръалои ҷомеаи имрӯзи мост. Бинобар ин нафарони омода ба ин муҳит ворид намешаванд. Ҳамин аст ки мо 10 нафаре надорем, ки журналистикаи иқтисодии тоҷикро ташаккул диҳанд. Миллати воҳид шуда, 20 нафаре надорем, ки журналистикаи бисёррасонаиро аз худ карда бошанд. Ҳеч ниҳод, ҳеч гуруҳи саноативу молӣ ва ҳеч сармоягузоре ҳам омода нест, ки 20-30 ҳазор доллар масраф бикунад барои омода кардани журналистон, фарзи мисол дар бахши журналистикаи иқтисодӣ. Буҳрон ҳамин аст.

-Шумо як нуктаи бисёр ҷолиб гуфтед, ки чигунагии вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон ба ҳукуматсозӣ бастагӣ дорад. Аз ин суҳбати Шумо чунин хулоса кардам, дастовардҳое, ки мо дар ҷомеаи расонаӣ доштем ва ҳамин тур як сатҳи муайяни озодии баёне, ки буд, қурбони ҳукуматсозӣ шуд. Аз ҷониби дигар дар ҷомеаи мо ин сару садоҳо вуҷуд дорад, ки ҳукумат дар симои расонаҳои мустақил як нав оппозитсиюн, як навъ мухолифро мебинад. Дар ҳоле ки на аз нигоҳи илмӣ ва аз нигоҳи назарӣ дар Тоҷикистон ва умуман дар ҷаҳон расонаҳо наметавонанд оппозитсиюн бошанд. Ва тақрибан ҳеч ҳизби сиёсӣ, гуруҳҳои дигари сиёсӣ, гуруҳҳои молӣ ва ҳатто гуруҳҳои ҷиноӣ ҳам дар Тоҷикистон расонаҳоро маблағгузорӣ намекунанд ва ҳамин гуна ҳамкории расонаҳо бо ин гуруҳҳо мушоҳида нашудааст. Ҳадди ақал аз тарафи мақомоти марбутаи давлат ошкор нашудааст. Пас, сабаб чист, ки ҳукумат аз расонаҳои мустақил ин қадар меҳаросад, дар ҳоле ки мо расонаҳои бисёр камтаъсир дорем?

-Аввал ин ки табиати ҳукумати мо барои мардуми Тоҷикистон маълум аст. Ҳукумате аст, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ, баъд аз ғалабаи силоҳноки як гуруҳ бар гуруҳи дигар рӯи кор омадааст. Ба ҷуз ин, ба назари аксари коршиносон ҳукумати авторитарӣ дар Тоҷикистон ба зӯргароӣ такя мекунад. Аз фалсафаи зӯргароӣ дар ҳукумат ҳамеша ҷонибдорӣ мекунанд. Аз вижагиҳои ҳукумати феълӣ он аст, ки ҳукумати андакхондаҳост, мисли худи ҷомеаи мо. Ҳар ҳукумат аз ҳамун ҷомеа бармеояд. Ҷомеа дигар шуд, ҳукумат ҳам дигар мешавад. То соли 2009 шинохт аз расонаҳо дигар буд, баъд шакл гирифт. Соли 2012, дар ҷашни садсолагии матбуот худи ҳукумат ҳам эътироф кард, ки ин расонаҳои мавҷуда институтҳои миллиянд. Яъне, инҳо на бо оппозитсиюнанд ва на бо истилоҳи дӯстдоштаашон аз “хоҷагони хориҷӣ”, балки бо ҳамин миллатанд ва аз мушкилоти ҳамин ҷомеа мегӯянд. Ҳамин буд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ҷаласаҳои ҳукумат ба мансабдорон таъкид кард, ки шумоед, ки дар дафтарҳоятон менишинед, вале журналистонанд, ки аз ҳоли мардум мегӯянду мо мефаҳмем дар ин кишвар чӣ мегузарад.

То соли 2012 дар ҳукумати Тоҷикистон як маркази қабули қарор буд -худи Эмомалӣ Раҳмон. Эмомалӣ Раҳмон то соли 2012 ва то дараҷае имрӯз ҳам кафили озодии баён ва фаъолияти матбуоти озод аст. Агар дар соли 2012 мо як Маркази қабули қарор ва панҷ Маркази таъсиррасон ба маркази ягонаи қабули қарор доштем, дар солҳои 2014-2015 ва 2016 як ҳукумате дорем, ки аз чанд маркази қудрат иборат аст. Мушкили калидии давлатдорӣ-истифодаи қудрат, яъне дар баробари ин ё он раванд, ин ё он институт, дар баробари ин ё он фард чӣ гуна нерӯ истифода бурда шавад ё нашавад, ҳоло дар 5 ё 6 маркази тасмимгиранда қабул карда мешавад. Ҳамин аст, ки журналистон ин таҳдиду хавфу хатарҳоро эҳсос мекунанд ва қисме созишкорӣ мекунанд ва қисме, барои мисол ҳайти эҷодии “Нигоҳ мегӯянд, ки мо нашрияи давлатсолор ҳастем. Аз ҳукуматҳо ва ҳатто аз ниҳодҳои ҳукуматӣ, ки гӯиё барои пуштибонии давлат сохта шудаанд, дар ҳифзи манофеъи миллӣ камтар нестем”. Ин вазъияти ба вуҷуд омадаро дар илми сиёсат ҳукумати бисёрмарказӣ мегӯянд. Ҳамин вижагӣ рискҳои журналистон ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро боло бурдааст.

Вазифаи расонаҳо имрӯз аз ин иборат аст, то ба ҳукумати марказӣ фаҳмонем, ниҳодҳое, ки таъсиррасонанд, аксарияташон ниҳодҳои давлатӣ нестанд. Баъзе аз онҳо шахсҳои алоҳидаи наздик ба раисҷумҳуранд, ки тасмимҳои сиёсӣ мегиранд. Фарз кардем, сари бастани ин ё он сайт, таъсир расондан ва ё ба маҳкама кашидани ин ё он журналист ва ё расона. Ба ин гуна корҳо бояд хотима дода шавад. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон чаро пирӯз шуд? Чун такя ба қонуният дошт. Шурӯъ аз соли 2000 ҷиддан такя ба қонуният дошт. Боварии мардум ба қонуният, ба адолати давлат буд, ки мо тавонистем оқибатҳои ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро пушти сар кунем. Агар ҳоло ба қонуният ин ҷомеа ва ин ҳукумат хиёнат мекунанд, ҳеч тардиде нест, ки ин заъф ба шикаст оварда мерасонад. Мушкил дар ҳамин самт аст. Расонаҳо инро хеле хуб дарк мекунанд.

-Шумо мегӯйед ҳукумат бояд ба дарки ин маънӣ бирасад, ки баъзе аз марказҳои таъсиррасон кори нодурусте мекунанд ва бояд бо ниҳодҳои ҷамъиятӣ, институтҳои таъсиргузор ва аз ҷумла бо расонаҳо вориди муколама шаванд. Вале дар солҳои ахир тақрибан ҳеч муколамаеро аз ҷониби ҳукумат бо аҳзоби сиёсӣ ва ҳамин тур бо расонаҳо намебинем. Дар чунин фазо дархости чунин як муколама чӣ мантиқ дошта метавонад?

-Бубинед. То соли 2012 яке аз нафарҳои таъсиррасон ба маркази қабули қарор худи Саидмурод Фаттоев буд. Фаттоев бо ин ки дар хеле аз доираҳо ба сифати “мазори бешафоат”шинохта мешавад, ба ҳайси як нафаре, ки донишҳои нисбатан фаррох дораду ходими ҷамъиятии муҳофизакор аст, муваффақ шуд, ки эътирофи ҳамин институтҳои миллӣ дар маркази қабули қарор пайдо шавад. Ҳоло он ки роҳбарони Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур демократ набуданд. На Амиршо Миралиев ва на Матлубхон Давлатовро намешавад демократ ё  ҳатто демократмаоб гуфт. Ҳардуи онҳо ҳар лаҳза омода буданд, ки рӯи расонаҳо ва аҳзоби сиёсӣ хатти бутлон бикашанд. Дар соли 2012 бо пайдо шудани “Протоколи 32 20, ки мавҷудияти онро гуруҳе эътироф мекунанду гуруҳе не, бо пайдо шудани сиёсатҳои нав дар баробари ташаккули сиёсии динмеҳвар, мушаххасан Ҳизби наҳзати исломӣ, дар муҳити сиёсӣ ташаббус аз дасти Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур, атрофиёни ӯ ба дасти ниҳодҳои қудратӣ гузашт. Бо ин ки ташаббус ба ниҳодҳои қудратӣ гузашт, муносибатҳо ба буҳроне печид, ки имрӯз дорем. Дар муҳити сиёсӣ ташаббусро додан ба ниҳодҳои қудратӣ ва амниятӣ, агар онҳо беҳтарин шахсиятҳо бошанд ва ман шубҳае ҳам надорам, ки дар шумули онҳо хеле аз афсарони варзидае ҳастанд, ки воқеан дар хидмати давлатдории миллӣ мебошанд, иштибоҳи асосии ҳукумат аст.

-Яъне, Шумо мегӯйед, ки феълан дар Тоҷикистон дастгоҳи идеологӣ тобеи манфиатҳои ниҳодҳои қудратӣ аст?

- Бале. Аммо дар чанд моҳи охир ёвари раисҷумҳур дар масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода талошҳое дорад, ки ин ташаббусро то ҷое ба даст бигирад. Ва ин ҳам бе муқовимат бо ниҳодҳои дигари таъсиррасон аз қудратиҳо. Эҳсос мешавад, ки ҳоло нақши Шӯрои амният камранг шудааст,ки  албатта фоли нек аст, вале нақши Вазорати корҳои дохилӣ ва КДАМ ҳам дар ин самт бояд бонигаӣ шаванд. Бояд онҳо бифаҳманд, ки манфиатҳои давлатдории миллӣ болотар аз манфиатҳои имрӯза меистанд. Мо наметавонем хеле аз институтҳои миллӣ ва озодиҳое, ки дорем ва онҳо баромада аз маниши миллии тоҷикианд, мутеъи кадом як масъалаҳои сохтаю бофтаи амниятӣ гардонем. Ин кори хуб нест.

Шиканҷаи разилтарин террорист, барои ҳукумат зарурате надорад

-Бубинед, баъд аз ҳаводиси 4-уми сентябри соли гузашта ва ҳамин тур баъд аз мамнӯъ ва террористӣ эълон шудани ҲНИТ ва ҳаводиси марбут ба он, тақрибан мебинем, ки дар оғози соли 2016 ва то имрӯз фишорҳои байналмилалӣ болои Ҳукумати Тоҷикистон зиёд шуд. Ахиран ҳам намояндаи вижаи СММ ба Тоҷикистон омад ва дар нишасти хабарие, ки дошт, эълон кард вазъи озодии баён дар Тоҷикистон бисёр нигаронкунанда аст ва тавсия дод, ки Тоҷикистон аз ҳамапурсии моҳи май, ки бар асоси он ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид мешавад, даст кашад ва маҳбусини сиёсӣ раҳо карда шаванд. Мо мебинем, ки оппозитсиюни берун аз низоми Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ба ҳар гунае шакл мегиранд ва фаъолтар шудаанд. Аз назари Шумо агар фазо ва вазъият ҳамин тур давом кунад вазъи расонаҳо дар чанд соли наздик чӣ мешавад?

-Аз вижагиҳои ҳукумати феълии Тоҷикистон ҳамин аст, ки дар баробари ҳама гуна фишорҳои бегона, бинобар собиқаи хеле тӯлонии дар ҳукумат будан, имунитет пайдо кардааст. Воқеият ин аст, ки фишори байналмилалӣ сари Тоҷикистон то зуҳри 9 март набуд. Ҳатто баъди муроҷиати ҲНИТ ба чандин созмонҳо ва кишварҳое, ки кафили Созишномаи истиқрори сулҳ буданд, ҳич кишвар баёния пахш накард. Ҳич давлат дар ин бора расман изҳори назар надошт. Онҳо дар ин бора як гуна “таймаут” гирифтанд, барои он ки бубинанд дар воқеъ инҷо чӣ мегузарад. Воқеан дар ин давра вазъ дигар шуд, мутаассифона бо ин ки ташаббус дар муҳити сиёсӣ дар дасти ниҳодҳои қудратӣ буд, корҳое шуданд, ки барои Ҳукумати Тоҷикистон ҳеч зарурат надоштанд. 

Шиканҷа кардани боздоштшудаҳо, ҳатто разилтарин террорист, барои Ҳукумати Тоҷикистон зарурате надорад. Чун дар шумори миллисаҳо ва амниятиҳои тоҷик нафарони касбӣ ҳоло ҳам ҳастанд, ки метавонанд хостаҳои касбияшонро аз террористу гумонбаршудаҳо бароварда кунанд. Ҳеч зарурати латту кӯб кардани даҳову садҳо одам набуд. Ҳеч зарурати боздошт кардани чандин бародару зану хоҳару модари кӯдакони онҳо вуҷуд надошт. Зеро дар назари мардум менамояд, ки қонуният дигар вуҷуд надорад. Бубинед, вожаи ҷазои авлодӣ пайдо шуд. Ин аз чӣ мегӯяд? Аз фазои тарс. Агар мехоҳанд, ки корашонро аз тариқи тарс болои мардум бор кунанд, ин мардум дар тӯли таърих ҳамин қадар тарсидааст, ки фикр намекунам, бо ин роҳ онҳоро тарсонидан шавад. Дар якуним соли пеш дар Сурия 400 тоҷикистонӣ буд, ҳоло беш аз 1400 нафар. Агар фишороварӣ, латту кӯб, шиканҷа, кор гирифтан аз усулҳои ғайриқонунӣ натиҷа медод, магар миқдори суриямерафтаҳо се маротиб меафзуд?! Ин роҳи ҳалли масъала нест.

 

 

Тоҷикон бе озодии баён наметавонанд

-Дар ин вазъ ҳоли расонаҳо чӣ мешавад?

-Расонаҳои Тоҷикистон ҳоло ба ҳайси институти ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши филтри интизориҳои мардум аз ҳукумат ва интизориҳои ҳукумат аз мардумро мебозанд. Фикр мекунам, ҳамин гуна мавзеъгирӣ созанда аст ва ин ҳам шарти баста нашудан ва пош нахӯрдани ин институтҳо мебошад. Имрӯз бояд расонаҳо ниёзу интизориҳои мардумро ба ҳукумати иҷроия, ки кулли шохаҳои дигари ҳокимиятро зери тасарруфи худ даровардааст, расонанд. Аммо чанд сабаби дигаре ҳаст, ки дар ду соли наздик шумори расонаҳои тоҷикро кам хоҳанд кард ва сифати онҳоро тағйир хоҳанд дод. 
Аввал инқилоби технолоҷӣ. Баъд аз ду сол,  70-80 дарсади расонаҳои Тоҷикистон баста ва ё бо тироже нашр мешаванд, ки бениҳоят ночиз хоҳад буд. 

-Манзуратон расонаҳои чопӣ аст?

-Бале, матбуоти даврӣ. Барои рушди бисёрасонаӣ, ки ҳоло тренд ё тамоюли асосии соҳа ҳисоб мешавад, барои расонае мисли “Озодагон” буҷаи иловагӣ, ҳудуди 36-48 ҳазор доллар барои як сол зарур аст. Оё сармоягузори “Озодагон”, ки то ҳол ин корро аз ҳисоби маблағҳои худ мекунад, омода аст, барои пардохти он? Фикр мекунам, мушкил аст. Банда ҳам фикр мекунам, ки барои нигоҳ доштани бахши русии расона, ки ҳудуди 18-20 ҳазор доллар зарур аст, масраф кунем ё на? Оё барои рушд додани чандрасонаӣ буҷаи иловагии то 40 ҳазор долларӣ ихтисос диҳем ё на? Ин ҳама вобаста аст аз он, ки оё соҳибрасонаҳо ва журналистони мустақил боз ҳам мехоҳанд, рисолати худро давом бидиҳанд ё не? Агар ҷомеаи Тоҷикистон, қишри бедори он хоҳанд, ки ин институтҳо ҳифз шаванд, бояд бо расонаҳо бошанд.  

 Фикр мекунам, таҳдиду хатарҳои басташавӣ дар ҳоли ҳозир вуҷуд доранд ва агар ҳизби “бошаҳои ҷангӣ” дар атрофи раисҷумҳур ғалаба кунад, расонаҳо дар ду-се соли наздик аз байн мераванд. Мемонанд расонаҳои давлатие, ки бо теъдоди умумии 250 ҳазор адад нашр мешаванд, вале наметавонанд дар бозори озод 500 дона рӯзнома фурӯшанд. Дар ин  ҳолат мешавем Курёи Шимолӣ. Вале агар атрофи раисҷумҳур “ҳизби рушд” -- тарафдорони рушди миллӣ ва ҳифзи субот ғалаба кунанд, расонаҳо тақвият хоҳанд ёфт. Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2009 созмонҳои байналмилалӣ дигар барои расона ва нашрияҳои хусусӣ пул намедиҳанд. Замоне ки ин муҳит русӣ буд, онҳо озмунҳои гуногун баргузор мекарданд ва соле ҳудуди як миллион доллар ихтисос медоданд. Вале ҳоло нест, чаро? Зеро даҳгонаи расонаҳои мустақили тоҷикии Тоҷикистон расонаҳое ҳастанд, ки бинобар риояи ҳамон иерархияи мустақилиятҳо худро ҳифз кардаанд: аз ҳукумати Тоҷикистон, аз рекломдиҳандагони бузург дуранд; аз аҳзоби сиёсӣ канорагирӣ мекунанд, аз шахсиятҳои сиёсии қудратталаб дурӣ меҷӯянд.
 Барои рушди миллии Тоҷикистон яке аз шартҳои асосӣ ин таъмини озодии баён таъмин аст. Фикр мекунам тоҷикон бе озодии баён наметавонанд. Вале агар ҳизби “бошаҳои ҷангӣ” ғалаба кунаду расонаҳо аз байн бираванд, мутмаинан метавон гуфт, ки баъд аз 5-6 моҳ бори аввал дар Тоҷикистон журналистика ва адабиёти муқовимат пайдо хоҳад шуд. Мухолифини берун аз низом, ки ҳоло дар хориҷ ба сар мебаранд дар ихтиёри худ ҳудуи 80-100 нафар аз мағзҳои беҳтарини тоҷикро хоҳанд дошт. Ва бо ихтисос додани буҷаҳои камтарин нерӯи онҳоро метавонанд бар зидди ҳукумати феълӣ истифода баранд. Ҳатто гуруҳҳои иртиҷоӣ метавонанд аз инҳо истифода кунанд. 

Ҳеч гоҳ нонхӯри журналистика набудам

-Яъне, вазъе ки имрӯз ба вуҷуд омадааст ва тавре Шумо мегӯйед агар ҳизби “бошаҳои ҷангӣ пирӯз шавад, ба манфиати давлатдорӣ ва ҳукумат ҳам нест. Аммо замоне ки ману Шумо дар бораи ин вазъ суҳбат мекунем, баъзе аз мунтақидони расонаҳо мегӯянд, вазъ дар дохили худи расонаҳо ҳам бисёр хуб нест. Ба иддаои як гуруҳ мунтақидон, соҳибрасонаҳои мо нафарони муомилагар ҳастанд, ки ё бо мақомот муомила менамоянд ва ё ҳадафҳои тиҷоративу сиёсии худро вориди фаъолияти касбии расонаҳояшон мекунанд ва ҳамин тавр фаъолияти касбии расонаҳо халалдор мешавад. Ба ин чӣ назар доред?

-Дар расонаҳо ҳам одамон кор мекунанд ва аз ҳамин гӯшаву канори диёри мову шумоянд. Табиист, ки ҳамин муҳит наметавонад ба онҳо таъсир нарасонад. Мутаассифона, дар низоми Тоҷикистон, дар тарзи давлатдорие, ки мо ҳоло дорем имтиёзталабӣ ва имтиёз додан яке аз вижагиҳои ҳукумат шудааст. Ҳукумат бо шахсиятҳо, гуруҳҳо ва қишрҳои муайян бозиҳое мекунад. Масъулини Дастгоҳи иҷроия гуруҳе аз сармуҳарриронро ҳамроҳи раисҷумҳур ба сафар мебаранд ва гуруҳи дигарҳоро дур нигоҳ медоранд. Чандеро ба ҷашни Наврӯз даъват мекунанд, қисми дигарро не. Шахсе агар аз онҳо интиқод кард ба чорабиниҳои ҳукуматӣ даъват намекунанд. Ин кор сиёсаи ҳукумати феълӣ шудааст.

-Сиёсати дуруст аст ё нодуруст?

Куллан нодуруст аст. Агар мо як миллати воҳидем, агар ин давлатдории миллии тоҷикон аст, пас муносибат бо ҳама бояд дар доираи қонун ва ахлоқ сурат бигирад, на аз тариқи имтиёз додану ба худ дуру наздик кардан. Албатта мунаққидон хубтар медонанд, ки кадом соҳибрасона ва редаксияҳо чӣ гуна сиёсати редаксионӣ доранд. Вале фикр мекунам, ҳеч кореро барои як муҳлати бардавом аз хонанда ва мунаққидон пинҳон карда намешавад.

 Масъалаи фонди миллии маоши журналистон яке аз масъалаҳои муҳим аст. Ман аз рӯзе, ки соҳибрасона шудам дар ин масъала нигоҳи хос доштам. Назари мо ин буд, ки ин мардум як маоши муносиб бояд гиранд. Соли аввал барои таъсиси “Нигоҳ” хуб дар ёд дорам, ки чизе зиёда аз 43 ҳазор харҷ кардам. Яке аз бародарҳоям, ки ҳоло ҳам хона надорад, боре аз ман интиқод ҳам кард, ки “ако, Шумо ҳадди ақал пули 13 манзил дар Душанберо барои расонаҳотон сарф кардед”.

Ман аслан наметавонам дар бораи онҳое гӯям, ки соҳиби қасру кушкҳо шудаанд, чун ҳамингунаҳоро намедонам. Албатта як хонаҳое сохтаанд, як гуна манзилҳое доранд, вале бояд бидонем, ки дар журналистикаи тоҷик нафароне ҳастанд, ки журналистика барояшон танҳо тиҷорат аст. Онҳо расонаҳои тиҷоратӣ доранд. Вале дар бахши расонаҳои иттилоотӣ-сиёсӣ тақрибан ин гуна одамҳо нестанд. Бо фарқ аз кишварҳои дигари пасошӯравӣ, мисли Гурҷистон, Укроин, кишварҳои соҳили Балтик, Қазоқистон ва ҳатто Қирғизистон дар мо расонаҳоро на гуруҳҳои моливу саноатӣ, балки худи журналистон ва нафароне, ки ё ҳадафҳои сиёсӣ доранд ва ё мисли банда маорифпарварӣ таъсис медиҳанд. То соли 2013 андозаи маоши журналистон тадриҷан боло мерафт, вале бо бад шудани вазъи иқтисодиву сиёсӣ баръакс шуд, ки нигаронкунанда аст. Аз пешниҳодоте, ки дар Анҷумани тозаи Иттифоқи журналистон шуд, яке аз пешниҳодоти “Нигоҳ” ҳам ин буд, ки ҳукумат дар ин масъала бояд бознигариҳое дошта бошад ва расонаҳоро ҳадди ақал барои се сол таътили андоз бидиҳад ва барои ҳар як ҷойи кори наве, ки дар расонаҳо офарида мешавад барои ду ё се сол аз андозҳо озод намояд. 

-Шумо бо ин ки ҳудуди 10 сол мешавад дар бозор ҳастед, метавонед бигӯйед, ки расонаҳоятон худкифо шуданд ва ё аз расонаҳоятон сарват ба даст овардед?

-Борҳо ба ҳайси як нафари прогматик ҳисоб кардаам, ки дар тӯли ин солҳо ҳеч гоҳ нонхӯри журналистика набудам.

-Нондеҳ будед?

-Наметавонам бигӯям, ки нондеҳ будам. Аз нигоҳи ахлоқӣ ин кор дуруст намебуд. Ҳарчанд сару садоҳоеро мефаҳмам, ки “Дӯстов ин карду он кард” ва чун дар бораи ман сухан мекунанд аз 50-60 ҳазор доллар кам сухан намекунанд. Расонаҳои мо баъзе аз солҳо худкифо буданд ва баъзе аз солҳо зарари молӣ меоранд. Вале гуруҳи расонаҳои мо бо фарқ аз расонаҳои дигари тоҷикӣ молҳои гуногуни иттилоотӣ: шурӯъ аз мониторинг, консалтинги истротежик, машваратҳои реклом ва матлабҳои хуби тарғиботӣ, тадқиқоти журналистӣ ва чандин номгӯйи молҳои пулакии иттилоттӣ пешниҳод мекунад, ки заминаи молии фаъолияти моро фароҳам меорнд. Медонам, ки дар ду соли наздик аз муҳити расонаӣ фоида гирифтан номумкин аст, рискҳои сиёсӣ зиёданданд, вале ба ҳар ҳол омодаам ин расонаҳоро маблағгузорӣ кунам. Чун дар доираи ҳадафҳои маорифпарвонае, ки дунбол мекунам ва шояд аз ҳамин роҳ аз худ шахсият месозам, омодаам ин харҷҳоро дошта бошам. 

- Дар ҳамин вазъи ноҷӯри иқтисодиву сиёсие, ки вуҷуд дорад ва ҳам дорем дар борааш суҳбат мекунем, ҷомеа аз журналистон, аз расонаҳои мо талаботи дигар дорад. Чизи бештар, иттилооти бештар мехоҳад. Бо пӯшиши додани вазъ мавзеъгирӣ дар баробари масоили сиёсӣ ва стратегии давлат мехоҳад. Оё ҳамин талаби ҷомеа, вобаста ба ҳамин вазъ мантиқӣ ҳаст ё не?

-Фикр намекунам, ки ҷомеаи мо ҳамчунин фармоиши иҷтимоӣ дошта бошад. 

-Мушкилоти расонаҳо ҳамчунин бастагӣ дорад ба низоми расонаии Тоҷикистон ва бештар бастагӣ дорад ба низоми сиёсӣ. Вале яке аз масъалаҳои асосӣ дар роҳи рушди озодии баён ин аст, ки давлат дар ихтиёри худ расонаҳои зиёде дорад. Агар баргардем ба назарияи журнализм, назарияи озодии баён асоситарин унсури озодии баён ин аст, ки расонаҳо бояд аз ҳокимияти иҷроия озод бошанд. Аммо дар мо вазъ ҳамон гунаест, ки мебинем.

-Дар мо бинобар тафаккури коммунистӣ доштани хеле аз идеологҳои ҳукуматӣ ва худи марказҳои қабули қарор ҳеч гоҳе намехоҳанд озодии баён таъмин бошад, бараъкси муғулҳо, ки қонуни расонаҳояшон аз 4 модда ва 6 ҷумла иборат аст. Бубинед, Афғонистони ҷангзада, имрӯз телевизиони “Тулӯъ” мағзҳои тоҷикиро тасхир карда, нақшеро, ки дар забономӯзӣ ва ҳифзи арзишҳо дорад болотар аз ҳама расонаҳои ҳукумат аст.

5-6 НАФАР НАМЕТАВОНАД МИЛЛАТСОЗӢ КУНАД

-Ин муқаддимае гуфтам бармегардад ба низоми телевизион дар Тоҷикистон. Шумо аз низоми телевизион, ки шакл гирифтааст ва умдатан мавқеъ ва аҳдофи ҳукуматро ҳамин телевизионҳо таблиғ мекунанд ва то як андоза ҳукуматро ба мардум муаррифӣ мекунанд, розӣ ҳастед ё не?

-Ман ҳамчун тоҷик аз телевизионҳои тоҷик шарм мекунам. Ман шарм мекунам, ки баногоҳ аъробие бисёр таваҷҷуҳ кунаду гуфтаҳои бахши арабии телевизонҳои Тоҷикистонро бишнавад. Ё русе бештар аз ду дақиқа барномаи русии ахбори Шабакаи аввалро бубинад. Ин телевизион боиси шармандагии мост ва ҳам баёнгари он аст, ки то куҷо сиёсати кадрӣ ва идеологии ҳукумат заъф дорад. Ҳамчунин нишон медиҳад, ки ҳукумат омода нест, ки зарфиятҳои ақлонии миллат дар хидмати ҳукумат ва давлатдории миллии тоҷикон бошанд. Телевизиони Тоҷикистон аслан барои як кас барнома таҳия мекунад ва ин шояд ягона телевизион дар дунёст, ки сеткаи телевизионӣ надорад. Ҳар барномаеро, ки хоҳанд аз ҳар куҷои он қатъ мекунанд ва сабабш ҳам маълум аст. Ё ин нафар занг задааст ё ун нафар ё либоси касе маъқул нашудааст ё гуфтаи касе.

-Президент дар маросими ифтитоҳи ду шабакаи нави телевизионӣ изҳор дошт, ки журналистони телевизион маҳорати пасти касбӣ доранд ва бояд дар корашон тағйирот ворид кунанд. Агар ҳамин тағийроти ТВ-ро бар гардани Шумо бизананд, аз чӣ сар мекунед? 

-Аз мутақоид кардани Президент, ки телевизиони миллӣ бояд дар хидмати халқ бошад, на ҳукумати иҷроия ва пешниҳоди стротежии рушди телевизиони миллӣ барои 6-8 соли наздик. 

-Мо дар ин авохир шоҳиди як тарҳи қонуни бисёр пурсарусадо ҳам шудем, ки ба мақомоти гуногун салоҳият медод контроли расонаҳоро дар ихтиёр бигиранд, вале парлумон ин тарҳро бозпас гардонд. Фикр мекунед, пушти ин тарҳ кадом гуруҳҳое истода баданд?
-Пушти он тарҳ Вазорати фарҳанг меистод. Гуруҳе аз заъифии вазиру вазъи сиёсӣ сӯистифода карда, хостанд расонаҳои мустақилро таслими худ кунанд, аммо ба муқовимати шадид рӯбарӯ шуданду муваффақ нагаштанд.

-Оқои Саймиддин, фикр мекунам бо ин суҳбате, ки доштем тавонистем рӯйи асоситарин мушкилоти муҳити расонаии Тоҷикистон суҳбат кунем, умед мекунем ва умедвор ҳастем, ки дар Тоҷикистон муҳити солими расонаӣ шакл бигирад ва фарҳанги солими расонаӣ ба вуҷуд биояд. Расонаҳо ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ, ҳамчун институтҳои миллии таъсиррасон битавонанд дар марҳилаи гузор дар ташаккули давлати миллии мо, милатсозии мо нақши созанда ва дуруст дошта бошанд. Ба унвони охирин суол, метавонед 5 журналисти қавии тоҷикро номбар кунед? Агар имкон бошад бо номҳояшон. 

-Аввал ин ки бо истифода аз фурсат мехоҳам кулли журналистони тоҷикро ба иди касбӣ – Рӯзи матбуот муборакбод гӯям. Мо аз миллатҳое ҳастем, ки ниҳодсозӣ аз ҷанбаҳои қавии мо нест. Мутаассифона, мо ҳамеша ба фардҳо такя мекунем, ки ин яке аз заъфҳои мост. Такя ба институтҳо давлатҳо ва миллатҳоро муваффақ мекунад. Такя бояд рӯйи ниҳодҳо бошад, на рӯйи шахсиятҳо. Навобаста ба ин, дар ҳамин муҳите, ки дорем, бо ин ҳама маҳдудиятҳои сиёсиву иқтисодиву иҷтимоиву равоние, ки вуҷуд дорад ва ин ки 60-70 нафар заҳмат мекашанд ва матбуоти миллӣ месозанд ин кор шоистаи таҳсин аст. Акасарияти ин нафарҳо барои ман қаҳрамонанд. Ман намехоҳам аз 5 нафар ном бубарам, чун наметавонам аз 50 ё 500 нафари онҳо ном бубарам. Вале инҳо бояд қадрдонӣ шаванд. Ва ҳатто умед ҳам дорам. Ҷашни 25-солагии Истиқлол, ки мо дорем ҳамон гуна, ки 100-солагии матбуот тавонист ба як қуллаи эътирофи расонаҳо аз ҷониби  ҳукумат табдил шавад, метавонад дар ин муносибот калидӣ бошад. Ин шанси хуб аст, ҳам барои ҳукумат ва ҳам барои расонаҳо,  ки кушишҳои умумӣ дошта бошанд. Миллатсозӣ кушишҳои умумимиллиро тақозо мекунад, як ё ду ва 5-6 нафар наметавонад миллатсозӣ кунад. Ин ҷомеаи мост ва ҳар яки мо бояд саҳм бигирем. 

-Мо ҳам ба ин умеде, ки Шумо эътимод доред, ба суҳбати худ хотима медиҳем ва умедворем, ҳукумат ба ин тафаккур, ба ин пиндор бирасад, ки аз расонаҳо ба унвони ниҳоди миллӣ истиқбол кунад. 

-Ташаккур!

Суҳбати Иршод СУЛАЙМОНӢ

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Бародари мухтарам о ин давлатдории миллии мо аз соли 999 то 1924 кучо буд, ки Шумо мегуед бокист!
Сафсата
Шармам меояд бо ин журналистону бо ин чавобхои "маънидорона"-и рохбарони ВАО.
Як хелат як фоиз акли Дустова надорен, к...тона сухта гирифтаст! Шармат аз хокпошиву к.....си биёяд! Сафсатро ТВ-хои Шумо мегуянд чавоби коментнависони хокшап)))
Озодагон: Ин муқаддимае гуфтам бармегардад ба низоми телевизион дар Тоҷикистон. Шумо аз низоми телевизион, ки шакл гирифтааст ва умдатан мавқеъ ва аҳдофи ҳукуматро ҳамин телевизионҳо таблиғ мекунанд ва то як андоза ҳукуматро ба мардум муаррифӣ мекунанд, розӣ ҳастед ё не? Саймиддин Дӯстов: Ман ҳамчун тоҷик аз телевизионҳои тоҷик шарм мекунам. Ман шарм мекунам, ки баногоҳ “Ал-Арабия” бисёр таваҷҷуҳ кунаду гуфтаҳои бахши арабии телевизонҳои Тоҷикистонро бишнавад. Ё русе бештар аз ду дақиқа барномаи русии ахбори Шабакаи аввалро бубинад. Ин телевизион боиси шармандагии мост ва ҳам баёнгари он аст ки то куҷо сиёсати кадрӣ ва идеологии ҳукумат заъф дорад. Ҳамчунин нишон медиҳад, ки ин ҳукумат омода нест, ки зарфиятҳои ақлонии ин миллат дар хидмати ҳукумат ва давлатдории миллии тоҷикон бошанд. Мутаассифона ман фикр мекунам, ки телевизиони Тоҷикистон аслан барои як кас барнома таҳия мекунад ва ин шояд ягона телевизион дар дунёст, ки сеткаи телевизионӣ надорад. Ҳар барномаеро, ки хоҳанд аз ҳар куҷои он қатъ мекунанд ва сабабш ҳам маълум аст. Ё ин нафар занг задааст ё ун нафар ё либоси касе маъқул нашудааст ё гуфтаи касе. Аз мутақоид кардани Президент, ки телевизиони миллӣ бояд дар хидмати халқ бошад, на ҳукумати иҷроия ва пешниҳоди стротежии рушди телевизиони миллӣ барои 6-8 соли наздик.
Дустов, як нуктаи мухимро фаромуш кардед, рочеъ ба мамнуъсозии чехрахо дар шабакахои телевизиони. Чаро руихати сиёх тартиб дода, бисёрихоро ба "фонди тиллооии миллат" парт медиханд?))
Хууб, Дустов сергапира дуст медора. И мусохиба баробари як китоб асту ба кадри як чумла хам маънову мантик надора.

Шояд шумо суол ё назаре доред?