Сафари Сироҷиддин Аслов ба Узбакистон

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои ширкат дар 43-юмин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ ба шаҳри Тошканд сафар кард.

Дафтари матбуоти ВКХ мегӯяд,  Сироҷиддин Аслов дар ин ҳамоиш суханронӣ намуда, ҳамчунин бо бархе аз ҳамтоёнаш аз кишварҳои исломӣ мулоқот анҷом медиҳад.

Нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишвари узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, рӯзҳои 18-19 окятбр дар шаҳри Тошканди Узбакистон баргузор мешавад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?