Бозорҳои калони Душанбе баста шуданд

Бо дастури шаҳрдории Душане бозорҳои шаҳр аз субҳи 6-уми сентябр то 10-уми сентябр баста шудаанд.

Ба гуфтаи масъулиши шаҳрдорӣ, ҳадаф  аз таътил эълон кардан дар кори бозорҳоро ба таҷлили ҷаҳни Истиқлол рабт доданд, ки ба хотири ором гузаштани ҷашн чунин тасмим гирифта шудааст. 

Субҳи 6-уми сентябр бозорҳои калонтарини шаҳри Душанбе аз қабили “Саховат”, “Корвон”, “Шоҳмансур”, “Сулони Кабир” ва марказҳои тиҷоратии “Панҷшер” ва “Ганҷина” дари худро ба рӯи харидорон боз накарданд. 

Аксари бозорҳои шаҳри Душанбе дар як моҳ 1 ё 2 маротиба ба хотири рӯзҳои санитарӣ баста мешаванд, аммо якбора баста шудани дари ҳамаи бозорҳо ҳодисаи нодир аст.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Окибати нотенчи бародархо хамин хел мешавад. Худо нигах дорад, набошад мактабу донишгох ва дигар артерияхои зиндаги оста-оста баста мешаванд...
Худо нишон надихадееее ! ! ! !

Шояд шумо суол ё назаре доред?