Саидмукаррам Абдулқодирзода дар бораи қазияи “ришу ҳиҷоб” дар Тоҷикистон

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон дар як суҳбат аз нигоҳи шаръӣ риш мондан ва ҳиҷобро шарҳ додааст.

Сомонаи расмии ҲХДТ мусоҳибаеро бо муфтии Тоҷикистон нашр кардааст. Дар ин мусоҳиба аз Саидмукаррам Абдулқодирзода пурсида мешавад, ки “оид ба қазияи “ришу ҳиҷоб”, ки хеле забонзада ҳам шудааст, Шумо ҳамчун сарвари мусалмонони кишвар чӣ гуфтаниҳое доред? Масалан, оё дар ойини мо зарурияти бечунучаро ва ё “эстетика”-и мондани риш аслан вуҷуд дорад? Ахиран, пӯшиши ҳиҷоб ҳатмист?”

Посухи Саидмукаррам Абдулқодирзода: “Аз нигоҳи шаръӣ, билхоса тибқи мазҳаби ҳанафӣ мондани риш суннати муаккада аст. Аммо манзур аз гузоштани риш он нест, ки ҳеҷ мӯйе аз он кам нашавад, то тӯлу арзи он аз андоза таҷовуз намояд ва боиси азияти соҳибаш шавад, балки бояд нисбат ба ислоҳи он аз ҷиҳати арз ва тӯл низ иқдом шавад. Дар ҳадисе, ки Тирмизӣ онро ривоят кардааст, омадааст, ки баъзе аз салафи солеҳ ҳам дар арз ва тӯл риши худро ислоҳ мекарданд. Ришгузорӣ хоси танҳо мусалмонон нест, дар саросари мамолики олам одамони диндору бедин ҳам бо назардошти ақида ва ҳам бо тасаввури зебоипарастӣ ин корро раво медонанд. 

Дар фаҳми умумӣ гузоштани риш маънои босалобат будан, дорои хираду тамкинро дошт. Шахси ришдор эҳсоси эҳтироми дигаронро ба вуҷуд меовард. Аз одами ришдор ахлоқи пастро мунтазир будан имкон надошт. Аз як сӯ, гузоштан ё нагузоштани риш як масъалаи шахсӣ бошад ҳам, ба он муносибат бояд ҷиддӣ бошад. Дар замонаш Бедили бузург аз ришгузориҳои бесарҳад то ҷое нигарон низ будааст:

Ин қадар риш чӣ маънӣ дорад, 
Ғайри ташвиш чӣ маънӣ дорад…

Хуб, ҷиҳати шаръиашро гуфтем, ҷиҳатҳои дигараш пайванд дорад ба тарбия, ахлоқ ва диди инсон ба зебоӣ ва ғайра. Масъалаи ҳиҷоб низ асоси шаръӣ дорад, ки баҳсро нашояд. Бонувон, тибқи фарҳанги бостониамон, бо назардошти урфу одатҳо ва анъанаҳои либоспӯшии маҳаллӣ, вижагиҳои миллӣ ва ҳам ҷуғрофӣ либосҳои гуногун ба бар мекарданд. Яъне либосҳое доштанд, ки ҳам ҷавобгӯ ба талаботи шариат буд ва ҳам хусусиятҳои милливу ҷуғрофиро дар назар дошт. Гумроҳона пайравӣ кардан ба тарзи либоспӯшии бегона навъе аз таассуб аст, тақлиди кӯр-кӯрона ба фарҳангҳои бегона аст, инро мудом бояд ба инобат гирифт”. 

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Мухтарам муфти шумо инро гуед ки худ кадом либосро ба бар кардаед? Ва оилаи шумо чи либос мепушад?
Ин муфти хам дар мех мезанад ва хам дар наъл. Яъне сиесати хукуматро чори карда истодааст ва кушиши бемуваффакона карда истодааст то исбот намояд, ки сиесати пешгирифтаи хукумат дар доираи шариат аст.
Аллохи мехрубон ин одамро хидоят кунад то инки хакикатро гап занад
Аллохи муттаъол Шуморо чаноби муфти ва моро дар рохи сирот-ал- мустаким хидоят фармояд, имонмоя мустахкаму номусу шучоати исломимона зиёда гардонад то ин ки дар рохи хакикати ислом бикушему ба ин восита шояд Худованди азза ва чалл гунохонамонро биомурзад. ( омин)
Пас барои чи ба президентатон як калима забон намекушоед оиди риш мондан?
BALE BARODARJON BISER HUB QAID KARDED BAROI CHI RAISI JUMHURO I N SUHANORA NA MEGUYAD
Агар чаноби уламо гуяд, ки мусулмони танхо дар риш асту халос боваркунед.....?

Шояд шумо суол ё назаре доред?