Сафарбеки Солеҳ: Ин бори аввал нест, ки ба доварии ҷашнвораҳо даъват мешавам

Бо дидани аксҳои коргардони шинохтаи тоҷик, барандаи чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ Сафарбеки Солеҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарк кардем, ки дар кадом синамоҷашнворае ҳузур дорад, ки ҷузъиёташро зиёд ифшо накардааст. Ва бо ҳамин савол ба ӯ муроҷиат кардем.

Тojnews: Сафарбек, чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иттилоъотӣ аксҳои зиёди шумо ва ахборе дар мавриди сафари шумо ба кадом ҷашнвораи филме пахш шуд. Мехостем донем ин чӣ ҷашнвора аст ва дар куҷо?

Сафарбек Солеҳ: Ин гузоришот аз Ҷашнвораи 12-уми байналмилалии филмҳои мустанад ва телевизионии "Бо ҳам пирӯз шудем", дар шаҳри Севастополи Русия буд, ки дар он асосан филму сериалу, барномаҳои ҷадиди мавзӯъи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва соири ҷангҳои баъдиро ба маърази намоиш гузошта буданд. Албатта, филмҳое дар мавзӯоти доғи иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангиву ахлоқӣ низ кам набуданд.

Тojnews: Шумо низ бо филматон иштирок доштед?

Сафарбек Солеҳ: На, ман аъзои ҳайати доварони Ҷашнвора будам.

Тojnews: Хеле ҷолиб. Чӣ хел шуморо ба доварӣ дар як кишвари хориҷа пазируфтанд? 

 Сафарбек Солеҳ: Иттифоқан ин бори аввал нест, ки ман аъзои доварони ҷашнвораҳо даъват мешавам. Дар ҷашнвораҳое дар Фаронса, дар Ҳинд, дар Итолиё ва ғайра аъзои жюри будам ва ин таҷрубаро дорам. Дигар ҳам ман аз соли 2006 барандаи ҷоизаи коргардонони Русияам. Аз феврали имсол (2016), академики Академияи телевизиону радиои Авруосиёам. Аз осори ман аҳли синамои Русия огоҳанд.

Тojnews: Пас ҳатман филмҳои хуб дидед?

Сафарбек Солеҳ: Бале имкони мусоиде буд, барои тамошои филмҳои нав. Ҳар рӯз аз субҳ то шом доварон бояд барномаи мусобиқаро бинанд. Филмҳои ҷолибу диданӣ кам набуд. Барои иштирок дар ҷашнвора доиман филмҳои сазоворро интихоб мекунанд. Ва ин имкони хеле хубест, ки филми нав тамошо кунӣ, дар бораи онҳо нуқтаи назари худро баён созӣ.

Тojnews: Намояндаи кадом кишварҳо буданд ва кӣ ин созмондиҳандаи ин ҷашнвора кист?

Сафарбек Солеҳ:  Аз Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Литва, Эстония, Украина, Ҷумҳурии Чех, Русия, Белорус, Ҳолланд, Чин, Қазоқистон ва ғайра.

Созмондиҳандагони Ҷашнвора Академияи телевизиону радиои Авруосиё, Иттифоқи синамогарони Русия, Вазорати фарҳанги Русия, шаҳрдории Маскав ва Севастопол ва як теъдод ширкатҳои хусусӣ ва бонкҳои Русия буданд.

Президенти Ҷашнвора коргардони машҳур, барандаи Оскар Владимир Меншов ва директори он Валерий Рузин буданд. Албатта, дар барномаи ҷашнвора мизҳои мудаввари баҳсу таҳлил, конфронсу мулоқоту суҳбат бо офарандагони филмҳо низ доир шуданд. Ба аъзогии доварон (жюри) ходимони машҳуру номдори соҳаи синамову телевизион аз кишварҳои мухталиф интихоб шуда буданд. Қобили зикр аст, ки имсол дар Русия соли СИНАМО эълон шуда. Соли гузашта 2015 соли АДАБИЁТ буд. Маблағҳои бузурге ба ин соҳа ихтисос дода шудааст ва натиҷаҳояш низ маълум аст, ки назаррас хоҳад буд.

Тojnews: Аз Тоҷикистон ҳам касе бо филмаш ширкат дорад?

Сафарбек Солеҳ: На, аз Тоҷикистон касе ширкат надорад Не хеч кас даъват нашуда буд. Он ҷо баъди ин ки филматон интихоб шуд, даъват мешавед.

Тojnews: Метавон гуфт, ки филмеро интихоб накардаанд?

Сафарбек Солеҳ: На. Ман 1-2 филми тоҷикиро низ бо худ бурда будам, лек чун аллакай барномаҳо таҳия шуда буданд, онҳоро имкони намоиш додан нашуд. Ман низ зиёдравӣ накардам, зеро як навъ фишор ба ҷашнвора мешуд, чун ман аъзои доварон будам.

 

Назарҳо

Чи чои таъриф? Чи дар фестивали Канн аъзои доварон буди?
Акаи Сафарбек хамаи гуфтагит нагзу, вале ягон филматро надидаему надиданду намедонанд. Чи филме гирифтед, ки мардум онро донанд. Як филми хучрагии Комил Ёрматов буд соли гузашта, ки гайри рекламаи худат дигар чизе набуд.Хайр гуфти худатон "Итари бадам не-да."

Шояд шумо суол ё назаре доред?