Сарвати Гулнора ва Лола Каримова баъд аз сари падарашон

Дар гузашта аз сарвати беинтиҳои ду духтари Президенти Узбакистон-Гулнора ва Лола Каримова дар матбуоти Ғарб хабару мақолоти зиёде нашр шуда буданд. Соли 2013 дар шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо бахше аз амволи фарзандони Каримовро нашр карда буданд ва гуфта мешуд, ки ин ҳоло рӯйхати комили амволи ин ду тан нест.

Чунончӣ, Гулнора Каримова чанд хона дар шаҳри Лорндони Британияи Кабир дорад ва диқиқтаринаш суроғаи ин манзилҳо  25 Chesham street, London аст.

Хонаи ӯ дар Лондон ба номи ширкати «Porchester Industries Ltd» (ҷазираҳои Виргини британиёӣ) сабт шудааст ва муассиси ин ширкат шаҳрванд Мадумаров Р.Т. аст.

Ҳамчунин дар Ҳонконг опортумоне дар маҳалли истиқоматии “Арка”, ки дар суроғаи 80A Moon Tower, The Arch, 1 Austin Road West, Kowloon, Hong Kong воқеъ аст.

Ин хонаро ширкати «RUDOLPH ALLIANCE INC» ба 36 млн доллари ИМА харидорӣ кардааст ва баъдан барои хизматҳои миёнаравон ва ҳуҷҷатгузориҳобоз 2 миллион доллар масраф кардааст. Ин ширкат низ дар ҷазираҳои Виргин сабти ном шудааст ва соҳиби он боз ҳамон Мадумаров Р.Т. мебошад.

Амволи ғайриманқул дар Аморати Муттаҳидаи Араб.

1. Виллаҳои № 31 ва № 33 (Zabeel Saray Royal Residence, Villa # 31, 33), ки дар маҷтамаъи меҳмонхонаҳои «JUMEIRAH ZABEEL SARAY» бо суроғаи Crescent Road West, The Palm Jumeirah, Dubai, United Arab Emirates, P.O.Box: 27722, Dubai, United Arab Emirates ҷойгиранд. Ин ду вилла ба номи Мусоҷонов Акмалхон Эргашҷонович ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд ва ба маблағи 36,9 миллион доллар харидорӣ шуда буданд.

2. Се опортумони №№ 4001, 4002, 4003 дар маҷтамаъи обрӯманди зисти «Bonnington, Jumeirah Lakes Towers», бо суроғаи UAE, Dubai, Emirates Hills First, Bonnington tower Bldg, penthouse 4001—4003.

3. Қитъаи замин бо арзиши 13,1 миллион доллари ИМА.

4. Ду хона дар бинои бисёрошёнаи навсохт дар минтақаи «DUBAI MARINA»-и Дубай. Арзиши 1 фути мураббаъи он:

Рӯ ба баҳр — 2900 aed (800 доллари ИМА)

Рӯ ба марин — 2800 aed (760 доллари ИМА)

Рӯ ба шаҳр — 2300 aed (630 доллари ИМА)

 

Амволи ғайриманқул дар Фаронса

1. Хонаи берун аз шаҳр дар канораҳои Порис бо суроғаи Château de Groussay rue de Versailles 78490Montfort l´Amaury, якҷо бо қитъаи замине, ки соли 2011 ба 30 миллион евро харида шуда буд. Соҳиби ин амвол ширкати «SCI Rubis International» аст, ки муассис ва идоракунандаи он боз ҳамон Мадумаров мебошад.

2. Хона дар Порис дар суроғаи: Monyry 75015 Paris (хиёбони Марешал Монори, Порис,Ил-де-Франс). Онро соли 2007 ширкати «Expoline Ltd.» (Ҳонконг) ба маблағи 30 миллион евро харид ва баъдтар ба маблағи 29 миллион евро ба ширкати «SCI Invest Servis Group» номнавис шуд. Муассис ва идоракунандаи ин ширкат низ Р.Т. Мадумаров мебошад.

3. Вилла дар Сан-Троп бо суроғаи: 34 LOT Chenarae 1, 83580 Gassin. Соли 2010 ба маблағи 2,5 млн евро аз ҷониби ширкати «SCI Invest Studio», ки муассис ва идоракунандаи он Мадумаров мебошад, харида шудааст.

Амволи ғайриманқул дар Федератсияи Русия

1. Хонаи якҳуҷрагӣ дар шаҳри Маскав, бо суроғаи кӯчаи Сивашская, 6/1, 58. Соҳиби он Мадумаров Р.Т.

Хонаи сеҳуҷраӣ дар Маскав бо суроғаи кӯчаи Красина,21, ошёнаи 1.

2. Хона ба масоҳати 420 м² бо суроғаи ш.Маскав, хиёбони Комсомол.

3. Хонаи берунишаҳрӣ дар суроғаи Вилояти Маскав, ноҳияи Одинсов.

4. Пансионат дар шаҳри Ялтаи Қрим.

4. Меҳмонхона дар Қрим, бо суроғаи шаҳри Ялта, кӯчаи Кипарисная, 50 а.

 

Амволи ғайриманқул дар Швейсария

Виллаи дуошёна дар Женева бо суроғаи 7 Chemin De La Prévôté, Cologny, Geneva. Дорои қитъаи замин ба масоҳати 2473 м². Матбуоти ин кишвар навишта буд, ки ин манзил расман мутааллиқ ба Каримова Г.И. мебошад. Онро соли 2009 ба 18,2 миллион доллар харидааст.

Амволи Лола Каримова

Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурдии Ислом Каримов чандин қасрҳои гаронарзишро дар ИМА харидорӣ кардааст. Аз ҷумла, дар Лос-Анжелес. Соли 2013 қасреро дар ин шаҳр ба маблағи 58 миллион доллар харидааст. Чанде пеш The New York Times мақолае чоп кард ва навишт, ки қасри Le Palais ин ягона манзили қиматбаҳое нест, ки Лола Каримов дар Лос-Анжелес харидааст. 

Аммо ин нашрия гуфтааст, ки ҳоло таҳқиқоти худро дар мавриди амволи ғайриманқули духтари хурдии президенти Узбакистон ба анҷом нарасонидааст.

Ҳамчуноне гуфта шуд, ин рӯйхат ҳанӯз соли 2013 интишор ёфта буд. Аз миён 3 сол сипарӣ шуд. Дар ин се сол парвандаҳо ҳам оғоз шуда буданд ва ҳоло маълум нест, ки аз ин амвол кадоме бо Лола Каримова мондаву сарнавишти онҳо баъди марги Каримов чӣ мешаванд.

Духтарбузурги Ислом Каримов аз се соли пеш гирифтори набард бо мақомоти қудративу амниятии Узбакистон аст ва ҳатто гуфта мешавад, ки дар ин гирудорҳо худи Ислом Каримов шарик буд ва маҳз ӯ духтарашро ҳабси хонагӣ фармуда буд.

 

 

Назарҳо

Амволи гайриманкул дар Фаронса. 3.по адресу ??? Ба фикрам тарчумаи калимаи адрес-ро фарумуш кардет.
Тоҷнюс, каме ба имлою мантиқу тарзи баён низ таваҷҷуҳ кун! Оё журналистони ту аз саводу дониш ягон баҳрае доранд?

Шояд шумо суол ё назаре доред?