Садамаи маргбори шаҳрванди Қирғизистон дар Б.Ғафурови Суғд

Шаҳрванди Қирғизистон бо "Мерседес-Бенс"-аш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд пиёдагардро зада, осебдида дар беморхона ҳалок шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодиса дирӯз 12-уми май, тахминан, соати 13 дар роҳи нақлиётгарди “Овчиқалъача-Ғафуров”-и ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд рух додааст.

Сокини 33-солаи Қирғизистон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, марди 44-сола, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.

Дар натиҷа ҳам ронанда ва ҳам пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Пиёдагард дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?