Садамаи автобуси муҳоҷирони тоҷик дар Қарағанда

Автобусе дар Қозиқистон ба садама дучор шудааст, ки дар он 57 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия сафар мекардаанд.

Ба навиштаи расонаҳои қазоқӣ, ҳодиса 25-уми декабр дар роҳи Қарағанда-Балхаш ба вуқуъ пайвастааст. Ронандаи автобус низ шаҳрванди Тоҷикистон будааст, дар самти шаҳри Бишкеки Қирғизистон ва Томски Русия мусофир мекашондааст.

Тибқи хабари расонаҳо, автобус ба самти муқобили роҳ бародама ба худрави Mitsubishi Galant бархӯрдааст. Ба ҷуз аз ронандаи автобус ва дигар мусофирони он осеб надидаанд.

Вале мусофирони худрави Mitsubishi Galant ва ронандааш ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Нисбат ба ронандаи автобус, шаҳрванди Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Copyright © 2014 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?